Абдураҳмон Маматалиев, раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокироти байни ҳукуматӣ бо Тоҷикистон ва муовини нахуствазири ин кишвар рӯзи 15-уми май дар Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки дар ҷойи ҳодиса нафароне мушоҳида шудаанд, ки «ба оташ равған рехтаанд.» Аммо Маматалиев нафар ё гурӯҳеро ном набурдааст.
Абдураҳмон Маматалиев гуфтааст: «Фарзияе вуҷуд доранд, ки дар ин муноқиша қувваи севум даст дорад. Аввалан, як нофаҳмии хурд ба муноқишаи калон печидааст. Дувум, баъзе аз иштирокчиёни муноқиша гӯё аз қабл омодагӣ дида бошанд. Ҳоло душвор аст, ки бигӯем қувваи севум кист. Таҳқиқот ҳоло хотима наёфтааст. Иғвоангезӣ аз ҳардуҷониб ҳам сурат гирифтааст. Аз рӯи иттилои ба дастомада, қувваҳое будаанд, ки муноқишаи марзиро ба байни миллатҳо ва байни давлатҳо кашонанд.»
Маматалиев ҳамчунин изҳор доштааст, ки талаби сокинони назди марзӣ сари зуд иваз кардани роҳбарони маҳаллӣ метавонад яке аз мақсадҳои иғвогарон бошад.
Ёдовар мешавем, ки 8-уми май, рӯзе баъд аз муноқишаи марзӣ бо талаби сокинони наздимарзии Қирғизистон раиси вилояти Ботканд Жениш Раззоқов барканор ва ба ҷои вай Мамат Айбалиев ба мансаби роҳбарии ин вилоят таъин карда шуд.
Дар ҳамин ҳол ба андешаи баъзе таҳлилгарони қирғиз, ба дӯши «қувваи севум» бор кардани муноқишаи наздимарзӣ «то ҷое аз мантиқ дур» будааст. Тоқтагул Какчекаев, таҳлилгари амниятии қирғиз ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки «ба ҷои гумон кардани қувваи севум лозим аст, ҳукумат мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии сокинонро ҳал кунад». Аммо ба гуфтаи Бозарбой Масейитов, таҳлилгири дигари қирғиз, сабаби асосии сар задании чунин муноқишаҳо, то ҳол ҳал нашудани масъалаи ҳудудҳои марзии ҳар ду икишвар аст.
Дар пайи муноқишаи марзии рӯзи 7-уми май дар навоҳии Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон, рӯзҳои 12-13 май дар шаҳри Душанбе музокираи ҷонибҳо баргузор шуд, ки ҷонибҳо онро мусбат арзёбӣ карданд. Дар моҷарои 7-уми май аз ду тараф даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.