Додситонии шаҳри Душанбе нисбат ба ду маъмури милисаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар латту кӯби Умед Ҳикоятов гумонбаранд, бо айби “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тафтиш ҳоло берун шудан аз ваколати хидматиро дақиқ кардааст. Агар ҳолати шиканҷа исбот шавад, ин модда ҳам дар парванда илова мешавад
"Нафари дувум фирор кард"
Мақомот мегӯянд, майор Зубайд Сангинмуродзода, нозири минтақавии Шӯъбаи корҳои дохилии Фирдавсӣ, бозпурсӣ мешавад, вале як ҳамроҳи ӯ фирор кардааст. Номи ин маъмури милиса то замони пайдо шуданаш ошкор намешавад.
Умед Ҳикоятови 38-сола рӯзи 31-уми марти имсол бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва "кафидани мояҳои чапу рост" ба бемористон бурда шуд. Ӯ мегӯяд, ду нозири минтақавӣ ӯро шиканҷа карданд ва “ҳаёташро сӯзонданд".
Аммо дар Шӯъбаи корҳои дохилии Фирдавсӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Умед Ҳикоятов барои “вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ” боздошт шуда буд, вале шиканҷа ва латту кӯбашро рад мекунанд.
"Баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ"
Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 5-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан парванда танҳо бар асоси моддаи “баромадан аз ваколатҳои хидматӣ, ки боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ шудааст” (қисми сеи моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ) тафтиш мешавад. Ин банди қонун аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
"Тафтиш ҳоло берун шудан аз ваколати хидматиро дақиқ кардааст. Агар ҳолати шиканҷа исбот шавад, ин модда ҳам дар парванда илова мешавад", - гуфт ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Мақомот мегӯянд, аз ҳодиса пас аз нашри гузориш дар Радиои Озодӣ хабар ёфтанд.
Умед Ҳикоятов шаш рӯз боз дар бахши урологияи бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Душанбе зери назорати пизишкон аст. Ӯ мегӯяд, рӯзи 31-уми март ӯро барои ин ки дар лаби рӯдхона қазои ҳоҷат кардааст, ду нозири минтақавӣ ба Шӯъбаи пулис бурданд ва шадидан латту кӯб карданд.
"Гуфтанд, ки гунаҳкорон ҷазо мегиранд"
Ӯ мегӯяд, пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ муфаттишон ба бемористон омада, бо ӯ сӯҳбат карданд ва ваъда доданд, ки гунаҳкоронро ҷазо медиҳанд.
Умед Ҳикоятов гуфт, ҳодиса баъди соати 9-и субҳи 31-уми март рух дод ва ӯ дар ҳолате боздошт шуд, ки оби ҷав нӯшида буд. Ба қавли Ҳикоятов, баъди латту кӯб шудан дар идораи нозири минтақавӣ ӯро ба шуъбаи наркологӣ ва баъди он ба ҳушёрхона бурдаанд. Дар ҳушёрхона, ба гуфтаи Ҳикоятов, ӯ дигар аз ҷояш хеста натавонист, чун олоти мардиаш пурра варам карда буд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ латту куб шудани Умед Ҳикоятовро ба баҳс кашиданд ва аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Шоира Давлатова, раиси Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва узви Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 5-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба қазияи ин мард таваҷҷӯҳ кардаанд. Ӯ гуфт, намояндагони “Эътилофи ҷомеи шаҳрвандии зидди шиканҷа” бо Ҳикоятов сӯҳбат карданд ва талош доранд, то аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят кунанд.
Пулис: "Аз сардор пурсед"
Зубайд Сангинмуродзода, корманди пулисе, ки ҳоло нисбат ба ӯ парванда боз шудааст, дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, дар ин бора “аз сардорашон бояд пурсид” ва аз шарҳи бештар худдорӣ кард.
Умед Ҳикоятов оиладор ва соҳиби як духтар аст. Ҳикоятов мегӯяд, ходимони милиса "бояд барои ин амалашон посух диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, давоми се рӯзи аввали дар беморхона будан, кормандони милиса, аз ҷумла Зубайд Сангинмуродзода ба хабаргириаш омада, дору овардаанд. Ба гуфтаи Ҳикоятов, чанд корманди милиса аз ӯ ва наздиконаш хостаанд, ки шикоят накунанд ва онҳо табобати Умедро пурра ба дӯш мегиранд.
Феълан санҷидани дурустии тамоми ҷузъиёти марбут ба шиканҷа шудани Умед Ҳикоятов дар идораи нозири минтақавӣ имкон надорад ва мақомоти раёсати корҳои дохилии Душанбе низ омода нестанд, ки қазияро шарҳ бидиҳанд.
Шикоят аз шиканҷа
Вале бори аввал нест, ки кормандони пулиси Душанбе ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам мешаванд. Ҳарчанд, аксари ин ҳодисаҳо дар ниҳоят ҳамчун шиканҷа тафтиш намешаванд.
Моҳи феврали имсол додситонӣ ба зидди чаҳор афсари Раёсати корҳои дохилии Душанбе барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва шиканҷа парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Ин афрод бо шумули муовини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба шиканҷаи як сокини пойтахт ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ шиканҷа ва бадрафториро аз мушкилиҳои аслӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон медонанд.
Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сабт кардаанд.
Бар асоси 16 парвандаи ҷиноӣ бо ёрии фаъолони ҳуқуқ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.