Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳару бародарро мероси падар ҷанг андохт. ВИДЕО


Гулдаста Расулова, сокини шаҳри Кӯлоб
Гулдаста Расулова, сокини шаҳри Кӯлоб

Фарзандони як корманди собиқадори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Кӯлоб пас аз фавти ӯ, барои соҳиб шудани мерос, миёни ҳам баҳси додгоҳӣ оғоз кардаанд.

Сайҳомид Расулов, ки солҳои тӯлонӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард, соли 2018 фавтид. Мушкил дар ин аст, ки ин мард замони зинда будан мероси худро қонунӣ барои фарзандон васият накардааст.

Ҳоло писар ва духтаронаш барои соҳиб шудани се манзили зист, ки аз ӯ ба мерос мондааст, ба додгоҳ ариза додаанд. Гулдаста Расулова, як фарзанди ӯ то марги падар ҳамроҳи ӯ дар хонае зиндагӣ мекард, ки ҳоло даъвоӣ шудааст. Бародари ӯ, Зоир Расулов худро вориси падар медонад ва мероси падарро соҳиб шуданист. Духтари хурдии хонавода, Рухшона низ аз ҷумлаи даъвогарон аст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Тақсими мероси падарӣ аҳли оиларо аз ҳам ҷудо кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Гулдаста Расулова мегӯяд, Додгоҳи Кӯлоб саҳми бештарро дар манзил ба бародараш додааст. Ба гуфтаи ӯ, падараш замони зинда будан намехост хонаро ба бародараш диҳад.

Падари фарзандон, Сайҳомид Расулов, ки солҳо дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ кор кардааст, соҳиби се манзили зист будааст, ки дуи он дар шаҳри Кӯлоб ва яке дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Аз Сайҳомид Расулов ду писар ва чаҳор духтар мондаанд. Се нафар соҳиби манзили худ ҳастанд, вале дар ин баҳс ба ду ҷониб тақсим шудаанд. Ду духтари хонавода ба Гулдаста ва Рухшона, хоҳарони худ ваколатнома додаанд, ки саҳми онҳо ба меросро соҳиб шаванд. Ин ҳолат сабаб шудааст, ки ду хоҳар бо бародари худ, Зоир барои тақсими мерос вориди баҳси додгоҳӣ шаванд.

Зоир Расулов, ки дар миёни хонавода додгоҳ ба судаш ҳалнома содир кардааст, қазияро нахост шарҳ диҳад. Танҳо гуфт, ки додгоҳ чӣ қароре қабул кард, аз рӯи ҳамон амал мекунад. “Тақсими мерос ин на вазифаи ман аст, на аз шумо. Ин кори суд аст. Баъди қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм дигар инро ҳеҷ кас ҳақ надорад, баррасӣ кунад, инро танҳо Суди олӣ карда метавонад.”,--гуфт ӯ.

Баҳс замоне печида шуд, ки падар қонунан меросро миёни фарзандон тақсим накард. Ҳарчанд, Гулдаста мегӯяд, падараш як моҳ пеш аз вафот ба ӯ гуфтааст, ки ба номаш барои соҳиб шудани манзил ваколатнома дуруст кардааст, вале ин санадро дар ҳеҷ ҷое пайдо накарданд.

Дар додгоҳи шаҳр ва минтақа гуфтанд, муроҷиатҳои тақсими мерос вақтҳои охир афзудааст. Ба гуфтаи масъулони додгоҳ, аз қазияи Зоир ва Гулдаст огоҳанд ва печидагии масъала сабаб гаштааст, ки баҳс тӯлонӣ давом кунад.

Дар бисёре аз кишварҳо тақсими мерос бо васиятнома барои он ниҳодина шуд, ки дар сурати ворис надоштани шахс бахши бузурге аз мероси ӯ ба фоидаи давлат мегузарад.

Ин ақида зиёд садо медиҳад, ки чунин қонун метавонист, пеши роҳи бисёре аз баҳсҳои меросро дар Тоҷикистон бигирад. Баҳсҳое, ки гоҳе ба хунрезӣ ҳам печидаанд.

XS
SM
MD
LG