Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Доналд Туск ба Тоҷикистон. Барнома ва интизориҳо


Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо
Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо

Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск сафари худро ба Осиёи Марказӣ рӯзи 30-юми май аз Душанбе ва дидор бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои ҳукумати ин кишвар оғоз мекунад. Дар ҳамин ҳол сарони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, низ хостори мулоқот бо ӯянд.

Як мақоми аврупоӣ ва як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29-уми май гуфтанд, ин сафар "сари мушкилоти минтақавие тамаркуз мекунад, ки дар стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ зикр шудаанд", аз ҷумла – вазъ дар марзи Афғонистон, мубориза бо таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, таъмини амният, таҳкими ҳамкориҳо ва ғайра.

Туск ва мақомоти аврупоӣ ҳамчунин бо вазъи пиряхҳои Помир шинос шуда, аз баъзе минтақаҳои дигар ҳам дидан мекунанд.

Ин манбаъ, ки нахост ном бурда шавад, ҳамчунин гуфт, "азбаски тағйирёбии иқлим дар сархати сиёсатҳои ҷаҳонии ИА аст, бо хоҳиши ҷониби аврупоӣ ҳайат аз вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва кӯлҳо дар баландкӯҳ дидан мекунад."

Доналд Туск нахустин дипломати баландпояи аврупоӣ аст, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад ва аз ҳамин назар, ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, "дорои аҳамияти сиёсист".

"Ҳатто баъди сари кор омадани раҳбарони нав дар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, ки тоза интихоботи порлумониро пушти сар кардааст, сиёсати ин ниҳод тағйир намеёбад. Аз ҳамин хотир, сафари Туск ба унвони як раҳбари калони сиёсии аврупоӣ аҳамияти зиёд дорад", -- афзуд ҳамсуҳбати мо дар ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ҳоле ки мақомдорон ба пазироии меҳмони баландпояи омода мешаванд, баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, бояд раҳбари Шӯрои Аврупо бо онҳо низ сӯҳбате меорост, чун гуфтании зиёде доранд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси мустақил, рӯзи 29-уми май гуфт: "Намедонам, чаро ин бор мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро сарфи назар карданд. Умуман, вақтҳои охир ҳамин тавр шудааст. На танҳо намояндагони Иттиҳоди Аврупо, балки кишварҳои дигари ғарбӣ ҳам бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вонамехӯранд. Дар психологияи онҳо эҳтиёткорӣ пайдо шудааст, ки ба асаби ҳукумат нарасанд. Агар даъват мешудам, албатта, аз вазъи ҳуқуқи инсон сӯҳбат мекардам."

Бобоназарова афзуд, ҳоло фурсати муносиб аст, ки дар мулоқот бо сармоягузорон ва пуштибонҳои ғарбии ҳукумати Тоҷикистон дар бораи мушкилоте ба мисли ҳукмҳои тӯлонӣ, мурофиаҳои паси дарҳои баста, аз даст рафтани мустақилияти вакилони мудофеъ ва фишор ба расонаҳо сӯҳбат шавад.

"Дар бораи оппозитсия суҳбат мекардам. Чун, вақте дар ҷумҳурӣ маҷлисҳо мешавад, ягон нафар аз оппозитсия даъват намешавад. Ҳар касе, ки бо мақомот дар ягон масъала мувофиқ нест, хоин эълон мекунанд. Ин ҳам бисёр чизи муҳим аст", -- гуфт ӯ.

Кумитаи шаҳрвандӣ, наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, як созмони наздик ба мухолифини тоҷик дар Аврупо низ дар номае ба Доналд Туск хостааст, мавзӯи озодии "зиндониёни сиёсӣ"-ро матраҳ кунад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар "зиндониёни сиёсӣ" вуҷуд надоранд. Вале мухолифон ҳабси тарафдорони худро сиёсӣ медонанд.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандӣ, наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо хостем, ки Иттиҳоди Аврупо ба масъалаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бетараф набошад. Бахусус, ду фоҷеаеро, ки дар ҳафт моҳи ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон рух дод, баррасӣ кунанд. Албатта, Доналд Туск вақти кам дорад, вале як бор аз аҳволи мардум ва озодандешон, фаъолони сиёсӣ огоҳ мешуд, хуб буд."

Дилрабо Самадова, раиси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки барномаҳои худро бо маблағгузории ИА низ ба роҳ мондааст, мегӯяд: "Воқеан, Иттиҳоди Аврупо яке аз грантдиҳандагони асосӣ ба Тоҷикистон аст. Пештар ҳатман намояндаи онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбат мекарданд. Агар ин бор даъват мекарданд, масъалаи маҳбасҳоро дар миён мегузоштем, то иҷоза диҳанд, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба зиндонҳо ворид шаванд ва бо маҳбусон суҳбат кунанд. Иттиҳоди Аврупо на танҳо ба созмонҳои ҷамъиятӣ, балки ба ниҳодҳои давлатӣ низ грантҳои калон медиҳад."

Самадова мегӯяд, мушкили дигаре, ки ҳоло монеи рушди ҷомеа шудааст, дастрасӣ ба Интернет аст. Дар ҳоле ки мақомот маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳониро эътироф намекунанд, дар изҳороти мухталифи гузашта гуфтаанд, ки ба хотири амният ва мубориза бо терроризм давлат ҳақ дорад, дастрасӣ ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд кунад.

Муносибати расмии Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон соли 1992 оғоз шудааст. Кумакҳои молиявии ИА дар оғози солҳои 2000-ум ба давлати Тоҷикистон солона 20 миллион евро буд ва айни замон иттиҳод ҳар сол то 35 милион евро кумак мерасонад.

Интизор меравад моҳи июни имсол стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ қабул шавад, ки ҳамкориро дар баробари мушкилоти иқтисодиву амниятӣ, ҳуқуқи башар, гармшавии иқлим, рушди бахши энержӣ ва роҳандозии ислоҳот дар назар дорад.

Федерика Могеринӣ, роҳбари сиёсати хориҷии ИА рӯзи 15-уми май дар Брюссел ҳангоми муаррифии дидгоҳҳояш бар асоси стратегияи нав гуфт, “имрӯзҳо ин минтақа боз ҳам бештар хусусияти стратегӣ касб мекунад".

Невен Мимитса, вазири Иттиҳоди Аврупо дар умури рушду ҳамкориҳои байналмилалӣ гуфт, ИА дар солҳои 2014-2020 ба рушди бахшҳое ба мисли тақвияти қонун, муҳити зист, об, тиҷорат ва мудирияти марзҳо дар Осиёи Марказӣ беш аз 1 миллиард евро ҷудо кардааст. Мақомоти аврупоӣ гуфтанд, маблағгузорӣ дар доираи стратегияи баъдӣ тахминан 30 дарсад афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG