Чанде пештар пас аз пахши филми мазкур байни мухлсиони сароянда сару садоҳое паҳн гардиданд, ки гӯё дискҳои филми «Зиндагӣ» аз нуктаҳои фурӯши диксҳо барчида шуданд. Баҳодури Рафӣ дар сӯҳбат ба «Озодӣ» дар бораи филми «Зиндагӣ» ва овозаҳои паҳншуда нақл кард.
Озодӣ: Овозае паҳн гардид, ки гӯё дискҳои филми «Зиндагӣ» барои таблиғи зӯроварӣ аз нуқтаҳои дискфурӯшӣ барчида шуданд. Ин овоза то куҷо воқеият дорад?
Баҳодури Рафӣ: Дар ин маврид чизе нашунидаам. Мардум аз худашон чӣ гапҳо мебароранд, ки ҳеҷ намефаҳмам. Он филме, ки ба навор гирифтем, ман онро ба фурӯш надода будам. Идеяи филми кутоҳметражи «Зиндагӣ» пешниҳоди коргардони ҷавон Бахтовар Сафаров буд, ки ман ҳам андешаҳои худро илова карда, наворбардорӣ намудем. Аслан мо мехостем филм якуним ду соат бошад, аммо аз сабаби он, ки маблағи кофӣ надоштему сарпараст пайдо накардем, маҷбур шудем онро дар шакли клипкино наворбардорӣ кунем. Барои ба навор гирифтани филми хуб на камтар аз 50 ҳазор доллар лозим аст. Мо мехостем филмро дар сатҳи филмҳои Аврупо ва Амрико омода созем, то як навигарие дар синамои тоҷик пайдо шавад. Пӯшида нест, ки дар аксари филмҳои тоҷикӣ ягон чизи нав ва ҷолиб дида намешавад. Ба истиснои филми «Рустам ва Сӯҳроб», ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам хело хуб пазируфта шудааст.
Филми «Зиндагӣ» бошад дар бораи гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ нақл мекунад, яъне зиндагӣ бо қонунҳои нонавиштаи «мафия». Садҳо ҳодисаҳое ҳастанд, ки одамҳо барои пулу мол ҳамдигарро набуд мекунанд. Ё намехоҳанд яке аз дигаре болотар бошанд. Мо дар аввал хостем филмро бо забони русӣ тарҷума карда, ба хориҷа пешниҳод кунем, то онҳо доданд, ки аз дасти мо тоҷикон низ чизе меояд. Албатта медонем, то ҳол ба сатҳи Аврупо нарасидаем, вале 20-30 дарсади филм ба филмҳои онҳо наздикӣ мекунад.
Озодӣ: Махфӣ набошад барои 22 дақиқаи наворбардории филми «Зиндагӣ» чӣ қадар маблағ сарф шуд?
Баҳодури Рафӣ: Панҷ ҳазор доллари амрикоӣ
Озодӣ: Филм аз ҷониби «Тоҷиккино» чӣ гуна пазируфта шуд?
Баҳодури Рафӣ: Иҷозатнома ва дигар мушкилиҳои филмро студияи «Сафира» ба ӯҳда гирифта буд. Бинобар ин дақиқан намедонам бо «Тоҷиккино» чӣ маслиҳат кардаанд. Баъдан ин, ки филми мазкур филми як ё якуним соата нест, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдор эътироз шавад. Мо онро дар кинотеатрҳо ба намоиш нагузоштаем, ки аз ҳисоби он маблағ кор карда бошем. Мо як дирам ҳам фоида ба даст наовардаем. Танҳо шунидам, ки баъзе студияҳо онро аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта дар дискҳо ҷой додаанд. Вақте филм дар дискҳо баромад, ба худам ҳам дӯстон занг зада хабар доданд. Гарчанде ҳуқуқҳои мо чун муаллиф поймол шуда бошад ҳам, ягон эътироз надорем. Зеро медонам поймол шудани ҳуқуқи муаллиф дар кишвар ба як чизи маъмули табдил ёфтааст.
Озодӣ: Дар филм бояд кадом критерияҳои зӯроварӣ бошад ва кадомаш набошад?
Баҳодури Рафӣ: Охир ман намефаҳмам шумо кадом зӯровариро дар назар доред?
