Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савганд ё сари хам. Қасами вазирони тоҷик ба номи раиси ҷумҳур чӣ гуна гузашт? АКС

Аъзои ҳукумати Тоҷикистон баъд аз тасдиқи номзадияшон аз тарафи порлумон ба номи раиси ҷумҳур савганд ёд кардаанд. Ба иттилои расмӣ, маросим рӯзи 15-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд. Мансабдорон, ки дар рӯбарӯи президенти Тоҷикистон дар ҳоли нимтаъзим истодаанд, гуфтаанд, "манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд ва нерӯву дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд..." Савганди мансабдорон ба номи раиси ҷумҳурӣ соли 2016 ба қонун ворид шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳатмӣ шудани савганд принсип ё усули интихоби кадрҳоро аз рӯйи садоқат ба президент бештар тақвият додааст. Дар аксҳои зер бубинед, ки маросими савганд ёд кардани мансабдорони тоҷик чӣ гуна гузаштааст. (Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон)


Бахшҳо

XS
SM
MD
LG