Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жанна Кавелие: Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шудааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Фаронса, дар шохис ё индекси нави озодии матбуот Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, мисли соли гузашта, дар мақоми 161-ум ҷой дод.

Тоҷикистон соли 2018 дар ҷойи 149-ум буд. Дар ду соли ахир, ба қавли ин созмон, шароити кори матбуоти мустақил дар Тоҷикистон сангинтар шудааст.

Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, матбуоти Тоҷикистон дар як соли охир мушкилотеро ба монанди сензураи Интернет, бозпурсиҳои маъмурони амниятӣ, маъракаҳои афзояндаи бадномкунӣ шоҳид шудаанд.

Дар шарҳи ин вазъ Жанна Кавелие раҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмон, 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар харитаи Гузоришгарони Бидуни Марз Тоҷикистон бо ранги сиёҳ ишора карда шудааст. Ин ба маънои он аст, ки озодии матбуот дар ҳолати хеле бад қарор дорад. Соли гузашта ранги он сурх буд. Аз соли 2015 ба ин сӯ ин кишвар 45 зинаро аз даст дод. Фишори ҳукумат боис ба басташавии расонаҳои муҳими мустақил шуд ва даҳҳо журналист маҷбур шуданд аз кишвар раванд. Озори журналистон ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст. Мақомот бо истифода аз технологияҳои нав фишорро афзоиш додаанд ва дар матбуот худсензураи фаровон мушоҳида мешавад".

Жанна Кавелие гуфт, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Муҳаққиқони шохиси озодии матбуот мегӯянд, аз соли 2018 дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон ба монополияи давлат табдил шуда, барои масдудкунии дастрасӣ ба расонаҳои мустақили мисли "Азия-Плюс" аз фанновариҳои навин истифода мешавад.

"Яке дигар аз расонаҳои мавриди фишор дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Узбекистон - Радиои Озодӣ буд", - мегӯяд Жанна Кавелие.

Ӯ афзуд, "фаъолияти дафтари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон осеб дид. Радди аккредитатсия ё таҳдиди бозпас гирифтани аккредитатсия, дастрасӣ ба иттилоъ ва водорсозӣ ба худсензура аз ҷумлаи мушкилҳост. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, ки дастрасӣ ба вебсайтҳои мустақилро таъмин намоянд ва бигузоранд журналистон кори худро дар фазои амн иҷро кунанд".

Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ мегӯяд, дар бисёре аз кишварҳои саркӯбгари озодиҳои сиёсӣ дида мешавад, ки мақомот барои эҷоди монеа дар кори матбуот аз фанновариҳои нав истифода мекунанд ва монеи пешрафти озоди кори матбуот мешаванд.

Коронавирус ба озодии матбуот ҳам осеб расонд

Дар гузориши нави созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) аз бештар шудани таҳдиди коронавирус ба озодии баён дар саросари ҷаҳон ва бахусус дар кишварҳои саркӯбгаре ба мисли Чину Эрон низ ибрози нигаронӣ шудааст.

Дар гузориши солонаи созмон омадааст, "сирояти коронавирус бӯҳронҳои зиёди марбут ба матбуоти озодро ошкор ва вазъро аз ин ҳам шадидтар кард".

Ба навиштаи созмони муътабари журналистӣ, бархе аз режимҳо бо истифода аз пандемия "тадбирҳоеро ҷорӣ мекунанд, ки дар ҳаёти маъмулӣ татбиқ кардани онҳо имкон надорад". Кишварҳои диктатурии Туркманистону Кореяи Шимолӣ дар зинаи поинтарин (мақоми 180-ум)-и шохис ё индекси озодиҳои матбуот ҷой гирифтаанд.

Соли чаҳорум аст, ки Норвегия дар ҷойи аввал ва Финляндия баъди он ҷой мегиранд. Русия дар мақоми 149-ум буда, ба навиштаи муаллифон, “талошҳои назорати интернет бо истифода аз василаҳои бештар”-ро идома медиҳад.

Гузориш, инчунин, ба вуҷуди сензура дар Маҷористон (Венгрия), кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, ишора карда, гуфтааст, ҳукумати нахуствазир Виктор Орбан қонун дар бораи иттилои дурӯғинро қабул кард, ки “комилан номутаносиб ва як чораи маҷбурӣ” мебошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG