Шокирҷон Ҳакимов - муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи порлумониро қабул надорад, вале мавқеи расмиашонро Шӯрои сиёсии ҳизб эълон мекунад.
Профессор ва ҳуқуқдони тоҷик аз ҷумлаи номзадҳо ба мақоми вакили порлумон буд. Радиои Озодӣ бо Шокирҷон Ҳакимов сӯҳбати телефонӣ дошт.
Радиои Озодӣ: Назари шумо ба натиҷаҳои интихобот, ки имрӯз эълон карданд, чӣ ҳаст?
Шокирҷон Ҳакимов: “Ин аз он натиҷаҳоест, ки мо қаблан ҳам пешгӯӣ карда будем ва яке аз масоили иштирок кардан ё накардан буд ва ин чиз амалӣ шуд. Зеро ки ду намояндаи Ҳизби коммунист аз ҳавзаҳои якмандата дар мувофиқа бо раҳбарияти сиёсӣ вориди парлумон шуд. Ба ҳизбҳои аграрию ислоҳоти иқтисодӣ чор нафарӣ тариқи рӯйхат иҷозат доданд. Ба воситаи ҳавзаҳои якмандатӣ як-ду нафарӣ ворид карданд, то ин ду ҳизб ҳам заминаи таъсиси фраксияро дошта бошанд. Ин ки моро роҳ надоданд, боиси таассуф аст, чунки аз мисоли Туркманистон ва Беларус истифода бурданд, вале таҷрибаи пешқадами Узбекистонро мавриди истифода қарор надоданд. Ин аз паст будани қобилияти таҳлилӣ ва фарҳангу фаросати сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад.”
Радиои Озодӣ: Қадами баъдии шумо чӣ мешавад?
Шокирҷон Ҳакимов: “Маълумоти оморие, ки мо аз вилояти Бадахшон, ҳафт-ҳашт ноҳияи минтақаи Кӯлоби Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи Душанбе, Турсунзодаву Шаҳринаву Ҳисор ва Рӯдакӣ гирифтем, мо дар мақоми дуюм будем ва ақаллан барои ду-се нафар ҷой замина доштем. Аммо ин ки гӯё аз тамоми Тоҷикистон ва хориҷ ҳамагӣ 13 ҳазор нафар ба ҷонибдории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон раъй дода бошад, ин на асоси воқеӣ дорад, на заминаи илмӣ. Бинобар ин, фақат боиси эътироз аст. “
Радиои Озодӣ: Шумо расман эътироз менависед?
Шокирҷон Ҳакимов: “Ин ба салоҳияти Шӯрои сиёсӣ робита дорад. Ҳамчун эътироз аз ҷониби раиси ҳизб, чун мо дар ҷойҳои гуногун нишаста будем (ҳангоми эълони натиҷаҳо), тарки нишасти матбуотӣ карданд. Ҳамзамон нороҳатии мо аз он аст, ки ба журналистон ҳаққи савол доданро низ надоданд. Бо вуҷуди ин ки мардумро соати 14 дар толори бузурги Маркази таҳқиқоти стратегӣ ҷамъ карданд, вале нишастро тақрибан 1 соату 15 дақиқа дертар оғоз карданд, ки ин аз нодида гирифтани субъектҳои фазои иттилоотӣ гувоҳӣ медиҳад. “
Радиои Озодӣ: Шумо бовар доред, ки дар интихобот тақаллуб шудааст?
Шокирҷон Ҳакимов: “Бидуни шак, чунки мо дар ҳамаи мулоқоту сӯҳбатҳое, ки будем, мардум самимона қарсак мезаданд, хуб истиқбол мегирифтанд, ин аз ҳолати рӯҳиву равонии онҳо эҳсос мешуд. Вале вақте ки бо 13 ҳазор маҳдуд мешаванд, ин маълум аст, ки санадҳоро чӣ хел тартиб медиҳанд. Бо мурури замон инҳо ошкор мешаванд, вале дертар.”
Аз ин пештар Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумониро эълон кард ва ҳамонгуна ки интизор мерафт, ҳизби ҳокимро пирӯз эълон намуд.
Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссия рӯзи 2-уми март дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки аз миёни бештар аз 4 миллион раъйдиҳанда бештар аз нисфи онҳо ба тарафдории Ҳизби халқии демократӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд. Ӯ афзуд, ки дар интихобот бештар аз 86 дар сади мардум ширкат кардаанд ва 50.40 дар сади онҳо ба тарафдории Ҳизби халқии демократӣ раъй додаанд.
Ба гуфтаи Худоёрзода, Ҳизби сотсиал-демократ, ягона ҳизби мухолифи давлат, 0.32 дар сад раъйи мардумро ба даст овардааст ва ба порлумон роҳ наёфтааст. Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизб, ки изҳори умедворӣ, кард, ба порлумон роҳ меёбанд, баъди эълони натиҷаҳо, поёни нишасти хабариро мунтазир нашуд ва толорро тарк кард.
Зоиров қабл аз эълони натиҷаҳои пешакии интихобот ба Радиои Озодӣ гуфт, агар ҳизбаш порлумонӣ ҳам нашуд, аммо онҳо дар ин маъракаи сиёсӣ тавонистанд, ҳизбашонро ба мардум бештар муаррифӣ кунанд. Зоиров афзуд: "Бубинед, то моҳи декабр моро чӣ қадар мардум мешинохтанд ва ҳоло чӣ гуна маъруфият дорад."