Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудои Тел-Авив маълум шуданд


Қуръакашии мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 24-26-уми январ дар пойтахти Исроил - шаҳри Тел-Авив – доир мегардад, баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа бар асоси қуръакашӣ се варзишгари тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳарду дар вазни -73 кг) ва Акмал Муродов (-81 кг) - дар сабқати мардон қувваозмоӣ мекунанд. Вале Саидҷалол Саидов (-100 кг), ки барои ширкат дар Гран-прии Тел-Авив пешакӣ номнавис шуда буд, дар қуръакашӣ иштирок накардааст.

Гран-прии Тел-Авив нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар соли 2019 мебошад.

Ба ин тартиб, Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар даври аввали рақобатҳо дар вазни зери 73 кило озод аст, дар даври дувум бо Наим Матт аз Швейтсария вориди рақобат мешавад. Хайёмиддин Ҷабборов низ дар вазни зери 73 кило ба рақобат аз даври дувум шуруъ мекунад. Рақибаш Сам Ван Т Вестенде аз Нидерланд мебошад. Дар вазни зери 73 кило аз ҳама бештар – 40 гуштигир – иштирок мекунанд.

Акмал Муродов ҳам дар вазни зери 81 кило ба сабқат аз даври дувум мепардозад. Рақиби ӯ Самӣ Чоучӣ аз Белгия мебошад. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 варзишгар рақобат хоҳад кард.

Cомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) рӯзи 24-уми январ хабар додааст, ки дар Гран-прии Тел-Авив 379 гуштигир (218 мард ва 161 зан) аз 53 кишвари дунё ширкат меварзад.

Имрӯз, 24-уми январ, қувваозоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон, -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи 25-уми январ гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон, -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 26-уми январ - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон, -78 кг, +78 кг миёни занон доир мегардад.

Бояд гуфт, ки Гран-прии Тел-Авив нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар соли 2019 мебошад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон.

Ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дуюм 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазор долларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш).

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкаткунандагони Гран-прии Тел-Авив, инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд.

Ӯ афзуд, «варзишгарони мо Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков (ҳарсе дар вазни -73кг), Акмал Муродов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (+100 кг) барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош хоҳанд кард. Аввалин мусобиқаи байналмилалии имсола, ки се варзишгари мо сафарбар шудааст, Гран-прии Тел-Авив мебошад.»

XS
SM
MD
LG