Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулдаста Ғуломова мегӯяд, шаҳрро бo деҳааш иваз намекунад. ВИДЕО


Гулдаста Ғуломова
Гулдаста Ғуломова

Дар Тоҷикистон ба рӯйхатгирии аҳолӣ рӯзи 15-уми октябр ба поён расид, ки маълум мекунад, чанд дар сади сокинон шаҳрнишин шудаанд. Бар асоси нуфусшумории даҳ сол пеш 70 дар сади аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Зиндагии деҳа барои як зан чӣ гуна аст? Дар ин видео бубинед:

Модари тоҷик мегӯяд, шаҳрро бo деҳааш иваз намекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Гулдаста Ғуломова 45-сола аст ва дар яке аз деҳаҳои дурафтодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Ӯ панҷ фарзанд дорад ва ҳар субҳро бо нигоҳубини гову гӯсола ва кабутару мурғҳояш оғоз мекунад.

"Якеро Ситорамоҳ ном ниҳодаам, дигариро Қаламқош. Вақте Қаламқош мегӯям, дар ҳар куҷое ҳаст, ба наздам меояд. Обу алаф медиҳам, нигоҳубин мекунам. Боз хурмову анор дорем", -- нақл кард ӯ.

Дар ҳоле ки бештари сокинон худро ба шаҳрҳо мезананд, то ҷойи кору тиҷорати муносиб пайдо кунанд, Гулдаста Ғуломова мегӯяд, дар шароити пандемия деҳа имкониятҳои фаровон дорад. Вай гуфт, дар ҳоле ки дар шаҳр баъзе аз мардум бекору дастнигар шудаанд, онҳо аз ҳисоби ҳосили ҷамъовардаи худ зиндагиро пеш мебаранд.

Аммо Ғуломова то онки ба ин сатҳ бирасад, пайроҳаҳои мушкилро гузаштааст. Соли 2015 шавҳарашро аз даст дод ва бо панҷ фарзанд танҳо монд.

Дар оғоз нигарон буд, ки онҳоро чӣ гуна калон мекунад, вале баъд аз кӯфтани дари чандин идораву кумакхоҳӣ, ҳоло қариб як гектар замини кишт дорад. Мегӯяд, дар фасли тобистон гандум ва дар тирамоҳ ҳосили ҷуворимаккаву зироатҳои дигарро ҷамъ мекунад.

"Бахше аз ҳосилро мефурӯшем ва барои зиндагии худамон харҷ мекунем. Бахши дигарро захира мекунем. Ҷуворимаккаву гандумро ба 1 сомониву 50 дирамӣ мефурушем. Дуғ мекунем, ширу қаймоқ дорем. Зиндагӣ дар деҳа ба мо маъқул аст", -- мегӯяд ӯ.

Гулдаста Ғуломова
Гулдаста Ғуломова

Қаҳарамони гузориши мо се ҳафта пеш писари калониашро оиладор кард. Акнун дар кори хона арӯс барояш мадад мекунад ва худ гоҳ бо гӯсолаҳо ва гоҳе бо кабутарҳо банд мешавад.

Даромади ҳармоҳаи Гулдаста Ғуломова аз ҳисоби деҳқонӣ то 2500 сомонӣ будааст. Мегӯяд, ба зиндагияш мерасад.

Гулдаста Ғуломова айни замон гуфт, ҳоло имкон дорад, ки дар шаҳр зиндагӣ кунад, вале бо деҳа унс гирифтааст, ҳарчанд ба қавли ӯ, оби гарму хонаи гарм ва марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ надоранд.

"Вале мо ҳам ба шаҳр меравем, баъзан барои тамошо ва баъзан барои меҳмонӣ ба хонаи наздикон. Ба мардуми шаҳр шириниву себ мебарем", -- хулоса кард ӯ.

Гулдаста Ғуломова
Гулдаста Ғуломова

Бино ба маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон, дар соли 2000 шумораи мардуми шаҳрнишини кишвар 26,7 дарсад ва мардуми деҳнишин 73,3 дарсад будааст. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба мизони бисёр каме тағйир кардааст: мардуми шаҳр 26,3 дарсад ва деҳот 73,7 фоиз.

Коршиносон мегӯянд, афроди зиёде талош доранд, ки дар шаҳр зиндагӣ кунанд, вале на ҳама метавонад аз назари иқтисодӣ ба зиндагии шаҳрӣ даст ёбад. Бархе аз сокинон далели ба шаҳр кӯчиданро ёфтани кору таҳсили беҳтари кӯдакон медонанд.

Аммо коршиноси масоили демографӣ Абувалӣ Қулов дар як суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "шаҳрҳои мо ба ҷуз Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар имконоти густардае надоранд. Шаҳрҳои боқимондаи хурд барои муҳоҷират хеле таваҷҷуҳбарангез нестанд."

XS
SM
MD
LG