Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ шуд, ки нархи роҳкиро боло рафт? Вазорат – розӣ, сокинон – норозӣ. ВИДЕО


Як истгоҳи таксиҳо дар Душанбе
Як истгоҳи таксиҳо дар Душанбе

Нархи роҳкиро аз Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон гарон шудааст. Агар дар гузашта арзиши сафар аз пойтахт ба Кӯлоб 40-50 сомонӣ буд, ҳоло 60-70 сомонист. Роҳкиро аз Душанбе ба Рашт аз 50-60 сомонии пешина ба 100 сомонӣ расидааст. Сокинон аз гаронӣ ва бепулӣ шикоят мекунанд, ронандагону мақомот далели худро доранд.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, афзоиши нархи роҳкиро аз пойтахт ба минтақаҳои дигар бо онҳо мувофиқа шудааст. Як намояндаи вазорат гуфт, “чунин тағйирот ба болоравии нархи газу бензин вобастааст”.

Ронандаҳо мегӯянд, агар нархро тағйир намедоданд, ба зарарашон буд. Онҳо бар инанд, ки ҳар замоне газу бензин арзон шуд, омодаанд, нархи роҳкироро поин биоранд. Баъзе аз сокинон бовар надоранд.

Хуршед Нурмадов, ронандаи таксӣ дар масири Душанбе-Кӯлоб, рӯзи 7-уми сентябр гуфт, гоҳе мусофирон бо онҳо даъво мекунанд, ки чаро нархро якбора боло бурдаанд. «70-80 сомонӣ гӯем, ҷанг мекунанд. Мегӯянд, беинсофед. Рафта бинед, газу бензин чанд сомонӣ шудааст, магар он аз рӯи инсоф аст? Бегоҳӣ ба хона меравем, кӯдакони мо ҳам мепурсанд, ки чӣ овардӣ?" – гила кард ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Чӣ шуд, ки нархи роҳкиро боло рафт?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Рӯзҳои охир истгоҳи таксиҳои самти Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Хоруғ камодаманд. Ронандаҳо нақл карданд, ки пас аз гаронии нарх равуои сокинон ба минтақаҳо ё баръакс аз минтақаҳо ба пойтахт кам шудааст. Як нигаронии ронандаҳо ин аст, ки баъзан рӯзҳо мунтазири мусофир мемонанд.

Роҳи Душанбе-Хоруғ дарозтарин аст ва афзоиши нархи бензин ба арзиши сафар таъсир кардааст. Нархи роҳкиро дар ин масир то 350 сомонӣ ва дар баъзе ҳолат аз он ҳам гаронтар мебошад.

Бо фарқ аз истгоҳҳои дигар, бозори таксиҳои Душанбе-Хуҷанд гарм аст. Ҳусниддин Бобоев, ки нияти аз Душанбе ба Хуҷанд рафтанро дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, "қаблан роҳкиро дар ин масир 80-100 сомонӣ буд, ҳоло зиёда аз 150 сомонӣ шудааст".

Ӯ гуфт, нарх гарон аст, вале ночор аст, ки аз хадамоти таксиҳо истифода кунад. Аз тарафи дигар, гуфт ӯ, ронандаҳоро низ дарк мекунад, «зеро хароҷоташон ба маротиб афзудааст». Роҳи Душанбе-Хуҷанд ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба арзиши роҳкиро бетаъсир нест.

Истгоҳи таксиҳо дар Душанбе
Истгоҳи таксиҳо дар Душанбе

Шикоятҳо аз гаронии нархи роҳкиро дар чанд ҳафтаи гузашта аз забони сокинон бештар садо медиҳад. Миёнаҳои моҳи август нархи ба истилоҳ "таксии мардумӣ" дар пойтахт, ки пештар 5 сомонӣ буд, низ то 7 сомонӣ шуд.

Ҳафтаи гузашта чанд ширкати мусофиркашонӣ низ нархи истифодаи таксиҳои фармоиширо боло бурданд. То ин вақт ин таксиҳо барои 3 километри аввал 10 сомонӣ ва баъдан барои ҳар километр 2,5 сомонӣ мегирифтанд. Акнун мусофирон барои ду километри аввал 10 сомонӣ ва баъдан барои ҳар километр 3 сомонӣ мепардозанд.

Дар ҳоле ки гаронии нархҳо ба афзоши нархи сӯзишворӣ рабт дода мешавад, маълум нест, чунин вазъ то кай идома меёбад.

Намояндагони Хадамоти зиддинҳисории кишвар сабаби якбора болоравии нархи сӯзишворӣ ва ҳам кам шудани онро дар ҳафтаҳои охир ба гарон шудани нарх дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои содиркунанда рабт доданд. Аммо коршиносон аз ҳузури ширкатҳои монополист суҳбат мекунанд, ки ба вазъи нарху наво дар бозори сӯзишворӣ таъсир мерасонанд.

XS
SM
MD
LG