Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 сол пеш дар кӯчаҳои Душанбе. Аксҳои таърихӣ аз "Баҳманмоҳи хунин"

12-уми феврали соли 1990 неруҳои Шӯравӣ тазоҳуроти мардумро дар Душанбе ба хун кашонданд ва дар ин воқеаҳо 26 нафар кушта шуда, зиёда аз 400 тани дигар маҷрӯҳ гаштанд.

11-уми феврали соли 1990 зимни овозаи омадани гурезаҳои арманӣ ба Душанбе ва таъмин шудани онҳо бо манзил дар биноҳои навсохт наздик ба 200 сокини Душанбе дар назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷамъ шуд. Намояндагони давлат ба назди онҳо баромаданд ва пас аз шунидани арзу шикоятҳо ваъда доданд, ки рӯзи дигар, соати 15:00 ба ин шикоятҳо ҷавоб медиҳанд. Аммо рӯзи дигар, вақте ки зиёда аз 1000 нафар дар ин майдон ҷамъ омад, раҳбарони кишвар ба назди онҳо набаромаданд. Неруҳои дохилӣ ва маъмурони амниятӣ ба пароканда кардани гирдиҳамоӣ талош карданд, аммо ин сабаби ошӯби эътирозгарон гашт. Дар натиҷаи тирандозии неруҳои амниятӣ чандин нафар дар майдон кушта шуд ва ошӯб ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр кӯчид. Дар Душанбе вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ эълон гашт. Неруҳои "Алфа" ба шаҳр ворид гаштанд, чандин шаҳрванди дигар аз тири онҳо кушта ва захмӣ шуд. Ба сурати умум дар ин воқеаҳо 26 нафар кушта ва наздики 400 тан захмӣ шуданд. Дар натиҷаи гуфтушунид бо намояндагони эътирозгарон се раҳбари аввали Тоҷикистон рӯзи 13 феврал аз мақоми худ истеъфо дода, идораи кишварро ба "Кумитаи 17" супурданд. Аммо ду рӯз баъди ин комунистон дар ҷаласаи худ истеъфои раҳбаронро рад карданд. Кумиссияи давлатии таҳқиқи ҳодиса ба натиҷа расид, ки иғвои қисме аз эътирозгарон ва куштори мардум сабаби асосии нооромиҳо шуд, вале ин таҳқиқ ба поён расонда нашуд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG