Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаввораҳои Душанбе – шаб фаъолу рӯз "бекор". ВИДЕО


Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои гарми тоқатфарсои тобистони имсолро пушти сар мекунанд. Рӯзи 3-юми июл гармии ҳаво дар пойтахт ба 38 дараҷа баробар буд. Бо фирор аз шиддати гармо бисёриҳо ба мавзеъҳои соядор ё атрофи фаввораҳо паноҳ мебаранд, аммо фаввораҳо на ҳамеша обфишонӣ мекунанд.

Баракатуллоҳ Бадриддинзода чанд рӯз боз меҳмони Душанбе аст. Ӯ аз мавзеи сербоди Файзобод дар мавсими таътил барои сайругашт ба пойтахт омадааст. Мегӯяд, ба чунин ҳавои гарм одат накардааст ва ҳар замон барои худ сояву фаввора меҷӯяд ё маконе, ки сард бошад.

Сар аз 7-уми июл ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон боло рафта, бино ба нишондоди ҳавосанҷҳо, то ба 45 дараҷа гармӣ мерасад. Мутахассисон мегӯянд, онҳое, ки ногузиранд зери офтоби сӯзон кор кунанд, бояд хеле эҳтиёт кунанд.

Ӯ бо умед ба атроф назар мекунад, аммо фаввораҳо хомӯш буданд. "Ҳаво ин ҷо бениҳоят гарм аст. Дар ҳамин рӯзҳои гарм агар фаввораҳо фаъол мебуданд, мо дар салқинии он каме истироҳат мекардем, хеле хуб мешуд",- мегӯяд Бадриддинзода.

Барои баҳра бурдан аз фаввораҳо, Бадриддин бояд соати 16-и рӯзро интизор шавад. Реҷаи кории баъзе аз фаввораҳои хиёбони марказии шаҳр дар ин рӯзҳои гарм ҳам аз соати 16-и и зуҳр то нимашаб аст ва қисмати аввали рӯз онҳо кор намекунанд. Баъзе фаввораҳо аслан хушканд ва аз хасу хошоки ҷамъшуда дар дохили ҳавзи онҳо маълум аст, ки чанд рӯзу ҳафтаҳо обро надидаанд.

Ҷамшед Шералиев -- донишҷӯе, ки бо дӯстонаш ба яке аз боғҳои шаҳр, назди фаввораи хушке менишаст, гуфт, "дар ин рӯзҳои гарм мо ҷойҳои сояву салқин меҷӯему меравем. Мо шаҳрро тамошо карда, дар ин гармӣ ба назди фаввора омадем, мутаассифона фаввора кор намекунад. Вақте фавораҳо кор мекунад, бисёр як фазои хубу муносиб барои истироҳат муҳайё мегардад."

Хушку холӣ будани фаввораҳо дар соатҳои гарми рӯзҳои гармтарин дар бархе аз маҳалу ноҳияҳои шаҳр дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, тибқи реҷаи муқараршуда дар рӯзҳои гарм фаввораҳо бояд бетанаффус кор кунанд, то шиддати гармӣ пасттар шавад ва сокинон зиёд азият накашанд.

Назрибеки Нуронӣ, саркори қитъаи фаввораҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, рӯзи 3-юми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар тавозуни корхонаи онҳо 4 фаввора қарор дорад, ки яке аз онҳо ҳамин фавораи Майдони 800- солагии Москва аст.

"Ҳамаи ин фаввораҳо аз соати 7-и субҳ то 22-и шаб кор мекунанд. Аслан, аз сабаби гарм будани ҳаво, мардуми зиёд назди ин фаввораҳо ҷамъ мешаванд ва мо ҳам онҳоро хомӯш намекунем. Рӯзҳое, ки ҳаво салқинтар бошад, аз соати 7 то 11-и рӯз фаввораҳо кор мекунанд ва аз 11 то 16 дам мегиранд",-афзуд вай. Ба ҳисоби миёна, пули якмоҳаи барқи як фаввораи ҳаҷмаш на чандон бузург, ба 5- 6 ҳазор сомонӣ мерасад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Фаввораҳои Душанбе -- рӯз "бекор", шаб фаъол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Моҳи июл гармтарин моҳи тобистон аст ва ба иттилои Маркази обу ҳавосанҷӣ, ҳарорати ҳаво ин рӯзҳо аз 38 то ба 40 дараҷа расидааст. Чунин вазъ дар тобистон ҳар сол пеш меояд ва мутахассисон мегӯянд, боло рафтани дараҷаи ҳаво ба кору сиҳатии сокинон, хусусан онҳое, ки дар саҳро зери офтоби сӯзон кор мекунанд, мушкил пеш хоҳад овард.

Олуфтамоҳ Саидова, ки масъулияти нигоҳубинӣ як гулгашт дар яке аз хиёбонҳои пойтахтро ба дӯш дорад, мегӯяд, новобаста ба гармои ҳаво, ӯ бояд корашро иҷро кунад. Ӯ ҳар рӯз аз субҳ то шом, гулгаштҳоро аз алафи зиёдатӣ пок мекунад. Дар ин рӯзҳо ҳар қадаме мегузорад, ҳатман зарфи чояшро бо худ мегирад.

"Гарм ҳам бошад, тоқат мекунем, омада кор мекунем. Беҳолат мешавӣ, беҳаракат мешавӣ, баклашкаҳои об дар барамон, омада кор мекунем. Кор накунем ҳам намешавад. Бояд одам ҳамеша меҳнати ҳалол кунад."

Сар аз 7-уми июл ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон боло рафта, бино ба нишондоди ҳавосанҷҳо, то ба 45 дараҷа гармӣ мерасад. Мутахассисон мегӯянд, онҳое, ки ногузиранд зери офтоби сӯзон кор кунанд, бояд хеле эҳтиёт кунанд.

XS
SM
MD
LG