Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистон

Нигоҳи лаҳза ба лаҳза ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аксу видео, хабару гузориш ва вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 6 номзад – раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Саидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократ,Толиббек Бухориеваз ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шудаанд.
11:59 6.11.2013
Видеои қонуншиканӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон:

12:09 6.11.2013
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки раъйдиҳӣ барои интихоботи президентии Тоҷикистон дар қитъае, ки дар бинои сафорат, дар тангкӯчаи Гранатний ташкил шудааст, соати шаши субҳ бо як суханронии кӯтоҳи сафир Абдулмаҷид Достиев шурӯъ шуд. Оқои Достиев ва аҳли хонаводаи ӯ аввалин нафарҳое шуданд, ки райъи худро доданд. Ба гуфтаи сухангӯи сафорат Муҳаммад Эгамзод, то соати 10-и субҳ 29,3 дарсади шаҳрвандони тоҷики дар сафорат сабтиномшуда дар интихобот ширкат кардаанд. Барои таъмини ширкати муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои бузурги Русия 24 қитъаи раъйдиҳӣ ташкил шудааст.
12:45 6.11.2013
Раҳбари нозирони ИДМ: «Муҳим пас аз интихобот субботу оромӣ пойдор бошад

Раҳбари ҳайати нозирони интихоботии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) мегӯяд, муҳим аз ҳама ин аст, ки пас аз интихобот оромиву субот дар Тоҷикистон пойдор бошад. Сергей Лебедев, ки ҳамроҳ бо иддае аз нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ аз қитъаи раъйдиҳии шумораи 4, воқеъ дар маҷмааи «Душанбе – Плаза» ба ҷараёни интихобот назорат мекард, гуфт, ки «интихоботи президентии Тоҷикистон бо ҳузури 6 номзад, ба таври алтернативӣ ҷараён дорад ва интихобкунандагон низ метавонанд номзади арзандаи худро интихоб кунанд.» Вай гуфт, «албатта, интихобот як марҳалае аст, вале муҳим он аст, ки пас аз ин маъракаи сиёсӣ, суботу оромӣ дар Тоҷикистон пойдор бошад ва роҳи рушде, ки Тоҷикистон пеш гирифтааст, идома ёбад.» Ба гуфтаи ҷаноби Лебедев, тибқи мушоҳидаи нозирони ин созмон, интихобот ба таври муташаккилона ва бо ҳузури густардаи интихобкунандагон ҷараён дорад ва мавориди тақаллуб ба мушоҳида нарасидааст. Ҷараёни интихоботи Тоҷикистонро 150 нозир аз ИДМ назорат мекунанд.
15:01 6.11.2013
КМИР интихоботи президентии 6 ноябрро баргузоршуда эълон кард
Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Куммиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР) гуфт, ки то соати 1400 имрӯз, 68 дарсади интихобкунандагон раъйи худро доданд ва бо ҳамин инихоботи президентӣ баргузоршуда дониста шуд. Вай афзуд, ки феълан раъйгирӣ идома дорад ва мизони ширкати мардум то соати 20-00 ҳатман хеле бештар аз 68 дарсади кунунӣ хоҳад шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG