Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беморӣ моро хонашин накард." Ҳаёти туркмантаборони Тоҷикистон дар аҳди коронавирус. ВИДЕО


Зиндагии туркмантаборони Тоҷикистон

Туркмантаборони Тоҷикистон афсӯс мехӯранд, ки роҳҳо бастаанд ва онҳо барои дидани наздикони худ ба Туркманистон рафта наметавонанд.

Ду бародар ва хоҳари Абдулазиз Анақулов, сокини ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликули собиқ) дар давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 ба Туркманистон кӯчида, он ҷо зиндагӣ мекунанд. Ӯ дар бемористони марказии ин ноҳия ҷарроҳи кӯдакон аст.

Гузориши видеоиро ин ҷо тамошо кунед.

"Беморӣ моро хонашин накард." Ҳаёти туркмантаборони Тоҷикистон дар аҳди коронавирус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Гузаштагони ин пизишки туркмантабор зодаи Тоҷикистон ҳастанд, вале замони нооромиҳо бархе аз пайвандонаш ба Туркманистон рафтанд ва он ҷо муқимӣ шуданд.

“Ҳамон вақт ҳамин хел шуд, ки бисёриҳо рафтанд. Бисёриҳо гашта омаданд ва ин ҷо кору фаъолият доранд. Ҳоло бо сабаби паҳншавии коронавирус роҳҳо маҳкам ҳаст. Роҳ кушода буд, рафтуомад осон буд ва рафта меомадем",-гуфт ӯ.

Баҳор Хизиева, муаллимаи туркмантабор аст, ки дар макаби тоҷикӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ба мактаббачагон дарс медиҳад. Ӯ Туркманистонро аз оинаи таблиғи телевизонҳои давлатии ин кишвар мебинад, ки бо вуҷуди мушкилот ва нақзи ҳуқуқи инсон, ҳамеша гузоришҳои таърифӣ нашр мекунанд.​

Туркманистон аз камтарин кишвари дунё ҳаст, ки бо вуҷуди фавти зиёди сокинон, мақомоташ мегӯянд, ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардаанд.

Баҳор Хизиева мегӯяд, наздиконаш дар ин бора суҳбат намекунанд.

“Мепурсем, ки чӣ хабар аст, мегӯянд, ки хуб аст. Дар бораи коронавирус хешовандонамон суҳбат намекунанд. Мо телевизионро тамошо мекунем, ҳама хуб аст”,-гуфт ӯ.​

Мержен Иброҳимова, сокини туркмантабори ноҳияи Дӯстӣ ҳунарманд аст. Ӯ барои занону духтарон либоси миллии туркманӣ таҳия мекунад.

Барои Мержен духтани либоси миллии туркманӣ василаи дарёфти рӯзӣ аст. Ӯ ҳунарҳои миллиашро ҳифз кардааст.

“Ман барои занону духтарон ва арусон мувофиқи дархосташон либоси туркманӣ омода мекунам. Агар мо дар Тоҷикистон ҳам зиндагӣ кунем, анъана ва ҳунарҳои миллии худро ҳифз кардаем. Дар замони коронавирус ман дар хона нишастам ва ба духтаронам духтани либоси миллиро омӯзонидам”,--гуфт ӯ.

Ҷаъмияти бузурги туркмантаборон дар ҷануби Тоҷикистон кишоварзӣ ва боғдорӣ мекунанд. Ҳайитқулӣ Ҷумъаев, сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Дӯстӣ анорбоғ дорад.

Ӯ гуфт, ки “зиндагиро аз ҳисоби деҳқонӣ пеш мебарад".

"Бо хонавода кор мекунем, ҳосили имсол хуб буд, анорҳоро ҳоло захира кардем, вақте, ки нархаш гарон шуд, мефурӯшем. Камбудӣ нест, шароитамон хуб аст”,-гуфт ӯ.

Туркмантаборон мегӯянд, дар авҷи паҳншавии коронавирус низ дар саҳро кор карданд, то ҳосил ба даст оранд.

Ҳайитқулӣ Ҷумъаев​ гуфт, ки “дар давраи каронавирус ба ҷое нарафтем ва дар саҳро кор мекардем”.

Ҷаъмияти туркманҳо дар ноҳияи Дӯстӣ, ки гуфта мешавад, ҳудуди 300 соли пеш инҷо зиндагӣ интихоб кардаанд, забону фарҳанги худро ҳифз намудаанд. Мақомоти маҳалӣ мегӯянд, ҷомеаи туркманҳо аз 10 ҳазор нафар бештар ҳастанд ва намояндагони онҳо дар ҳама соҳаҳо кор мекунанд. Онҳо бо туркманҳои Туркманистон робитаи хешутаборӣ доранд.

XS
SM
MD
LG