Тоторҳои Қрим тасмими худро дар бораи анҷоми раҳпаймоӣ барои бузургдошти хотираи қурбониёни тоторҳои бадарғашуда дар соли 1944 фаро хонданд. Ду рӯз пеш маҷлиси тоторҳои Қрим эълон кард, ки ба муносибати 70 солагии ин сана 18 май раҳпаймоӣ анҷом мегирад.
Вале 17 май мақомоти Русиягарои Қрим баргузории ҳар гуна ҳамоиш то 6 июнро мамнуъ эълон карданд. Ҳоло тоторҳои Қрим гуфтаанд, ки барои ёди хотираи қурбониён ба ҷои раҳпаймоӣ ба масҷидҳо раванд ва дар ҳақи онҳо дуо кунанд.
Маъмулан ҳар сол 18 май ҳазорон нафар дар рӯзи солгарди бадарғаи тоторҳо дар шаҳри Симферопол раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд. Соли 1944 18 май мақомоти Иттиҳоди Шӯравӣ тоторҳоро аз Қрим ба Осиёи Миёна бадарға карда буданд. 200 ҳазор нафар бадарға шуда буданд, вале бештари онҳо дар роҳ ҷон доданд.