Интизор меравад, раисиҷумҳури Латвия Андрис Берзинш ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Ин сафар рӯзҳои 9-11 июн сурат гирифта, интизор меравад, Адрис Берзинш бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад. Дар чорчӯби ин сафар баргузории форуми соҳибкорони тоҷику латиш ва ҳамчунин шиносоии соҳибкорони меҳмон бо корхонаҳои саноатии Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Бино ба омори нашршуда дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Беларус, ки кишварҳои Балтик низ таҳти пӯшиши ҳамин сафорат қарор дорад, тиҷорати байни Тоҷикистону Латвия дар соли 2011 беш аз 65 миллион доллар, вале дар соли 2012 ҳудуди 45 миллион доллар, яъне 31 дарсад камтарро ташкил додааст. Дар бораи табодули молу коло миёни ин кишвар дар соли 2013 ҳанӯз иттилои расмие дастрас нест.
Бино ба иттилои сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Беларус, Тоҷикистон ба Латвия асосан пахтаву алюминий содир карда, аз ин кишвари соҳили Балтик бештар мошин, нуриҳои минарерӣ, маводи нафтӣ, дорувор ворид мекунад. Ҳамин манбаъ мегӯяд, аз соли 1994 ба ин тараф байни Ригаву Душанбе 8 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.
Баъд аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябр, Андрис Берзинш нахустин раҳбари як кишвари узви Иттиҳодияи Аврупост, ки аз Душанбе расман боздид мекунад.