Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯдакон озодиро аз калонсолон беҳтар мефаҳманд". ВИДЕО


Нушофарин -- хонандаи синфи панҷуми яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе аст. Ӯ духтареро тасвир кардааст, ки дар синф нишаста, хоҳиши ҷавоб гуфтан ба дарсро дорад. Нушофарин бо ин расмаш ҳуқуқи духтарон ба таҳсилро нишон додааст.

Нушофарин Орифова мегӯяд, "фикр мекунам, ки кӯдак ҳуқуқи озод будан, хондан, зиндагӣ кардан ва бозӣ карданро дорад".

Нушофарин бо ҳамин расм дар қатори даҳҳо ҳамсоли дигараш дар озмуни расмҳои кӯдакона дар робита ба мавзӯи "Озодии инсон" ширкат кард.

Ӯро дар ин озмун бибияш Ҳамида Ҳалимова ҳамроҳӣ мекард. Ба гуфтаи Ҳамида Ҳалимова, волидон бояд талош кунанд, то ҳуқуқҳои фарзандонашон поймол нашавад.

"Падару модароне ҳастанд, ки аз меҳнати кӯдак истифода мебаранд. Лекин худи онҳо барои кӯдак чӣ карданд? Баъди ба дунё овардани фарзанд, волидайн бояд аввал онҳоро номи хуб, таҳсили хуб ва касби хуб диҳанд, баъд аз онҳо талаб кунанд",-мегӯяд Ҳамида Ҳалимова.

"Кӯдакон озодиро аз калонсолон беҳтар мефаҳманд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Озмуни расмҳои кӯдакони боистеъдод бахшида ба "Рӯзи байналмилалии кӯдакон" аз сӯи "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 1-уми июн дар бинои кинотеатри "Ватан", дар Душанбе баргузор шуд. Наврасони аз 3 то 18-сола ба намоишгоҳ 500 расми тасвиркардаи худро пешниҳод карданд, ки дар он ҳуқуқу озодии инсон тасвир шудааст.

Дилрабо Самадова, раҳбари "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, "аксари вақт кӯдакон озодии худро ҳамчун ҳуқуқ ба истироҳат тасвир мекунанд. Ҳоло таҳсили хонандагон дарозтар карда шудааст. Ҳоло, ки тобистон асту ҳаво гарм, бояд истироҳати кӯдакон ба роҳ монда шавад".

Мӯҳтавои расм ва истеъдоди наққошии наврасони ҷавон аз сӯи доварон баҳогузорӣ карда шуд. Ба ҳамаи иштирокчиён ифтихорнома ва тӯҳфаҳо доданд. Доварон мегӯянд, дар интихоби ғолиб ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Ба гуфтаи Фуат Галеев, яке аз доварони ин мусобиқа, аз байни расмҳои наврасон беҳтаринро интихоб кардан бисёр душвор буд ва онҳо аз рӯи муҳтавои расмҳо, ғолибонро муайян карданд. "Ман фикр мекунам, кудакон маънии озодиро хуб дарк мекунанд. Ҳатто аз калонсолон ҳам беҳтар",-афзуд Фуат Галеев.

Бино бар охирин пажӯҳише, ки аз сӯи кумитаи омори Cозмони ҷаҳонии меҳнат анҷом шудааст, аз 2, 2 миллион кӯдаки аз 5 то 17- сола дар Тоҷикистон, 23 дарсад ё 552 ҳазор нафараш вориди бозори кор шуданд.

Як таҳқиқоти тозаи Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар соли 2018 ҳам нишон додааст, ки 85 дарсади наврасон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд.

XS
SM
MD
LG