Эмомалӣ Соҳибов, падари се кӯдак мегӯд, наметавонад фарзандони худро ба осонӣ бубинад. Ин сокини шаҳри Душанбе якуним сол пеш дар пайи муноқишаву ҳамдигарнофаҳмӣ аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Иддао дорад, ки ҳамсари собиқаш ба кӯдакон иҷоза намедиҳад, ки онҳо падарашонро бубинанд. Ин мард бо оилаи ҷудошудаи ҳамсари собиқаш дар як маҳалла зиндагӣ мекунад ва гоҳо тасодуфан бо фарзандонаш дар кӯча мулоқот мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
"Дар роҳ медидамашон, аз ман мегурехтанд. Чанд бор пурсидам, ки «чаро ин хел мекунед»? Мегӯянд, «модарам намемонад. Мо, ки наздат биёем, моро мезанад». Як бор дар бадании писари хурдиям осори латту кӯбро дидам, пурсидам, ки «чӣ шудааст?”, гуфт, “модарам бо сими "зарядник", зад», гуфт, “ин ҷо омадам, апаам хабар дод кард, очаам маро зад, ки чаро падаратро дидӣ".
Модари кӯдакон чунин иддаоро рад намуд, аммо аз суҳбати бештар низ дар ин бора худдорӣ кард.
Падари кӯдакон пас аз мушоҳидаи осори зӯроварӣ дар бадани фарзандон ба додгоҳ шикоят бурд, вале, ба гуфтааш, шикояташ ҷиддӣ гирифта намешавад.
Равоншиносон ҳушдор медиҳанд, ки азҳампошии хонаводаҳо худ ба зиндагии кӯдакон бетаъсир намемонад, вале бо ин вуҷуд, фарзандон набояд мавриди озор қарор гиранд, зеро чунин амал паёмадҳои нохуб дорад.
Ҷазо барои зӯроварӣ нисбати кӯдакон сахттар шуд
Ахиран вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муҷозот барои зӯроварӣ нисбати кӯдаконро сахттар карданд. Ҳаҷми ҷаримаи зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар ин санад аз 180-300 сомонӣ то ба 420 сомонӣ боло бурда шуд.
Як нигаронии мақомот ин аст, ки бо вуҷуди ба ҷавобгарӣ кашидани ҳазорҳо нафар барои зӯроварӣ нисбати кӯдакон, ин мушкил ҳалли худро пайдо намекунад, балки дар ҳоли афзоиш аст. Мирзоамон Рафизода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми нояб дар ҷаласаи парлумонӣ гуфт, сафи афроде, ки барои даст доштан дар зӯроварии кӯдакон муҷозот мешаванд, сол то сол бештар шуда, танҳо давоми солҳои 2019-2020 наздики 27 ҳазор нафар барои чунин амал ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
"Ҷаримаи ночиз таъсирбахш нест, бино бар ин сахтар намудани ҷавобгарӣ мувофиқи мақсад аст", - афзуд ӯ.
Баъзе огоҳон бар ин назаранд, ки омори мақомот бозгӯкунандаи вазъи воқеӣ буда наметавонад, зеро на ҳамеша масъалаи зӯроварӣ нисбати кӯдакон аз муҳити хонавода ба берун мебарояд.
Фаъолони Фейсбук падари озордиҳандаро ба полис "супурд"
Гоҳе наворҳои латукӯбу азити ноболиғон ба Интернет роҳ меёбад ва баъди сару садои зиёди корбарони шабакаҳо, мақомот барои муҷозоти озордиҳанда даст ба кор мешавад. Аз ҷумла моҳи маи соли гузашта видеои латту куби кӯдаке аз ҷониби як мард дар Интернет ба вокунишҳои зиёд рӯ ба рӯ ва ин мард боздошт шуд. Дар навор дида мешуд, ки мард кӯдаки хурдсолро бераҳмона мезанад ва пояшро ба сараш зер мекунад. Корбарон ӯро барои чунин рафтораш маҳкум карда, аз мақомот хостанд, ки ба ҷавобгарӣ кашанд. Баъди ин, мақомоти умури дохилӣ аз боздошти ӯ хабар дода гуфтанд, ки ин мард падари кӯдак будааст.
Дар Тоҷикистон дастбардорӣ сӯи кӯдак ё истифода аз таҳдиду зӯроварӣ нисбати онҳоро на танҳо дар хонаводаҳо, балки дар мактабу кӯдакистонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дидан мумкин.
Ба қавли равоншинос Маҳмадулло Давлатов, кӯдаконе, ки шоҳиди хушунат мешаванд ё худ мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд, оянда аз онҳо анҷоми ҳар гуна амалҳои ношоистаеро интизор шудан мумкин.
"Ҳангоми чорабиниҳои маърифатӣ ба сокинон мегӯем, ки шумо нисбати якдигар зӯроварӣ мекунед, фаромӯш кардаед, ки дигар зӯроварҳоро низ тайёр карда истодаед, ки оянда нисбати дигарон чунин муносибатро раво мебинанд. Дар хонаи падару модар фақат рафтори агрессивӣ бошаду меҳру гармии эҳсосотӣ набошад, шахсиятҳое ба воя мерасанд, ки нисбати атрофиён муносибатҳои бераҳмонаро раво мебинанд", - гуфт равоншинос.
Ҳарчанд вакилони Маҷлиси намояндагон ва мақомот бовар доранд, ки афзоиши ҷарима метавонад боиси коҳиши зӯроварӣ нисбати ноболиғон шавад, равоншиносон дар ин бора назари дигар доранд.
"Бо шахси зӯровар кор бояд кард"
Маҳмадулло Давлатов ба ин назар аст, ки муҷозот танҳо роҳи ҳалли масъала нест, дар баробари ин роҳу усулҳои дигаре бояд ба кор бурд.
"Корҳои фаҳмонидадиҳӣ бояд зиёд шавад. Дар мо чунин аст, ки бештар ҷабрдидагон ба машварат ҷалб мешаванд, вале онҳое, ки нисбати кӯдакон зӯроварӣ кардаанд, аз ин дур мемонанд, бо зӯровар бештар кор кардан лозим, то такрор накунад", - гуфт Маҳмадулло Давлатов.
Созмонҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи маданӣ қаблан ҳам аз мавридҳои хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон, истифода аз нерӯи кории онҳо, камбуди ғизои атфоли тоҷик, бо далели муҳоҷирати меҳнатӣ дур будани онҳо аз волидон нигаронӣ кардаанд.
Бо вуҷуди интиқодҳо аз нақзи ҳуқуқи кӯдак ва нигарониҳо аз озору азияти ноболиғон, мақомот дар изҳороти расмии худ аз пешравӣ дар роҳи пешгирӣ ин мушкил гузориш медиҳанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ гуфтааст, барои беҳбудии вазъи ҳуқуқи кӯдак дар доираи барномаву чорабиниҳояш як қатор корҳоеро анҷом додаанд, ки ба қавли масъулони ин ниҳод, гувоҳӣ аз таваҷҷӯҳ нисбати ин қишри ҷомеа аст. Ҳарчанд бархе огоҳон ва намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ташаббусҳои мақомотро нокофӣ ҳисобида, пайваста даъват ба беҳбудии вазъ мекунанд.