Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷӯяндагони ҳоҷатхонаро ба китобхона мефиристам" ВИДЕО, САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Набуди ҳоҷатхонаҳои сайёр дар роҳ ва хиёбонҳои асосии пойтахти Тоҷикистон, баъзе аз қаҳвахона ва бинои идораҳои давлатиро ба "ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ" табдил додааст.

Сокинону сайёҳоне, ки дар хиёбонҳои шаҳр дар ҳолати ногувор мемонанд, маҷбур мешаванд, барои қазои ҳоҷат ба биноҳои маъмуриву тиҷоратӣ сар зананд.

Исфандиёри Мизроб дар боғи “Майдони Дӯстӣ” ё назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон нӯшоба мефурӯшад. Ӯ гуфт, аксари онҳоеро, ки дар ин боғ аз ӯ суроғи ҳоҷатхонаро мегиранд, ба Китобхонаи миллӣ мефиристад.

"Хориҷиҳо ҳам мепурсанд, ки ҳоҷатхона дар куҷост? Дар наздикии мо ягон ҳоҷатхона нест. Онҳоро ба китобхона мефиристам. Дар ошхонаи китобхона ҳоҷатхона аст", - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Моликони дӯкону ошхона ва тарабхонаҳо дар шафати хиёбони марказии Душанбе аз он шикоят доранд, ки ҳоҷатхонаи биноҳояшон тақрибан ба ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ табдил шудааст.

Дар бисёр маврид сокинон аз кӯча ва бе иҷоза аз ҳоҷатхонаҳои онҳо истифода мекунанд. Масъулони қаҳвахонаи маъруф бо номи "Chicken" дар назди Театри опера ва балет мегӯянд, махсусан дар рӯзҳои ид барои ҳоҷатхона навбатпоӣ мешавад.

Мунира, корманди ин қаҳвахона гуфт, "баъзан навбат тӯлонӣ мешавад. Ҳатто ҳоҷатхона вайрон мешавад ва маҷбур мешавем дар як рӯз ду бор усто даъват кунем. Ин ҳолат боис ба нороҳатии муштариёни мо мешавад, ки барои тафреҳу ғизохӯрӣ омадаанд."

"Ҳоҷатхона нест" - мушкили сокинон ва сайёҳон дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
Линки мустақим

Набуди ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ дар хиёбону роҳҳои шаҳр махсусан барои онҳое мушкил эҷод мекунанд, ки бори аввал барои гаштугузор ба Душанбе омадаанд. Дар сурати пеш омадани ҳоҷат, онҳо дар вазъи ногувор қарор мегиранд.

Маъмулан дар бархе аз боғҳои тозабунёди шаҳри Душанбе ҳоҷатхонаҳои зеризаминӣ бунёд шудааст, аммо роҳе, ки то онҷо мебарад, барои бисёриҳо маълум нест. Дар сурати пеш омадани зарурат кас бояд баъди ҷустуҷӯи зиёд ҳоҷатхонаро пайдо мекунад. Сокина Кабирова, сокини ҷавони Душанбе, мегӯяд, "фикр мекунам вақти он расидааст, ки дар ҳар ҷой бояд биотуалетҳо гузошта шавад".

Аз чашми гардишгарон пинҳон мондани як ҳоҷатхонаи зеризаминӣ дар боғи ба номии Рӯдакии Душанберо сокинон кӯтоҳии мақомоти масъули бунёди боғу роҳҳо медонанд. Елена Борисовна, як мусоҳиби мо дар хиёбонҳои Душанбе мегӯяд, камбуди ҳоҷатхона боис мешавад, то баъзе афрод дар майдони боз ва канори роҳҳо қазои ҳоҷат кунанд. “Ин мушкиле ҳаст, ки сари он бояд ҷиддӣ андеша кард", - афзуд ӯ.

Мақомоти масъули шаҳри Душанбе мегӯянд, нақшаи сохтани ҳоҷатхонаҳои замонавиро доранд. Ҳарчанд таъкид мекунанд, ки дар ҳама гӯшаҳои шаҳр ҳам сохтани ҳоҷатхона симои шаҳрро халалдор мекунад.

Мушкили ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ ҳамчун монеи пешрафти соҳаи туризм ё ҷаҳонгардӣ дониста мешавад. Тоҷикистон, ки ба рушди туризм таваҷҷӯҳ кардааст, баъди танқидҳо аз ҷониби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ин масъаларо ҷиддӣ арзёбӣ дорад.

Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон, талош дорад, дар канори шоҳроҳҳои асосӣ дар ҳар 50 километр ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр меҳмонхонаҳои хурд бунёд кунад. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, қарор аст, канори роҳҳои гуногун то 45 ҳоҷатхона сохта шавад.

Аз рӯи меъёрҳои беҳдорию санитарӣ, дар маконҳои ҷамъиятие ба мисли боғу гулгаштҳо, фурудгоҳу истгоҳи роҳи оҳан, хиёбонҳои марказӣ ва маконҳои тиҷоратӣ барои ҳар 500 нафар як макони ҳоҷатбарорӣ тақозо мешавад. Ҳар ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ набояд дар масофаи 500-700 метр дуртар аз якдигар ҷойгир бошанд.

Шикояти сокинон аз камбуди ҳоҷатхонаҳо дар ҳолест, ки се соли пеш Созмони Милал аз вазъи бади ҳоҷатхонаҳо дар мактабҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд. Дар ин гузориши созмон гуфта мешуд, ки дар 45 дар сади мактабҳои Тоҷикистон об нест ва дар 83 дар сади онҳо ҳоҷатхона ё мавҷуд нест ва ё вазъи хеле ногувор дорад.

XS
SM
MD
LG