Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки 20-уми сентябр дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, тағйир наёфт ва дар байни 211 кишвар бо 1156 имтиёз дар ҷойгоҳи 120-ум қарор гирифтааст.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Литва, Туркманистон, Латвия ва Молдова пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон ҷойгир шудааст.
Белгия ва Фаронса дар феҳрасти нави FIFA бо 1729-имтиёзӣ ҷойи аввалро касб намудаанд. Бразилия бо 1663 имтиёз ҷойи севумро соҳиб шудааст. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Хорватия – 1634 имтиёз, Уругвай – 1632 имтиёз, Англия – 1612 имтиёз, Португалия – 1606 имтиёз, Швейтсария – 1598 имтиёз, Испания – 1597 имтиёз ва Дания – 1581 имтиёз дохиланд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро азони худ кардааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1474 имтиёз дар зинаи 33-юм) қарор дорад. Австралия дувум (дар ҷаҳон 43-юм, 1431 имтиёз) ва Ҷопон севум (дар ҷаҳон 54-ум, 1398 имтиёз) мебошанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (29-ум, 1483 имтиёз), Русия (46-ум, 1423 имтиёз) ва Беларус (80-ум, 1304 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Литва (126-ум), Туркманистон (130-юм), Латвия (131-ум) ва Молдова (173-юм) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизистон (91-ум), Узбекистон (96-ум) ва Қазоқистон (118-ум) ҷойгир шудааст.
Феҳрасти FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.