Баҳодури Рафӣ: Гӯё филм ба психологияи ҷавонон таъсири бад мерасонаду дар он таблиғи зӯроварӣ дида мешавад, ҳаминро дар назар доред? Ман як нуктаро таъкид кардан мехоҳам, ки дар Тоҷикистон ҳама филмҳои амрикоӣ ва аврупоӣ тамошо мекунанд, ки ин минифилми мо ҳеҷ аст дар назди онҳо. Чаро ба онҳо касе эътироз намекунад? Вақте мо як чизакро омода кардем аз ҳар ҷо эътирозҳо садо додан мегиранд. Рости ҳайрон мешавам, чаро мо нисбати ҳамдигар чунин рафтор мекунем. Як чизро набояд фаромӯш кард, ки то он замоне мо якдигарро дастгирӣ накунем, синамоямон ба пеш намеравад. Агар ҳозир нисбати ин кори мо эътирозҳо зиёд шаваду моро маҳдуд кардан гиранд, минбаъд аз баҳри филмсозӣ ҳам мебароему аз баҳри ба наворигирии клипҳои хуб ҳам. Охир мо на чизҳои фаҳшро таблиғ кардаему на ба сиёсати давлат кордор шудаем.
Озодӣ: Агар ба мулоқоти президент дар ҳафтаи ҷавонон роҳ меёфтед чӣ пешниҳод ё чӣ суол мекардед аз сарвари кишвар?
Баҳодури Рафӣ: Ба ин саволатон намедонам чӣ посух диҳам. Бовар кунед барои изҳори андеша ё пешниҳоди чизе ҳам дигар одам метарсад, ки мабодо «хато» набошад. Муддати ҳафт-ҳашт соле, ки дар Амрико зиндагӣ кардам озодии баён ва суханро хуб эҳсос мекардам. Он ҷо одам ҳар тавре хоҳад мегардад, гап мезанад ва кор мекунад. Мутаассифона дар мо ин чиз кам дида мешавад. Он чизе ман мехоҳам, шояд аз ҷониби масуъулон дастгирӣ наёбад. Масалан мехоҳам филмбардорӣ ё клипу дигар навъи санъат мисли кишварҳои Аврупо ва Амрико бошад.
Озодӣ: Аксаран санъати Аврупоро инкор мекунад, чаро шумо баръакс ҷонибдори рушди санъати Ғарб дар кишвар ҳастед?
Баҳодури Рафӣ: Охир мо бо чизҳои Шарқӣ наметавонем дар сатҳи ҷаҳон бароем. Ғарб он чизеро мепазирад, ки ба талаботи онҳо ҷавобгӯ бошад. Ҳатто бубинед ҳиндуҳо ва узбакҳо низ филмҳояшонро солҳои охир дар сатҳи филмҳои Аврупо ба навор гирифта истодаанд. Мисоли дигар мегирем РЭП-ро. Ҳарчанд фарҳангшиносон ин жанри мусиқиро инкор кунанд ҳам мардум онро хуб мепазирад. Ин ҳам моли Ғарб аст ку.
Озодӣ: Чаро кам баромад мекунед?
Баҳодури Рафӣ: Дар консертҳо баромад мекунам. Масалан, дар консерти Анди суруд хонда будам. Ҳарчанд бо Анди ошнои дерина бошем ҳам боре бо ҳам суруд нахонда будем. Лекин имсол имкон пайдо кардам то бо ҳам сурурд бисароем. Аммо агар шумо телевизионро дар назар дошта бошед дуруст аст, кам баромад мекунам, ки ин сабабҳои худро дорад. Дар телевизион аз сару либос сар карда то ба ришу муйлаб доштанат эрод мегиранд. Онҳо талаб мекунанд ту набояд риш дошта бошӣ ва бояд либоси маъқули дили онҳоро бипӯшӣ. Умуман озодиятро маҳдуд мекунанд. Баъдан обруйро ба мо Худованд медиҳад, на телевизион. Ман ҳама чизро аз Худо талаб мекунам, на аз касе. Ризқдиҳандаву, обрӯдиҳанда ва ҳаётбахшандаи мо танҳо Худованд аст ва ӯ моро халқ кардааст. Аз телевизион маро нишон медиҳанд ё не бароям фарқ надорад ва муҳтоҷ ин чиз ҳам нестам. Дар ҳоли ҳозир беҳтарин ҷой барои реклама ин шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Беҳтарин ҷой таблғ интернет аст. 90 дар сади аҳолӣ низ аз интернет истифода мекунанд. Ё мисол меорем Баха-84-ро. Баха-84 дар телевизионҳо баромад намекунад, аммо маҳбубтарин ва шинохтатарин рэпсарои тоҷик аст. Вақте Баха-84 косерт карданӣ мешавад, дар толор ҷой нишаст намемонад.