Дар натиҷаи муноқиша дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, ки рӯзи 28-уми апрел оғоз ёфта, 29 ва 30-юми апрел идома кард, даҳҳо бинои истиқомативу иншооти иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Бодканду Лайлак тахриб шудаанд. Хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми май ба деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлак рафта, хонаҳои сӯхтаро диданд. Ягона мактаби деҳа низ вайрон шудааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон эълон кард, ки дар деҳаи Мақсат 11 хона осеб дидааст.
Деҳаи Мақсати Қирғизистон пас аз муноқишаи марзӣ
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир