Мақомот дар пайи як санҷиш аз бозорҳои шаҳри Душанбе беш аз 6 ҳазор либосро бо навиштаи “Бги дега” мусодира карда, баъдан оташ задаанд. Ибораи “Бги дега” як жаргони серистифода миёни ҷавонони тоҷик аст.
- Тобистони имсол Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз мақомот хоста буд, барои пайдо кардани соҳибкороне, ки бо навиштаи "Бги дега" либос ворид мекунанд, кумак намоянд. Масъулони кумита ин навиштаро "таҳқиромез" ва мухолифи қонун донистанд.
Завқи харидори мо ҳам бисёр поин аст. Агар ширкатро Аноҳита ном гузоред, бояд фаҳмонед, ки Аноҳита кӣ буд
Дар пайи муроҷиати Кумитаи забон, як гурӯҳи кории иборат аз намояндагони Кумитаи забон, Додситонӣ, Оҷонсии “Тоҷикстандарт” таъсис ёфт.
"Бги дега"-ро дар Хуҷанд истеҳсол кардаанд
Саодатшоҳ Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "гурӯҳ тамоми бозорҳои Душанберо гашт. Махсусан дар бозори "Корвон" чунин нимтанаҳо хеле зиёд дар буд. Комиссия ҳамаи ин нимтанаҳоро аз бозорҳо ҷамъ овард ва сӯзонд. Ин нимтанаҳоро дар Хуҷанд истеҳсол кардаанд. Ба раиси Хуҷанд ва додситонӣ дархост фиристода шуд, ки қазияро тафтиш кунанд."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Ганда зӯр", "Ошноҷон"...
Либосҳо бо навиштаи “Бги дега” тобистони имсол пас аз серистифода шудани ин жаргон дар забони ҷавонон вориди бозорҳои Душанбе шуд. Ба таъкиди забоншиносон, ин ибора маънои зишт дорад ва аз сӯйи ҷавонон ҳам ин жаргон чун як ҳарфи қабеҳ қабул мешавад. Ба қавли Саодатшоҳ Матробиён, “ин ибора ба маънои маҷозӣ ва манфӣ истифода мешавад. Набояд ин гуна ибораҳо махсусан дар нимтанаҳо тарғиб шавад.”
Дар ин авохир соҳибкорон дар молу маҳсулоти худ аз жаргону истилоҳоти маъруф миёни мардум чун ном ё бренд истифода мебаранд. Барои мисол, “Ганда зӯр”, “Гап нест”, “Ошноҷон” ва “Полвонча” номи ҳасибҳоест, ки ҳоло дар фурӯшгоҳҳои Душанбе дида мешаванд.
Масъулини ширкатҳо бовар доранд, ки номгузорӣ бо ибораҳои маъмулу ҷолиб таваҷҷуҳи харидорро ба мол бештар мекунад. Дилноза Саидова, намояндаи тиҷории ширкати “Кабири Хуҷанд”, ки ҳасибҳои “Гап нест” ва “Ганда зӯр”-ро вориди бозор мекунад, гуфт, “ин номҳо дар хотири мардум тезтар монданд. Худи онҳо ҳам аз ин калимаву ибораҳо зиёд истифода мебаранд. Дувуним сол пеш вақте "Полвонча" ба Душанбе омад, барои ҳама ҷолиб буд.”
"Завқи харидор поин аст"
Баъди танқидҳои Кумитаи забон аз истифодаи истилоҳҳои хориҷӣ ва “бегона” ширкатҳои ватанӣ ба номҳои тоҷикӣ рӯ оварданд. Номҳое, ки ба гуфтаи забоншиносон, ҳанӯз ҳам мувофиқ ба меъёрҳои забони адабӣ нестанд ва аз ибораву жаргон ё калимаҳои кӯчагӣ иборатанд.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд ширкатҳо аслан дар номгузории молу маҳсулоти худ бештар ба завқи харидор такя мекунанд. Субҳон Ҷалилов, яке аз ровиёни шинохтаи тоҷик, ки номи моли аксар ширкатҳоро тарғиб мекунад, гуфт, барои бозоргир шудани молу маҳсулот номҳои наву ҷолиб бояд интихоб шавад.
“Номҳои сабук боиси он мешавад, ки харидор ба он таваҷҷӯҳ мекунад. Завқи харидори мо ҳам бисёр поин аст. Агар ширкатро Аноҳита ном гузоред, бояд фаҳмонед, ки Аноҳита кӣ буд. Аз сӯи дигар набудани тахайюл ва фантазия аст”, - шарҳ дод ӯ.
"Бозори реклама хусусияти худро дорад"
Таҳиягарону офарандагони маводи тарғиботиву рекламавӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо онки ҷонибдори покизагии забони тоҷикӣ ҳастанд, талаботи беш аз ҳадди мақомот дар ному брендҳои интихобкардаи онҳо, набояд монеи рушди бозори реклама ва тахайюлу навгонӣ дар таблиғот шавад. Ба таъкиди ин гурӯҳ, онҳо, бозори рекламаи Тоҷикистон хусусиятҳои худро дорад, ки офарандагонро водор месозад, бо он канор оянд.
Далер Маҳмадалибеков, мудири ширкати “Кашфиёт, таҳлил, машварат” ки замоне барои номи ширкаташ ба мушкил мувоҷеҳ шуда буд, гуфт, “90 дар сади харидорон он маҳсулотеро интихоб мекунанд, ки аллакай номаш барои онҳо ошно аст. Пажуҳишҳо муайян кардаанд, ки дар 70 дар сади ҳолат ширкатҳо маҳз бо далели интихоби нодурусти ном барои маҳсулот муфлис шудаанд. 11 дарсади истифодабарандагон аз маҳсулоте, ки бори аввал номашро мешунаванд, рӯ гардондаанд.”
Бо ин ҳама ба таъкиди таҳлилгарон бо роҳи санҷишҳои пайдарҳам, ҷаримаи ширкатҳо ва сӯзондани маҳсулот намешавад, брендҳои тоҷикиро пурмуҳтаво ва мувофиқ ба меъёрҳои забони адабӣ кард. Барои ин, ба гуфтаи бозоршиносон, завқу забондонии мардум ва соҳибкоронро бояд боло бурд.