Дар ду минтақаи аслан русзабони Украина райпурсӣ идома дорад. Дар ин райпурсӣ дар Луҳанск ва Донетск суоли матраҳ ин аст, ки оё аҳолӣ аз истиқлоли ин ду минтақа ҷонибдорӣ мекунанд ё хайр.
Ин райпурсиро гурӯҳҳои шӯришӣ созмон додаанд ва онро Киев ва Ғарб эътироф намекунанд. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 7 май даъват кард, ки райдиҳӣ ба таъхир андохта шавад, бо вуҷуди ин райдиҳӣ идома дорад.
Александр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина ҳушдор дод, ки ин райдиҳӣ “қадаме ба сӯи ҷарӣ” аст. Турчинов гуфт, ки ҳукумат мехоҳад, бо намояндагони минтақаҳои шарқӣ музокира кунад, на “бо террористҳое, ки” ба гуфтаи худаш, “харобии кишварро вазифаи худ медонанд”.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки саросемавор баргузор кардани райпурсӣ мисли райпурсии Қрим аст, ки ҷудоӣ аз Украинаро ба тасвиб расонд. Сипас Қрим ба таври расмӣ ба Русия пайваст.