Як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел дар вилояти Ярославли Русия бо ҷурми бадахлоқӣ нисбат ба як духтари 13-солаи маҳаллӣ ба панҷуним соли зиндон маҳкум шуд. Кристина Гузовская, ёрвари раиси Кумитаи тафтишоти вилояти Ярославл ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, аъмоли ин муҳоҷири тоҷик бо кумаки ихтиёриён аз созмони ҷунбиши "Оккупа - педофиляй", ки ба таъқиби афроди моил ба педофилия машғуланд, ошкор шудааст. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, шаҳрванди тоҷик дар моҳи августи соли 2013 бо иттиҳоми бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба як духтари 13-сола дар рустои Курдумово дастгир шудааст.