Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярч дар Бадахшон садҳо нафарро ба ҳалокат расонд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бими он меравад, ки дар натиҷаи лағзиши теппа ва зери гилу хок мондани як деҳ дар шимолу ғарби ин кишвар мумкин аст ҳудуди 400 нафар ҷон бохта бошанд.

Гулмуҳаммад Бедор-муовини волии вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, 2 май теппаву кӯҳпора лағзида деҳаеро пӯшондааст ва маҷрои оби рӯдхонаро низ бастааст.

Байдор мегӯяд, нигарониҳо вуҷуд дорад, ки садди ба вуҷуд омада боз шавад ва деҳоти поёнобро низ бишӯяд. Мақомоти маҳаллӣ бар ҷараёни ин пешомад назорат мекунанд, вале мумкин аст гурӯҳҳои наҷот то 3 май ба маҳали ҳодиса расида натавонанд.

Дар боронҳои шадиди пайдарпай 2 май дар шимолу ғарби Афғонистон 5 нафари дигар низ ҷон дода буданд.
XS
SM
MD
LG