Як симчӯби интиқоли нерӯи барқ дар кӯчаи "Меҳнат"-и шаҳри Душанбе овезон ва ба ҷони сокинони ин маҳалла таҳдид мекунад. Кормандони соҳаи барқ се моҳ қабл дар ин маҳалла симчӯби бетонӣ насб кардаанд, аммо то ҳол хатҳои интиқоли нерӯи барқ ба он пайваст карда нашудааст.
Симчӯби овезони садамавии шашметрӣ дар маҳаллаи наздики бозори "Меҳргон" дар кӯчаи "Меҳнат" воқеъ аст. Ин симчӯб ҳар лаҳза метавонад дар пайи боди шадид ба болои ҳавлии сокинон биафтад. Аммо, мушкили дигар ин аст, ки ноқилҳои ин симчӯб то ба замин овезон аст ва кӯдакони маҳалла бо онҳо бозӣ мекунанд.
Бархе аз сокинони кӯчаи "Меҳнат" дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз он шиква доранд, ки солҳост зери хавфи сар задани ҳодисаи нохуше аз хатҳои барқ зиндагӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, симчӯби хатҳои барқ тӯли ду соли ахир дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Гузашта аз ин, дида мешавад, ки хатҳои интиқоли нерӯи барқ ҳатто аз дохили манзили яке аз сокинон кашида шудааст.
Бекназар Шоназаров, сокини кӯчаи "Меҳнат" мегӯяд, ки кормандони барқ гуфта буданд, ки ин амр муваққатӣ аст. "Кӯдакҳо ҳар рӯз дар ҳамин ҷо кашола мешаванд. Бинед, чӣ хел аст. Мо то кай интизор шавем, ки онҳо ин симчӯбро иваз мекунанд? Баъд аз афтоданаш? Қариб 70 хоҷагӣ ҳамин симчӯбро истифода мебаранд. Бисёр хатарнок аст",-мегӯяд ин сокини кӯчаи "Меҳнат".
Дар баҳори соли ҷорӣ сокинони ин маҳалла бо ирсоли номае унвонии шабакаҳои барқии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ хостори ивази намудани ин симчӯб шуданд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ як симчуби бетонӣ насб карданд, аммо то ҳол хатҳои барқро пайваст накардаанд ва хатар барои сокинони ин маҳалла ҳамчунон боқӣ мондааст.
Даврон Сафаров, сокини дигари кӯчаи "Меҳнат" мегӯяд, ки кормандони барқ ваъда дода буданд хатҳои интиқоли барқрро ба зудӣ аз нав насб мекунанд. Аммо, то ҳол вазъ тағйир наёфтааст. "Ҳатто маъмурони Хадамоти оташнишонӣ чанд даъфа ҳушдор доданд, ки вуҷуди ноқилҳои овезон ва аз дохили манзили сокинон гузашта, хатарнок аст. Чанд даъфа ариза ҳам навиштем, бо мо сӯҳбатҳо ҳам карданд, вале симчӯбу ноқилҳои овезон ҳамчунон дар ҷойи худ ҳастанд".
Дар корхонаи "Шабакаҳои барқии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе" гуфтанд, ки аз ин мушкили сокинони кӯчаи "Меҳнат" огаҳӣ доранд. Алихон Шарифов, сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар сӯҳбати бидуни сабт гуфт, "бо сабаби карантин то ҳол фурсат надоштем хатҳои барқро ба симчӯби нави бетонӣ насб кунем". Вай афзуд, ки "дар рӯзҳои наздик ба тартиб овардан ва аз болои манзили сокинон бардоштани хатҳо барқ дар нақша аст".
Дар сӯҳбат бо сокинони кӯчаи "Меҳнат" рӯшан шуд, ки манзилҳои онҳо тибқи нақшаи бозсозии шаҳр ё ба истилоҳ "Генплан" тахриб намешаванд ва таъмини зиндагии бехатари сокинон вазифаи мақомоти салоҳиятдор аст. Аммо, ҳамасола аз манотиқи мухталифи кишвар дар бораи вуҷуди симчӯбҳову ноқилҳои хатарзои интиқоли нерӯи барқ ва ҳолатҳои садамаву маҷрӯҳ шудани сокинон аз онҳо гузоришҳо пахш мешаванд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!