Дар шаҳри Одессаи Украина ба ёди қурбониёни сӯхтор дар Хонаи Иттиҳодияҳои касаба рӯзҳои 3, 4 ва 5 май мотам эълон шудааст. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса, ки рӯзи ҷумъа, 2 май, баъд аз бархӯрди ширкаткунандагони раҳпаймоии “Барои Украинаи воҳид” ва мухолифини Майдон ба вуқӯъ пайваст, 37 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, дар атрофи Хонаи Иттиҳодияҳои касаба тирандозӣ сурат гирифт ва сипас ҷонибдорони Украинаи воҳид биноро, ки он ҷо ҷудоихоҳон қарор доштанд, оташ заданд.
Вазорати умури хориҷаи ИМА дар як изҳорот эълом дошт, ки "ҳамроҳ бо мардуми Украина аз марги одамон дар Одесса азо гирифтааст”. Вошингтон барои пуштибонӣ аз мардуми Украина даъват намуд, ки аз паёмадҳои фоҷиаи Одесса либоси мотам ба бар кардааст.
Раёсати вазорати умури дохилии Украина дар Одесса баъди ин ҳодиса эълом дошт, ки ба хотири таъмини тартибот дар шаҳр баталёни вижаи “Шторм”-ро ташкил мекунад. Ба ниҳоди нав фақат ихтиёриён - шаҳрвандони Украина, ки доғи судӣ надоранд ва қаблан дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина хизмат кардаанд, қабул карда мешаванд.