Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Доналд Трамп дар Сенати Амрико оғоз меёбад


Дар ин шиор даъват кардаанд, ки Трамп ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Дар ин шиор даъват кардаанд, ки Трамп ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тарафдории муҳокимаи дуввумбораи раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп раъй дод, вале зоҳиран ӯро ба ҷавобгарӣ намекашанд, магар ин ки теъдоди зиёди вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ мавзеъгириашонро дигар кунанд.

Рӯзи 9-уми феврал 56 вакили Сенат, палатаи болоии Конгресси Амрико ба тарафдорӣ аз муҳокимаи дубораи Доналд Трамп раъй доданд ва роҳро барои оғози ин муҳокима дар рӯзи 10-уми феврал ҳамвор карданд. Чиҳилу чаҳор вакил мухолифи муҳокимаи такрорӣ раъй доданд.

Қарор аст, имрӯз муҳокима оғоз ёбад ва дар он аксаран вакилони Ҳизби демократ мехоҳанд, Доналд Трампро ба "барангехтани ошӯб" ва ҳамлаҳо ба бинои Конгресс дар рӯзи 6-уми январ муттаҳам кунанд.

Шаш вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба демократҳо пайваста, ба тарафдории муҳокимаи Доналд Трамп рой доданд, вале барои ба қонуншиканӣ муттаҳам кардани ӯ, бояд аз се ду ҳиссаи вакилон раъйи мувофиқ бидиҳанд. Баҳс дар ин масъала ин аст, ки оё Қонуни асосии Амрико иҷоза медиҳад, як раиси ҷумҳур, ки маъмурияташ ба поён расидааст, метавонад, аз тарафи вакилон ба қонуншиканӣ муттаҳам шавад.

Вакилони Ҳизби демократ, ки дар муҳокима нақши додситонро иҷро мекунанд, рӯзи 9-уми феврал дар ҷаласаи Сенат ваҷҳу далелҳои қотеъ оварданд, вале худи Ҷумҳурихоҳон гуфтанд, вакилони дифои Доналд Трамп натавонистаанд, аз ӯ дуруст ҳимоят кунанд ва амалкардҳои берабту бенизом доштанд.

Трамп ба хашм омадааст

Бино ба гузориши расонаҳои Амрико, Доналд Трамп, ки ҷаласаи Сенатро аз қароргоҳаш дар иёлати Флорида тамошо мекард, аз ваҷҳу далелҳои хушки гуруҳи вакилонаш ба хашм омадааст. Масъулони муҳокима аз Ҳизби демократ ҳангоми суханронӣ дар оғози ҷаласа видеоҳои 13-дақиқаии иборат аз саҳнаҳои тарсноки ҳамла ба бинои Конгрессро намоиш доданд.

Ҷейми Раскин, вакили демократ ва додситони асосии муҳокима гуфт, Қонуни асосии Амрико иҷоза додааст, ки мансабдорони собиқ, ки ҳангоми иҷрои вазифа ва дар рӯзҳои охири корашон аз мақомашон суистифода кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар видео нишон доданд, ки Доналд Трамп дар ҳузури тарафдоронаш дар назди Кохи Сафед мегӯяд, "дуздиро бас кунанд". Ишораи ӯ ба иддаои беасосаш дар тақаллубкорӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 3-юми ноябр буд, ки дар он Доналд Трамп аз рақиби демократаш Ҷо Байден шикаст хӯрд. Баъд аз ин муроҷиати Трамп, тарафдорони ӯ ба самти бинои Конгресси Амрико ҳаракат карданд.

Баъди муддати кӯтоҳе ошӯбгарони тарафдори Трамп сафи маъмурони пулис дар назди бинои Конгрессро рахна карданд ва дару тирезаҳоро шикаста, ба дохили бино рафтанд. Ҷейми Раскин ба вакилон гуфт, "агар ин кор сабаби муҳокима набошад, пас, муҳокимае вуҷуд надорад." Ӯ ҳамчунин ба сенаторҳо видео ва лаҳзаеро нишон дод, ки маъмури пулис як тазоҳургарро бо зарби тири туфанг мекушад.

