Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси дохилии Tcell-ро ба додгоҳ бурданд, вале "ҷанҷол" поён наёфт. Чаро?


Сӯҳроб Ҳайитов ва Озодхон Давлатшоев
Сӯҳроб Ҳайитов ва Озодхон Давлатшоев

Сӯҳроб Ҳайитов, корманди собиқи “Тселл”, иддао дорад, ки раҳбарияти ширкат “дар пайи хусумати шахсӣ” ӯро аз вазифа ронданд ва бояд дубора дар мақоми пешинааш барқарор кунанд. Ӯ сардори шуъбаи кадрҳои ширкат буд.

Масъулони “Тселл” зердасти собиқи худро ба “харҷи ғайриҳадафмандонаи пул” айбдор кардаанд, ҳарчанд Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, дар фаъолияти Ҳайитов ҷинояте ошкор нашуд.

"Хостанд, ки маро ихтисор кунанд, вале..."

Ба қавли Сӯҳроб Ҳайитов, сардори пешини шуъбаи кадрҳои Тселл, ин баҳс моҳҳо боз идома дорад. Вай аз он нигарон аст, ки раҳбарияти ширкат хулосаи додгоҳро дар бораи бегуноҳ будани ӯ ба инобат намегирад.

Ӯ рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баҳс бо мудири кулли ширкати Тселл, Озодхон Давлатшоев, “дар мавриди меъёри қоидаҳои кор” сар задааст.

“Хостанд, ки маро ихтисор кунанд, вале аз ҷумлаи шахсоне будам, ки вазифаи маро аз байн бурдан имкон надошт. Сипас, як кумисюн таъсис дода, ба поймол кардани талаботи қонунгузорӣ айбдор карданд ва ғайриқонунӣ аз вазифа ронданд. Кумисюн боре ҳам назари маро напурсид”, -- иддао кард ӯ.

Озодхон Давлатшоев, мудири кулли ширкати Тселл (“Индиго-Тоҷикистон”), дар шарҳи мавзуъ рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан дар тарзи кори Сӯҳроб Ҳайитов камбудҳои зиёде мушоҳида мешуд. Ба қавли ӯ, мудири бахши манобеи башарӣ ё шуъбаи кадрҳо шеваи дағалонаи муомила бо кормандонро пешаи кори худ карда буд.

"Боксро дӯст медошт, дағал буд"

“Ҳайитов шахси хушунатомез аст, ҳангоми муошират аз дашному суханҳои қабеҳ истифода мекард. Барояш чанд дафъа гуфтем, ки чунин тарзи муошират дуруст нест. Ӯ дӯстдори варзиши бокс буд ва ба дуруштӣ муомила мекард. Дар хонавода низ чунин муомилаи дурушт доштааст ва модарашро аз хона чанд дафъа рондааст”, -- шарҳ дод ӯ.

Сӯҳроб Ҳайитов чунин иддаои роҳбари собиқашро беасос ва туҳмат номид. Ӯ гуфт, воқеан, боксро дӯст медорад, аммо ин навъи варзиш ба фаъолияташ таъсир надорад: “Дар муомила бо кормандон хеле демократ будам. Рондани модарам аз хона ин мавзӯи оилавӣ аст ва ба ман аслан рабт надорад.”

Дар зимн, Озодхон Давлатшоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз иттиҳомоти расмӣ нисбат ба Сӯҳроб Ҳайитов дар додгоҳ ҳарфе нагуфт. Ба бовари Ҳайитов, додгоҳ беасос будани ин иттиҳомотро собит кардааст ва ба ин далел роҳбари “Индиго-Тоҷикистон” дар ин бора изҳори назар накардааст.

Баҳс бар сари 150 ҳазор сомонӣ?

Тибқи маълумоти додгоҳӣ, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, ширкати “Индиго-Тоҷикистон” дар фаъолияти Сӯҳроб Ҳайитов ба унвони роҳбари бахши манобеи башарӣ ё шуъбаи кадрҳо “чанд мавриди суистифода аз мақомоти хидматиро ошкор кардааст”, ки боис ба зарари молӣ шудааст.

Тибқи ин манбаъ, “Ҳайитов бо шахсоне қарордоди кориро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ дароз карда, боис ба хисороти молӣ ба ширкат ба маблағи ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ шудааст”.

Зуҳро Муборова, вакили мудофеи Сӯҳроб Ҳайитов, гуфт, “чунин иддаои ширкатро додгоҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ тасдиқ накарданд”, вале ба қавли ӯ, “ҳеҷ яке аз ин ду зинаи додгоҳӣ қарор дар бораи барқарор кардани Сӯҳроб Ҳайитовро дар вазифаи пешинааш содир нанамуд”.

“Бояд таъкид кунам, ки тасмимҳои роҳбарияти ширкати “Индиго-Тоҷикистон” нисбат ба Сӯҳроб Ҳайитов саршор аз хатоҳои қонунӣ аст. Тибқи қарори Пленуми Суди олӣ ҳатто ҳамин нуктаҳо кофӣ аст, ки корманд дар вазифааш барқарор карда шавад”, -- афзуд ӯ.

Баҳси додгоҳии корманд ва корфармо дар Тоҷикистон солҳои охир ба амри маъмулӣ табдил меёбад. Вале, барканорӣ ва сипас баҳси додгоҳии як корманди баландпоя бо роҳбарияти ширкати мухобиротӣ, камсобиқа аст.

Ширкати Тселл дар Тоҷикистон соли 2001 таъсис шуда, ҳоло ба бахши аъзами муштариён хадамоти телефони ҳамроҳ ва интернет ироа мекунад. Саҳмияҳои ширкатро Бунёди Оғохон дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG