Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғизои ройгон ба ҷойи "Ролтон" дар мактабҳои Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон стратегияи нави хӯроки мактабӣ омода мешавад. Барномаи ҷаҳонии озуқа ва сохторҳои ҳукумати Тоҷикистон дар пайи таҳияи ин барнома ҳастанд, ки ҳадафаш таъмини кӯдакон бо хӯроки солиму ғанӣ ва ройгон дар тамоми 3865 мактаби кишвар аст.

Як таҳқиқоти тиббиву демографӣ дар соли 2013 маълум кардааст, ки аз миёни беш аз 1 миллион кӯдак дар Тоҷикистон, 300 ҳазор нафар ё аз се як ҳиссаашон кӯтоҳқаданд ва як сабаби асосии он, истеъмоли ғизои номуносиб ва камвитамин мебошад.

Ҳанӯз будҷаи ниҳоии ин стратегияи нав мушаххасан ҳисоб нашудааст, вале аз рӯи барномаи Созмони ҷаҳонии озуқа ва ҳукумати Тоҷикистон, дар панҷ сол барои таъмини ройгони ғизо дар 2000 мактаб, 18 миллион доллар масраф шудааст.

Стратегияи нави хӯроки мактабӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

Комилҷон "Ролтон"-у ҳотдог мехӯрд...

Комилҷони 10-сола чандест аз хӯрданиҳои дар назараш хуштамъи «Ролтон»-у ҳотдог маҳрум шудааст. Ӯ ҳоло ҷиддан таҳти назорати модарбузург қарор дораду бештар хӯрокҳои серғизои дар хона

Ба хотири барномаи таъмини ройгони ғизои гарми кӯдакон дар манотиқи ҷангзада ҳузури кӯдакон дар мактабҳои Тоҷикистон аз 60 то 90 дар сад зиёд шуд. Пажӯҳиш

таҳияшударо истеъмол мекунад. Дар мактаб ҳам ӯ ғизоеро истеъмол мекунад, ки ҳамроҳ аз хона меорад. Комилҷон мегӯяд: “Бештар каша, шӯрбо, макарону ҳамин хел хӯрокҳои хонагӣ мехӯрам. Дигар хӯрдани ҳотдог манъ аст”.

Режими ғизои Комилҷон бо машварати табибон ва баъди он ҷорӣ шуд, ки дар ин синни хурд якбора дучори ду беморӣ шуд. Муқаддас Каримова, модаркалони Комилҷон мегӯяд, наберааш гирифтори бемории узвҳои дарунӣ шуд. Санҷиши тиббӣ маълум кард, ки ғизои писарбача таҳти назорат набуд, бештар аз хӯрокҳои сарироҳиву дастраси зудпухти наздимактабӣ ва дар шароити ғайрисанитарӣ таҳияшуда истеъмол мекард. “Касал шуд, дарунрав шуд, қай мекард. Ҳоло ҳаракат мекунем танҳо ғизои хонагиро истеъмол кунад”.

Бибии Комилҷон аз он ҳам хушҳол аст, ки сар аз соли нави таҳсил ташвиши онҳо дар заминаи хӯроки кӯдакашон, ки 8 соаташро дар мактаб пушти сар мекунад, камтар хоҳад шуд. Қарор аст аз моҳи сентябри имсол мактаби рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ, муассисае, ки Комилҷон дар он таҳсил мекунад, ба барномаи ғизои мактабии Созмони ҷаҳонии озуқа шомил ва беш аз 1000 кӯдак дар ин мактаб бо хӯроки гарму солим таъмин хоҳанд шуд.

Ошхонаи мактаб симои замонавӣ касб кард

Ошхонаи мактаб ҳам акнун таъмир шуда, пурра барои омода кардани номгӯи хӯрокҳои серғизо ва муфид барои сиҳҳатии кӯдакон омода шудааст. Дар шароити пешинааш ин ошхона танҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор хӯрок таҳия мекард. Акнун бо кӯмаки барномаи ғизои мактабии Созмони ҷаҳонии озуқа, дар ошхона тамоми дастгоҳҳои замонавии хӯрокпазӣ фароҳам омадааст.

Хонум Зулайхо, ки масъулияти ошпази ошхонаро дорад, гуфт, қаблан “таҷҳизотамон кӯҳна буд. Ҳоло корамон осон шуд, 3 плита дорем, қаблан фақат дар як плитка хӯрок мепухтем, духовкаҳои нав оварданд. Оби гарму хунук дорем акнун.”

Ошпазҳои мактаб на танҳо соҳиби ошхонаи замонавӣ шуданд, балки дастурамали махсусе ҳам гирифтанд, ки дар он тарзи тайёр намудани даҳҳо хӯроки солиму муҳим барои наврасон пешниҳод шудааст. Ин дастурамал ва дар маҷмӯъ барномаи таъмини мактаббачаҳои Тоҷикистон бо ғизои солим аз сӯи Созмони ҷаҳонии ғизо, дар заминаи пажӯҳишҳои тиббӣ-демографӣ ва нигарониҳо аз кӯтоҳкад шудани кӯдакони Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Тавассути ин барнома ва кӯмаки ниҳодҳои дигар дар ҳоли ҳозир 376 ҳазор кӯдак дар 2 ҳазор мактаб дар рустоҳо бо хӯроки гарм таъмин шудаанд.

Ғизои гарму бепул кӯдаконро ба мактаб ҷалб кард

Пауло Матей, намояндаи барномаи ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло онҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвар стратегияи хӯроки мактабиро омода доранд, ки ҳадафаш пешниҳоди хӯроки гарму солим ва ройгон дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон аст.

“Дар кишвар беш аз 2 ҳазор мактаби дигаре ҳаст, ки шомили ин барнома нест ва дар он хӯроки ройгон фароҳам нест. Ҳадаф аз лоиҳаи нав ҳам ин аст, ки ин барнома умумимиллӣ шавад ва бо ҷалби фонду захираҳои дигар хонандагон бо хӯроки ройгон таъмин шаванд. Мо мехоҳем барнома қавӣ ва васеъ шавад. Мо бояд дар рушди кӯдакон ва ғизову таҳсили онҳо саҳмгузор бошему сарпарастӣ кунем.”

Барномаи ғизои мактабии Созмони ҷаҳонии озуқа соли 1999 бо ҳадафи ҷалби кӯдакон ба мактаб шурӯъ ба кор кардааст. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ба гуфтаи мутахассисон, маҳз ба хотири барномаи таъмини ройгони ғизои гарми кӯдакон дар манотиқи ҷангзада ҳузури кӯдакон дар мактабҳои Тоҷикистон аз 60 то 90 дар сад зиёд шуд.

Аммо мушкиле, ки солҳои охир боиси нигаронии мутахассисони тиб ва ҳам волидон мебошад, ин пешниҳоди ғизоҳои носолим дар гирду атрофи мактабу боғчаҳо ба наврасону хурдсолон аст. Азбаски дар ошхонаи аксар муассисаҳои таълимӣ хӯроки ройгон нест, наврасон тули чанд соате, ки дар мактаб ҳастанд, аз шириниву хурданиҳои зудпухти нуқтаҳои тиҷоратӣ, нӯшокиҳои газдор, шириниҳои зараррасон ба саломатӣ, истеъмол мекунанд. Илова ба ин, касе замонати тозагии ғизои таҳияшударо намедиҳад.

Ашӯралӣ Абдулҳаев, масъули иттифоқи касаба дар мактаби рақами 72-и пойтахт мегӯяд, дар муассисаи онҳо ба гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб, хӯрок пешниҳод мешавад ва ғизои ошхонаи ин муассиса ҳам ба гуфтаи ӯ, дар асоси анвои идораи озуқа муайяншуда пешниҳод мешавад. Вале, ба гуфтаи Абдулҳаев, бо вуҷуди назорату фаҳмондадиҳӣ, кӯдакон ба хӯрданиву шириниҳое, ки дар кӯчаву сари роҳҳо ва бо нархи арзон пешниҳод мешавад, майли зиёд доранд:

“Кӯдакон намефаҳманд зарари онро. Раҳбарони синфҳо нақшаи дурусти тарбиявӣ доранд ва дар ин нақша мавзӯи пешгирӣ аз ҳолатҳои ғайрибеҳдорӣ гуфта шудаст. Падару модарон ҳам огоҳанд, аммо харидории маҳсулот аз кӯчаву қади роҳ, ки ба саломатӣ зараровар аст, идома дорад”.

Дар ин амр, ба қавли педагогҳо, нақши волидон дар хона ҳам хеле муҳим аст, ки дар сӯҳбатҳои оилавӣ аз зарари хӯроки бенизоми кӯча ҳушдор дода, кӯдакро ба истеъмоли хӯроки солими хонагӣ одат кунонанд.

Табибон: Мактабхон рӯзе на камтар аз 4 дафъа ғизо хӯрад

Маҷаллаи тибии «Саломатии мактабхон», ки дар Интернет нашр мешавад, таъкид мекунад, ки назорат аз ғизои солими кӯдак ба хотири рушди дуруст ва кӯмак дар фикррониву анҷоми амалҳои ҷисмонӣ хеле муҳим аст. Аз ҷумла, диетолог ё мутахассисони бахши парҳез мегӯянд, организми як мактабхон рӯзе бояд на камтар аз чор дафъа ғизо истеъмол кунад.

Маҳсулоти мисли шир, творог, панир, ҷурғоту маҳсулоти дигари ширӣ, ки манбаи калсий ва сафедӣ ҳастанд, бахши муҳими ғизои мактабхон мебошанд. Илова ба ин, ба ҳайси ғизои гарму нерӯбахш картошка, макарон ва маҳсулоти ордӣ, сабзавот ва на камтар аз яку ним литр нӯшокӣ дар рӯз зарур аст. Истеъмоли гӯшт, моҳӣ ва тухм аз муҳимтарин бахши аминокислотаҳо аст, ки бояд ҳатман дар ғизои ҳафтагии кӯдак ворид бошад.

XS
SM
MD
LG