Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтан ё нарафтан? Интихоби мушкили Хотамӣ


Муҳаммади Хотамӣ
Муҳаммади Хотамӣ

Раисиҷумҳури собиқ ва ислоҳталаби Эрон бояд худ тасмим бигирад, ки оё ба интихоботи моҳи июн номзад хоҳад рафт?

Бо онки то интихоботи 14 июни раёсатҷумҳурии Эрон камтар аз 3 моҳи дигар мондааст, даъватҳо аз раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Муҳаммади Хотамӣ барои рафтан ба ин корзор бештар садо медиҳанд. Оё Хотамӣ, ки аз соли 1997 то 2005 ду давра раҳбари давлати Эрон буд ва аз хушномтарин намояндагони ҷиноҳи ислоҳталаб дар саҳнаи сиёсии Эрон ба шумор меравад, ба ин даъватҳо гӯш фаро хоҳад дод? Рафтан ё нарафтан ба интихобот – ин аст тасмиме ки ӯ бояд бигирад. Тасмиме ки барояш чандон содаву осон нест.


Ислоҳталабон, ки дар ин чанд соли охир аз саҳнаи сиёсии Эрон тақрибан рӯфта шуданд, дар симои Хотамӣ нафареро мебинанд, ки метавонад таносуби нирӯҳоро дар ин бозии интихоботӣ иваз кунад. Бархеи дигар чунин хушбин нестанд ва мегӯянд, гумон аст, ки Шӯрои нигаҳбон, ки ҳаққи таъйиди феҳрасти ниҳоии номзадҳо пеши ҳамин як ниҳоди ғайримунтахаб, вале хеле мутанаффиз дар низоми Ҷумҳурии исломист, номзадии Хотамиро таъйид кунад. Ва ба ақидаи мунтақидон, Хотамӣ бо рафтан ба интихоботи 14 июн ба низоми кунунӣ машрӯъият дода, талошҳои онҳоеро, ки алайҳи натоиҷи интихоботи соли 2009 ба муборизаи ошкор бархоста буданд, замин мекунад.

Номзади идеалӣ

Ҳафтае пеш 91 тан аз ислоҳталабони саршинос, бо шумули Ҳодӣ Хоманаӣ – бародари раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - ва Маъсума Ибтикор – ноиби собиқи раисиҷумҳур ва сухангӯи даврони буҳрони гаравгонгирии Эрон- аз Хотамӣ хостанд, ки худро дар интихоботи 14 июн номзад кунад. Ба бовари онҳо, “маъруфияти нодир” ва “собиқаи олӣ”-и Хотамӣ ӯро ба номзади идеалие табдил медиҳад, ки тавони аз вартаи буҳрони кунунӣ берун кашидани Эронро дорад. Ба дунбол, Шӯрои ҳамоҳангсози Ҷабҳаи ислоҳталабон, ки 16 гурӯҳи ислоҳталабро муттаҳид мекунад, низ аз Хотамӣ айни даъватро кардааст.


Муҳаммадалӣ Аёзӣ
Муҳаммадалӣ Аёзӣ
Рӯҳонӣ Муҳаммадалӣ Аёзӣ, узви Ҷамъияти уламову устодони Қум, яке аз гурӯҳҳои тарафдори пешбарии Хотамӣ, бар ин бовар аст, ки Хотамӣ метавонад барои рафъи танишҳои дохиливу байналмилалие, ки Эрон дучор шудааст, кумак кунад. Ба ақидаи Аёзӣ, ҳатто агар Шӯрои нигаҳбон номзадии Хотамиро напазирад, боз ҳам ӯ набояд аз мубориза даст бикашад: “Наметавонем бигӯем, ки иқдом накунем барои онки мумкин аст, онҳо радд бикунанд. Ин мантиқӣ нест. Дар шароити гузашта ҳам ҳамеша чунин набуда, ки онҳо розӣ буданд ё мехостанд, ки таъйид бикунанд. На! Шароити иҷтимоӣ метавонад хеле таъсиргузор бошад ба инки онҳо чӣ тасмим бигиранд.”

Фаъоли сиёсӣ Тағӣ Раҳмонӣ, ки дар аҳди Хотамӣ зиндонӣ шудаву ҳоло дар Порис ба сар мебарад, низ мӯътақид аст, ки номзадии Хотамӣ метавонад заминаи бозгашти садоҳои норозӣ ба саҳнаи сиёсии Эронро фароҳам биорад: “Бо вурудаш моҷаро хатм мешавад. Моҷарое ки мо алъон бештар барояш ниёз дорем, то садои ҷомиаи маданӣ боз бишавад ва қудратро мулоҳизакортар кунад."

Мустафо Тоҷзода, муовини вазири кишвар дар аҳди Хотамӣ, ки дар ҷараёни ошӯбҳои пасоинтихоботии соли 2009 ба зиндон афтод, низ дар номае саркушода аз зиндони бадноми Эвин навиштааст, ки Муҳаммади Хотамӣ набояд нисбат ба Эрон ва мардумаш “бефарқ” бошад. Ӯ меафзояд, “имрӯз тамоми назарсанҷиҳои анҷомшуда аз ҷониби вазорати кишвар то Сипоҳи посдорони инқилоб, аз симо то маҷлис, ҳокист ки интихоби аввали мардум бо Хотамист” ва ин маъруфияти ӯ хашми тундравонро барангехтааст.

Аммо хабарнигори эронӣ Муҳаммадҳусейни Зиё мегӯяд, пешбарии ин номзади ислоҳталаб бештар ба зиён хоҳад буд ва рафтани Хотамӣ ба интихобот ба режими Эрон танҳо машрӯъияти бештар хоҳад дод: “Ин зери суол бурдани тамоми он шиорҳоест, ки мегуфтем: Раъйи ман ку? Ин зери суол бурдани иддаои тақаллубест, ки шуда буд. Ва он ҳам дар шароите ки ду номзади интихоботи қаблӣ (Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ) ҳанӯз дар зиндонанд. Ва омадани оқои Хотамӣ нодида гирифтани тамоми он мавориди он муҷозоту хунҳоест, ки рехта шуд ва нодида гирифтани онҳоест, ки алъон дар зиндонанд.”


Мӯсавӣ ва Каррубӣ
Мӯсавӣ ва Каррубӣ
Мӯсавӣ ва Каррубӣ – ду номзади умдаи ислоҳталабон дар интихоботи соли 2009 – аз моҳи феврали соли 2011 дар пайи даъват ба эътирозҳо ба ҳимоят аз Баҳори Араб дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Хотамӣ номзадиашро дар интихоботи соли 2009 низ пешбарӣ карда буд, вале ба фоидаи Мӯсавӣ аз корзор канор рафт.

Хотамӣ рӯзи 11 март гуфт, “нигарони тасмими ман набошед. Ман танҳо як тан аз ҷамъи бузурги ислоҳталабонам.” Дастикам як рӯҳонӣ аз ҷабҳаи ислоҳталабон аз ҳоло иддао дорад, ки Хотамӣ тасмимашро алакай гирифтааст. Раҳматуллоҳ Бегдилӣ, аз раҳбарони ҳизби Эътимоди миллӣ ахиран дар Фейсбук навишт, ки тасмими раисиҷумҳури пешин коре ҳаллшуда аст ва гӯё Хотамӣ дар як сӯҳбати хусусӣ ба Бегдилӣ гуфта, ки танҳо мояи нигаронии ӯ тақаллуб дар интихобот аст.
XS
SM
MD
LG