Вакилони Доналд Трамп ба раҳбарии ҳуқуқшиносон, Дейвид Шон ва Брюс Кастор зимни ҷаласа ин ваҷҳро оварданд, ки муҳокимаи такрорӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани Трамп мухолиф ба Қонуни асосӣ аст, зеро Маҷлиси намояндагон дар зарфи як ҳафтаи пас аз ошӯби маргбор Доналд Трампро муҳокима кард ва имкон надод, ӯ далелу ваҷҳҳои худро пешниҳод кунад. Онҳо гуфтанд, ки ҳадафи муҳокима аз мақом барканор кардани мақоме аст ва азбаски Трамп дигар раиси ҷумҳур нест, истифодаи ин муқараррот нисбат ба ӯ воҷиб нест.

Дейвид Шон гуфт, муҳокима фақат хоҳиши як тараф аст ва баёнияҳои чанде аз вакилони Ҳизби демократро мисол овард, ки аз ҳамон аввали давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ба барканор кардани ӯ аз мақом даъват мекарданд.

Вакилони дифои Трамп ҳамчунин гуфтанд, ки ба ҷавобгарӣ кашидани раиси ҷумҳури собиқ ва аз ҳаққи соҳиб шудан ба мансаби давлатӣ маҳрум кардани ӯ, ҷудоӣ дар байни мардуми Амрикоро амиқтар мекунад ва "захмҳои нав ва бузургтар" ба вуҷуд меорад. Онҳо гуфтанд, вакилони демократ мехоҳанд, бо муҳокимаи такрорӣ Доналд Трампро аз ҳаққи дигарбора пешниҳод кардани номзадиаш ба мақоми раиси ҷумҳур маҳрум кунанд.

Далелҳои хушк ва беасар

Ба гуфтаи вакилони Доналд Трамп, ҳарчӣ ки ӯ дар рӯзи 6-уми январ ва дар ҳузури тарафдоронаш дар назди Кохи Сафед гуфт, ҳаққи қонунии ӯ барои озодии баён буд ва маънии дастур додан ба ҳамла ба Конгрес набуд. Аммо далелҳои хушке, ки вакилони дифои Трамп оварданд, ба аъзои Сенат таъсири зиёде надошт ва ҳатто ҷумҳурихоҳоне, ки ба тарафдории президенти собиқ раъй доданд, маъюс шудаанд.

Тед Круз, сенатор аз иёлати Техас ва як ҳампаймони наздики Трамп гуфт, вакилони дифои раиси ҷумҳури собиқ “кори босамаре” накарданд. Линдси Граҳам, шарики дигари Трамп гуфт, намедонист, ки “Брюс Кастор бо далелҳояш чӣ гуфтанист.”

Қарор аст, муҳокимаи Доналд Трамп, ки имрӯз оғоз меёбад, камаш як ҳафта идома кунад. Додситонҳову вакилони дифо 16 соат вақт доранд, ки ваҷҳу далелҳои худро пешниҳод кунанд ва ҷаласаҳо набояд рӯзона аз 8 соат бештар идома ёбанд. Бо вуҷуди онки сенаторони зиёде аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ҳуҷум ба Конгресро маҳкум карданд, вале фақат теъдоди ангуштшумори онҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд, Трамп ба ҷавобгарӣ кашидаву муҳокима шавад. Бақия бо назардошти маҳбубияти Трамп дар байни аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ аз ин кор худдорӣ кардаанд.

Доналд Трампро бори аввал моҳи феврали соли 2020 ба қонуншиканӣ муттаҳам карданд, вале дар Сенат ин қарор қабул нашуд. Ӯро ба он муттаҳам мекарданд, ки бо дархост, аз раиси ҷумҳури Украина барои таҳқиқи амалкардҳои Ҷо Байден ва писараш аз мақомаш суистифода кардааст.

XS
SM
MD
LG