Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе нишонаи беҳбуд. Робитаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно сард мемонанд


Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), Варзоб, моҳи июни 2021
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), Варзоб, моҳи июни 2021

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо фиристодани номае ба ҳамтоёни қирғизистонии худ хоҳони азсаргирии ҳамкориҳо шуда, аммо то ҳол посух нагирифтаанд.

Коршиносон мегӯянд, дубора барқарор кардани муносибатҳо тӯл хоҳад кашид, чун захмҳои муноқишаи моҳи апрели имсол дар сарҳад, ки ду тараф якдигарро ба сар задани он гунаҳкор медонанд, ҳанӯз шифо наёфтааст. Дар он муноқиша аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо кас куштаву захмӣ шуданд.

Тоҷикистон хоҳони ҳамкорист, Бишкек чӣ?

Аз муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон панҷ моҳ гузашт. Дар ин муддат мақомоти ду кишвар, аз ҷумла президентҳо, барои ҳалли мушкили сарҳад чанд дафъа бо ҳам суҳбат карданд, аммо зоҳиран Бишкек он чиро, ки гузашт, фаромӯш карданӣ нест.

Қирғизистон то ин дам сарҳад бо Тоҷикистонро баста; парвози ҳавопаймоҳоро манъ карда; ба донишҷӯёни тоҷик иҷозаи даромадан ба Бишкекро надодааст. Инчунин, мақомоти ин кишвар ду шаҳрванди Тоҷикистонро моҳи сентябр ба ҳабси абад маҳкум карда, се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистонро то понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум намуданд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар заминаи дубора одӣ кардани робитаҳои миёни ду кишвар "кӯшишҳое анҷом дода мешавад", вале ҷузъиёти онро фош накарданд.

Хандонгул Доробова, сардабири “Нақлиёт”, нашрияи расмии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта гуфт, "номаи расмӣ фиристода, хоҳони кушодани марз барои равоуи мошинҳо шудем, вале ҷавоб нагирифтем. Ҳоло мегӯянд, азбаски ин масъала байнидавлатӣ аст, бояд номаро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман фиристад. Ба ҳар сурат, Тоҷикистон омода аст, ки ҳаракати озоди мошинҳои ду кишварро таъмин кунад."

Мақомоти Қирғизистон борҳо гуфтаанд, ки гузаргоҳҳоро бо Тоҷикистон дар сурати ҳал шудани баҳсҳои марзӣ мекушоянд.

Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, рӯзи 12-уми августи имсол дар як нишаст дар Бишкек гуфта буд, ки "Қирғизистон аввал шуда сарҳадро набаст, балки чораҳои ҷавобӣ андешид".

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дар охири моҳи августи имсол гуфт, дар мавриди таъини беш аз 50 дарсади қитъаи баҳсӣ бо Тоҷикистон созиш ҳосил шуд, вале Душанбе онро шарҳ намедиҳад.

"Ҳимоят аз манфиати миллиро нишон медиҳанд"

Коршиносони тоҷик бовар доранд, сабаби ташаннуҷи робитаҳоро миёни ду кишвар бояд дар Бишкек ҷустуҷӯ кард.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Ба қавли Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, "роҳбарияти олии Қирғизистон барои ҳифзи манфиатҳои сиёсии худ ба ташаннуҷи робитаҳо иқдом карданд ва гумон аст, ки ба ин зудӣ Бишкек ба бозгашт ба вазъи қаблии робитаҳо омода бошад."

Муллоҷонов афзуд, ҳукумати ҳозираи Қирғизистон мехоҳад, "бо ҳар роҳ пуштибонии худро аз манфиатҳои миллӣ ба сокинонаш намоиш диҳад".

"Қадами ҷавобиро аз ҷониби Тоҷикистон надидем"

Баръакси ин, Станислав Притчин, сиёсатшиноси масоили минтақа аз Русия, ба ин назар аст, ки Тоҷикистон барои беҳбуди муносибат бо Қирғизистон қадами ҷиддӣ намегузорад.

Станислав Притчин
Станислав Притчин

"Ҷониби Қирғизистон аллакай барои паси сар кардани ихтилоф қадамҳое гирифтааст. Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) барои иштирок дар нишастҳо сафар кард ва пешниҳодҳои худро ба ҷониби Тоҷикистон супурд. Аммо аз ҷониби Душанбе то ҳол қадами ҷавобиеро мо надидаем", --гуфт Притчин.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон моҳи июн бо сафари расмӣ ва моҳи сентябр бо ҳадафи иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкорҳои Шонгҳой ба Душанбе омад.

Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) дар нишасти Душанбе хостори мудохилаи нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар ҳалли муноқишаҳои марзӣ миёни кишварҳои узви ин созмон шуд. Таалатбек Масадиқов, муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "бештаре аз президентҳо ба ин пешниҳод розӣ буданд, танҳо Тоҷикистон онро хуш напазируфт”.

Бохти иттилоотӣ?

Аммо он чи дар замони муноқишаи хунин дар сарҳад ва пас аз он танқид мешуд, хомӯшии мақомоти Тоҷикистон дар баробари ҳодисаҳо буд. Ин хомӯширо бисёриҳо "бохти Душанбе" дар "ҷанги иттилоотӣ" бо Бишкек медонанд ва ба ин боваранд, ки аксар масъалаҳо аз нигоҳи Тоҷикистон ҳанӯз норавшан мондааст.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт: "Ошкорбаёнии мақомот аз тасмимгирии шахси аввал вобаста аст. Шахси аввал ҳазору як кор дорад ва то иҷозаи ӯро нагиранд, мақомоти поёнӣ иттилои дақиқ паҳн намекунанд. Дар натиҷа, аз музокироти марзӣ бо Қирғизистон ҷониби Бишкек иттилои ба кишвари худаш фоидаоварро пахш мекард, ки на ҳамеша ба фоидаи Тоҷикистон буд."

"Муҳим, бояд чунин музокирот кард, ки дари идомаи гуфтушунид баста нашавад. Ҳарчанд ин кор аз ҷониби Тоҷикистон ҳам вобаста нест, зеро мо ташаббускори манфӣ шудани робитаҳо набудем", -- мегӯяд таҳлилгари тоҷик Шералӣ Ризоиён.

Шералӣ Ризоиён
Шералӣ Ризоиён

Вай афзуд, "як рӯз не, як рӯз муносибатҳо дубора хуб мешаванд, аммо барои расидан ба он вақти зиёд меравад".

Мавқеъҳои ба ҳам зидди ду ҳамсоя ба "Толибон"

Бар илова, мушкили дигаре, ки ҳоло Тоҷикистону Қирғизистонро дар муқобили ҳам гузоштааст, гуруҳи "Толибон" аст, ки назорат бар Афғонистонро ба даст дорад.

Дар нишасти Душанбе Содир Ҷабборов хостори муколама бо “Толибон” дар Афғонистон шуд, вале Душанбе мухолифи ҳар гуна робита бо ин гуруҳи тундрав аст. Пас аз он, 23-юми сентябр, Таалатбек Масадиқов, муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон дар Кобул бо сарони ҳукумати "Толибон" мулоқот кард.

Таҳлилгари қирғиз Анвар Аҷиев дар ин робита навишт, чунин мавзеъгирии Бишкек комилан зидди мавзеъгирии Душанбест ва рӯшан нест, ин сафар ба Кобул бо шарикони Қирғизистон дар СПАД ва СҲШ ҳамоҳанг шудааст ё ташаббуси мустақилонаи Бишкек аст.

XS
SM
MD
LG