Низомиёни украинӣ субҳи барвақти рӯзи 7 май ҳамлаи густурда ба шаҳри Славянскро шурӯъ карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар канори шаҳр ду таркиши мудҳиш рӯй дод, даргириҳо дар дохили шаҳр идома доранд. Сомонаи Корреспондент.net, бо такя ба сокинони маҳаллӣ хабар дод, ки дар ҳамла ба шаҳр дастаҳои мусаллаҳи “Правий сектор” ширкат мекунанд. Дар Славянск ҳаракати нақлиёт мутаваққиф шуда, одамон манзилҳоро тарк намекунанд, баъзеҳо дар ҷойҳои кори худ шабро рӯз карданд.
Амалиёти аз ҷудоихоҳони рустабор озод кардани Славянск ду рӯз пеш аз ҳамла ба постгоҳҳои ҷудоихоҳон дар канори шаҳр шурӯъ шуд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Украина, дар амалиёт чаҳор низомии укроинӣ кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар амалиёт беш аз 30 тан аз ҷудоихоҳон ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат брдоштанд.
Шаби гузашта дар ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба постгоҳи ҷулоихоҳон дар канори шаҳри Мариупол, воқеъ дар ҷануби вилояти Донетск, як нафар ҷон бохт ва се каси дигар захмӣ шуд. Ба иттилои хабаргузориҳо, шабона дар канори фурудгоҳи шаҳр низ тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст.