Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ Илҳом Ёқубов, як афсари Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки дар пайи садама бо ширкати ӯ ду сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷон бохтанд, барои ҳафт сол равонаи зиндон кард.
Як манбаъ аз Додситонии ҳарбии Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ рӯзи 12-уми март содир шуд ва ҷонибҳо метавонанд то 10 рӯзи оянда, аз болои он ба зинаҳои болоӣ, шикоят баранд.
Садамаҳои нақлиётии маргбор бо ширкати кормандони мақомоти интизомӣ бори нахуст набуда, дар гузашта чунин ҳолатҳо борҳо расонаӣ шуда, мавриди интиқоди ҷомеа қарор гирифтаанд.
Дар садамаи шаби 1-уми декабр дар шаҳри Хоруғ, худрави "Toyota RAV-4"-и афсари нерӯҳои марзбонӣ бо нақлиёти мусофиркаши "Тангем" бархӯрда, дар натиҷа Гулистон Давлатбекова ва Робия Нангардодова, сокинони вилояти Бадахшон ба ҳалокат расиданд.
Ин ҳодиса дар маҳаллаи нерӯгоҳи "Помир-1"-и Хоруғ рух дод ва дар пайи он ду тан аз афсарони марзбонӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд. Қаблан мақомоти додситонии Хоруғ иттилоъ дода буданд, ки нафари дуввум, ҳамкори Илҳом Ёқубов, ки замони сар задани ҳодиса Ёқубовро ҳамроҳӣ мекардааст, бо далели ба ҳодисаи маргбор робита надоштаанаш, аз боздошт раҳо гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳукми додгоҳ нисбати Илҳом Ёқубов бар асоси моддаи 389, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ содир шудааст. Ин модда вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳои ҷангӣ, махсус ё дигар нақлиёте, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда нафар мегардад, дар назар дошта, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то даҳ солро пешбинӣ менамояд.
"Афсари марзбонӣ дар мурофиҳои додгоҳӣ ба гуноҳи худ, ки вақти идораи воситаи нақлёт аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар гардид, иқрор шуд",-афзуд ин манбаъ. Дар додситонии шаҳри Хоруғ гуфтанд, ки "Toyota RAV-4", ки Илҳом Ёқубов ҳини сар задани ҳодиса пушти фармони он буд, ба Отряди сарҳадии Хоруғ мутааллиқ будааст.
Қаблан наздикони қурбониёни ин ҳодиса дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки хостори баррасии мунсифонаи парванда ва муҷозоти гумонбари садамаи маргбор ҳастанд.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон се рӯз баъд аз садамаи худрави корманди ин ниҳод дар Хоруғро, ки боис ба марги ду нафар шуд, расман шарҳ доданд. Он замон мақомот гуфта буданд, ки агар садама бо айби афсарони нерӯҳои марзбонӣ сар зада бошад, "муҷозот хоҳанд шуд".
Қурбониёни ин садама Гулистон Давлатбекова, донишҷӯи курси чаҳоруми факултети биологияи Донишгоҳи Хоруғ ва Робия Нангардодоваи 42-сола, аз водии Бартанги ноҳияи Рӯшон буданд.
Ниёзалӣ Қамбаров, муовини ректори Донишгоҳи Хоруғ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯ Гулистон Давлатбекова сокини ҷамоати Бартанг буда, дар маҳаллаи нерӯгоҳи "Помир-1" дар манзили наздиконаш мезистааст. Муовини ректори Донишгоҳи Хоруғ афзуд, Давлатбеков дар рӯзи ҳодиса ба ҷойи зисташ бармегашт, ки аз тарафи ноҳияи Шуғнон нақлиёт омада, ба мусофиркаши онҳо бархӯрд.
Зимнан, дар шаҳри Хоруғ аз 5 моҳ ба ин тараф Ситоди байниидоравии таъмини амният фаъолият дорад ва дар шаҳр низ постгоҳҳои пулис кор мебаранд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин кор таъмини волоияти қонун дар маркази вилояти Бадахшон мебошад.
Ҳоло дар шаҳри Хоруғ барои таъмини волоияти қонун дидбонгоҳҳои пулис амал мекунад. Ин посгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва дигар гӯшаҳои вилояти Бадахшон баъди он гузошта шуд, ки моҳи сентябри соли гузашта президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон интиқод кард.
Дар мулоқоти рӯзи 15-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд".
Баъди ин дар вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуда, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.
Садамаҳои нақлиётии маргбор бо ширкати кормандони мақомоти интизомӣ бори нахуст набуда, дар гузашта чунин ҳолатҳо борҳо расонаӣ шуда, мавриди интиқоди ҷомеа қарор гирифтаанд.