Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи кудакон ба озодӣ ва ҳуқуқи инсон. ВИДЕО


Тасвири раҳо шудани як парранда аз қафас, ки моли тахайюлии як навраси тоҷик аст, дар намоишгоҳе дар Душанбе ба ивази 15 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо арзиши муҳтавои ин тасвир, ки ҳуқуқу озодии инсонро бозгӯ мекунад, ба гуфтаи ташаббускорони намоиш, хеле болотар аст.

Томирис Исмоилова, хонандаи синфи шашуми мактаби рақами 20-и пойтахт бо ҳамин расмаш дар қатори даҳҳо ҳамсоли дигараш дар намоишгоҳи хайриявии кудакона дар робита ба мавзуи "Озодии инсон", ширкат кард. Намоишгоҳи расмҳои кудакони боистеъдод аз суи "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" - як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар бинои кинотеатри "Ватан" дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Як таҳқиқоти тозаи Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар соли 2018 ҳам нишод додааст, ки 85 дарсади наврасон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд.

Томириси 12-сола, ки мехоҳад ҳуқуқшинос шавад ва аз ҳаққи шаҳрвандон ҳимоя кунад ба ин бовар аст, ки ҳар инсон новобаста аз сину сол бояд озод бошад. Ин навраси тоҷик мегӯяд, дар сину соле, ки ӯ ва ҳамсолонаш ҳастанд, бояд дар бораи ҳуқуқҳои худ ҳамчун як инсон, омӯзанд.

Вай гуфт, "ман баъзан мебинам, ки ҳуқуқу озодиҳои кудакон риоя намешавад. Баъзан дастрасии онҳо ба таҳсил аз сӯи хонаводаҳояшон маҳдуд мегардад. Ё оддитарин чиз ин аст, ки духтаронро барои рафтан ба варзиш иҷозат намедиҳанд. Дар ҳоле, ки онҳо мисли писарон ҳақ доранд".

Ин навраси тоҷик ба ин бовар аст, ки ҳамсолонаш аксаран дар бораи ҳуқуқҳои худашон медонанд, аммо баъзан зери таъсири волидон наметавонанд озод бошанд. Дар ин намоишгоҳ бештари атфоли тоҷик расмҳоеро ба тамошобин пешниҳод кардаанд, ки дар ин ё он ҳолат озодиҳои онҳо маҳдуд шудааст ва онҳо вобаста ба сину соли худ ҳуқуқи инсон ва озодиҳои ӯро ба риштаи тасвир кашидаанд.

Идриси 10-сола ҳам дар ин намоишгоҳ як расми тасвир кардаашро пешниҳод кардааст, ки дар он дастони наврасе бо занҷир баста шудааст ва ӯ талош мекунад онро канад. Идрис мегуяд, ин расм бозгуи ин аст, ки "ояндаи ҳар нафар аз худаш вобаста аст".

Созмондиҳандагони ин чорабинии хайриявӣ ҳам мегӯянд, ки ҳадафи таъсиси намоишгоҳ, баланд бардоштани маърифати мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа нисбат ба ҳуқуқи кӯдак аст. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, бо ҷалби таваҷҷуҳи кудакону наврасон ба як мавзуи ҷиддӣ, ки дар айни замон бевосита ба худи хурдсолон ҳам рабт дорад, мехоҳад маърафати ҳуқуқии сокинонро аз хурдӣ боло барад.

Дилрабо Самадова, раҳбари ин созмон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наврасон ба намоишгоҳ бештар аз 120 расмҳои тасвиркардаи худро пешниҳоди тамошобинон карданд, ки дар он ҳуқуқу озодии инсон тасвир шудааст. Хонум Самадова гуфт, қалб аз эълони озмуни расми беҳтарин дар мавзуи "Озодии инсон" чандон бовар надоштанд, ки кудакону наврасони тоҷик метавонанд дар ин мавзуъ касеву чизеро тавсир карда тавонанд.

Дилрабо Самадова.
Дилрабо Самадова.

"Дар баъзе расмҳо дида мешуд, ки духтарони наврас паррандаеро дар дохили қафас тасвир кардаву мехоҳанд озод кунанд. Ин ба ин маънӣ буд, ки онҳо худро дар назар доранд. Вақте бо онҳо суҳбат кардаву назари онҳоро дар мавриди ин ё он расмашон мепурсидем, мегуфтанд, ки дуруст ки волидонро ҳам гуш кард, аммо онҳо низ дар навбати худ бояд моро ҳам бишнаванд",-гуфт Дилрабо Самадова.

Созмондиҳандагони ин намоишгоҳи хайриявӣ гуфтанд, ки агар ҳадафи аввали онҳо огоҳии атфоли тоҷик аз ҳуқуқу озодиҳояшон аст, дар навбати дуюм онҳо бо баргузории чунин як чорабинӣ ва маблағҳои ба даст омада мехоҳанд ба хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳои Тоҷикистон кумак кунанд.

Муҳаммадҷон Шарифов як тамошобини аксҳои намоишгоҳ мегӯяд, ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи атфол шурӯъ мешавад ва вақте ҳуқуқи кӯдак риоя намешавад, дар бораи ҳуқуқи инсон ҷои ҳарф ҳам намемонад. Ӯ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки кудакон ҳуқуқ ва озодии инсонро ба таври худ ва бо маънои гуногун дарк мекунанд. "Ҳатто инҷо дидем, ки кудакон расмҳоеро тасвир кардаанд ки дар он гуфта шудааст, кудакон ҳуқуқ ба таҳсил, истироҳат ва ширкат дар чорабиниҳои фарҳангиро доранд",-таъкид кард ӯ.

Нигоҳи кудакон ба ҳуқуқи инсон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Бино бар охирин пажӯҳише, ки аз сӯи кумитаи омори Cозмони ҷаҳонии меҳнат анҷом шудааст, аз 2, 2 миллион кӯдаки аз 5 то 17- сола, 23 дар сад ё 552 ҳазор нафараш вориди бозори кор шуданд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, вазъи кӯдакон дар солҳои ахир вобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ ва бозгашти муҳоҷирон, бадтар шудааст.

Дар доираи мубориза бо кори кӯдакон, ҳамасола дар кишвар миёни кӯдакони оворагарду коргар рейдҳо гузаронида мешавад. Кӯдакон аз бозору хиёбонҳо аз ҷониби пулис боздошт ва волидони онҳо барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд ҷарима мешванд. Як таҳқиқоти тозаи маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар соли 2018 ҳам нишод додааст, ки 85 дарсади наврасон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд.

XS
SM
MD
LG