Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пуштибони покии забон рафт". Ӯктами Холиқназарро дар Душанбе дафн карданд


Маросими дафни Ӯктами Холиқназар дар Душанбе
Маросими дафни Ӯктами Холиқназар дар Душанбе

Соҳибназарони тоҷик фавти Ӯктами Холиқназар, пажӯҳишгари тоҷикро барои илми забоншиносии тоҷик талафоти ҷуброннопазир унвон карданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин пажӯҳишгар дар гузашта дар ҷамъияти "Пайванд" ормонҳои Муҳаммад Осимӣ, бунёдгузори азсаргирии робитаҳои фарҳангии ҳамзабононро идома медод.

Ӯктами Холиқназар аз чеҳраҳои шинохати забону фарҳанги тоҷик баъд аз зуҳри 11-уми январ дар 81-солагӣ фавтид ва субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе дафн шуд. Дар маросими видоъ бо ӯ чанде аз чеҳраҳои фарҳангӣ ширкат карданд ва ҷанозааш дар назди манзилаш сурат гирифт. Намояндагони мақомот ва роҳбарияти Акадмияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар маросими ҷаноза ҳузур надоштанд.

Яке аз дӯстони марҳум ба Радиои Озодӣ гуфт, се ҳафтаи охир бемор буд ва писараш Алишер барои нигоҳубини ӯ аз Русия ба Тоҷикистон омад.

Ҷумъаи Мирзо, сардабири маҷаллаи "Тоҷикистон" мегӯяд, ки 28 сол бо Ӯктами Холиқназар ҳамсоя буд. Ба эътиқоди вай, “бо даргузашти ин донишманди тоҷик, фарҳангу адабиёт, илму санъати Тоҷикистон талафоти вазнин дид."

"Устод аввалан ба унвони муҳаққиқи забони тоҷикӣ мутахассиси варзидае буданд, ки нисбат ба ҳар як навиштаи адиби тоҷик, чӣ бузургону чӣ навқаламон, ибрози назар мекарданд. Дар бораи забон ва тоза нигоҳ доштани он мақолаҳову китобҳо ва луғатҳои зиёде эҷод карда, ба ёдгор гузоштаанд. Ҳамчунин ба унвони нависанда бо повести машҳури худ бо номи "Рӯзноманигори озод", бо ҳикояҳо, бо тарҷумаи адабиёти машҳури хориҷӣ мондагор шудаанд,"-афзуд Ҷумъаи Мирзо.

Ба таъкиди ин рӯзноманигори тоҷик, Ӯктами Холиқназар дар анҷумани "Пайванд" ба ҳайси муовини аввали раис ифои вазифа кардаанд ва дар густариши робитаҳои фарҳангии кишварҳои ҳамзабон заҳмат кашидаанд. Ҷумъаи Мирзо афзуд, марҳум дар ҷамъияти "Пайванд" рисолати анҷомнашудаи Муҳаммад Осимиро идома дод.

Обид Шакурзода, муҳаққиқи тоҷик аз адолатхоҳии Ӯктами Холиқназар ёдовар шуд. Шакурзода афзуд, Ӯктами Холиқназар бо чаҳор вижагӣ дар хотираҳо боқӣ мемонад.

"Аввал, ростии кор, ростии қаламу гуфтор ва покии ниҳод. Дувум, ишқу ихлос ба ин меҳану ба ин мардуму ба озодиву ба рифоҳи ин миллат. Севум, кӯшишҳои хастанопазирӣ дар боби поккории забони модарии форсии мо. Силсиламақолаҳои гуногуни эшон, ки ба ин гувоҳ ҳастанд, аз дониши бисёр амиқ ва зебои устод Холиқназар нисбат ба забони модарӣ гувоҳ ҳастанд. Устод донандаи хуби забони русӣ, арабӣ ва туркии чағатоӣ буданд,"-таъкид кард Обид Шакурзода.

Обид Шакурзода афзуд, ки маҳз Ӯктами Холиқназар боис шудааст, ки эшон ба таҳия ва тафсири “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ иқдом кунад.

Ҷумъаи Мирзо бар ин назар аст, ки Ӯктами Холиқназар пеш аз ҳама шахси адолатхоҳ ва адолатпарвар буд ва ба ҳар як ноадолатӣ, новобаста аз он ки шинос аст ё ношинос, вокуниш нишон медод.

Пайвандони Ӯктами Холиқназар гуфтанд, писари ӯ чанд соат қабл аз фавташ аз Русия омада буд.

Ӯктами Холиқназар узви нахустин Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ ва аз бунёдгузорони созмони "Пайванд" дар умури робита бо ҳамзабонони бурунмарзӣ буд.

Соли 2000 китоби "Ғалат менависем" нашр кардааст. Муаллиф дар пешсухани китоб сабаби ба ин масъала рӯй овардани худро мегӯяд, "дарвоқеъ, ғалат гуфтан ва ғалат навиштан дар замони мо гӯё ба ҳукми қонун даромадааст. Ба истиснои ками андар кам ҳолатҳо, мо дар суханрониҳои арбоби сиёсат, аҳли илм ва гоҳе ҳам ҳатто дар суханрониҳои донишмандони риштаи забон ва адабиёт ва навиштаҳои соҳибқаламон муроот нашудани қоидаҳои сарфу наҳви забонро... мебинем."

Ӯ дар оғози солҳои 2000-ум як муддат ҳамкори Радиои Озодӣ буд. Нависанда ва тарҷумони маъруф дар соли 2005 бо хоҳиши худ аз Иттҳоди адибони Тоҷикистон хориҷ шуд.

Дар як соли ахир Ӯктами Холиқназар дувумин пажӯҳишгари забоншинос аст, ки мефавтад. Тобистони соли гузашта Баҳриддин Камолиддинов, аз донандагони хуби услуби забони тоҷикӣ бар асари гирифторӣ ба бемории COVID 19 фавтида буд.

XS
SM
MD
LG