Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаҳри бехатар" то куҷо бехатар аст?


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ширкати Huawei -и Чин созишномаи «Шаҳри бехатар»-ро, ки қарор буд, соли равон амалӣ мешуд, ниҳоят ба имзо расонд.

Ба қавли Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳадаф аз ин тарҳ, назорати ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, қоидавайронкунӣ, садамаҳо, идораи самараноки ҷараёни нақлиётӣ ва чароғакҳо дар роҳу кӯчаҳои Душанбе аст.

Ҷаноби Асадуллоев афзуд, «дар кӯчаву хиёбонҳо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда мешаванд. Тамоми қоидавайрокуниҳо, омоли ношоиста ва ҳатто ҷиноятҳо сабт мешаванд. Ин ба ошкор кардани ҷиноятҳо мусоидат мекунанд. Ҳамчунин ба он мусоидат мекунад, ки ҷиноятҳои коррупсионии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зуд ошкор шаванд.»

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои расмӣ, барои тарҳи «Шаҳри бехатар» 22 миллион доллар қарзи камфоизи Чин тариқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой истифода мешавад. Ширкати чинии Huawei то моҳи ноябри соли 2013, замони интихоботи президентии Тоҷикистон дар ду марҳала онро омода хоҳад кард ва ба ҳукумати Тоҷикистон хоҳад супурд.

Huawei яке аз ширкатҳои бузургтарини ҷаҳон дар соҳаи мухобирот аст, ки соли 1987 ташкил шуда, ҳоло пас аз ширкати шведии Ericsson, дувумин истеҳсолгар ва соҳиби 16 дарсади бозори таҷҳизоти мухобиротӣ, аз қабили телефону модемҳои бесим ва қисмҳои эҳтиётии онҳо аст. Гардиши молии ширкат дар соли 2011 сиву ду миллиард долларро ташкил додааст, ки аз ин ҳудуди 2 миллиард доллари он фоидаи соф аст.

Ин ширкат соли 1997 ба хориҷ аз Чин қадам гузошта, ҳоло дар 175 кишвар фаъолияташро ба роҳ монда, ҳудуди 140 ҳазор корманд дорад ва муваффақтарин ширкати чинӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аммо тайи ин муддат дар матбуоти Ғарб аз мавориди ҷосусӣ, фиреб ва сирқати моликияти зеҳнӣ, ки ба Huawei рабт доранд, низ матолиб нашр шудаанд.

Соли 2003 дар аёлати Техсаси ИМА ширкати Cisco Systems ба додгоҳ шикоят бурд, ки Huawei Technologies системаи VRP ва ҳуҷҷатҳои маршрутизатори Quidway – ро дуздидааст. Ин баҳс хориҷ аз додгоҳ ҳалли худро ёфт. Як чунин мавриди дигар дар намоишгоҳи фанновариҳои ҷадид мавсум ба SuperComm рух дод, ки корманди Huawei ҳангоми акс бардоштан аз таҷҳизоти ширкати рақиб боздошт шуд. Дар ҳарду маврид Huawei барои кормандони бевиҷдонаш узр пурсид.

Аммо нигарониҳо дар Ғарб аз ин ҳам бештар ва ҷиддитар буданд. Соли 2011 матбуоти ИМА аз эҳтимоли ҳамкории Huawei бо вазорати амнияти Чин сӯҳбат кард, аз ҷумла ба он далел, ки асосгузори ин ширкат Рен Женгфей, собиқ муҳандиси низомӣ ва узви Артиши озодихоҳи Чин аст. Соли равон ҳамчунин баҳсҳо ҳангоми харидории таҷҳизоти ин ширкати чинӣ барои ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Бритониё низ сар заданд ва суол ин буд, ки то куҷо метавон ба таҷҳизоти Huawei эътимод кард.

Huawei ҳоло дар 10 кишвари собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла аз соли 2001 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Соли 2009 ҶДММ «Huawei – технологияҳои Тоҷикистон» ташкил шуда, 105 коргар дорад, ки 70 дарсадаш мардуми маҳаллӣ ҳастанд. Ва рақиби умдатаринаш дар бозор Тоҷикистон ҳам Cisco- и амрикоӣ аст.

Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев
Коршиносон бо назардошти ин, ки Чин яке аз қудратҳои нуфузталаб ва ҳамкори ҳукумати Тоҷикистон аст, ба ихтиёри ширкати чинӣ афтодани тарҳи «Шаҳри бехатар»-ро орӣ аз хатарҳо ба амнияти Тоҷикистон медонанд.

Асомуддин Атоев, коршинос дар умури фанновариҳои ҷадид мегӯяд, бидуни баҳс, ширкатҳои пиёдакунандаи манофеи кишварҳои худ ҳастанд, аммо ҳузури Huawei ва рақобаташ бо Cisco ба нафъи Тоҷикистон аст: «Аз истифодаи технологияҳо набояд ҳаросид, аммо бояд он фановариҳое бояд мавриди истифода бошанд, ки стандартҳои озодро истифода мекунанд ва сарчашмаи коди онҳо дастрас аст. Солҳост, ки ҳамин нуктаро мо дар бораи барномаҳои компютерӣ мегӯем, аммо касе парво надорад. То он замоне, ки Huawei дар бозори Тоҷикистон яккатоз нест, хатаре нахоҳад дошт.»

Дар ҳамин ҳол, нигарониҳои иддае аз коршиносон аз ин аст, ки тариқи тарҳи «Шаҳри бехатар» мақомоти қудратии Тоҷикистон бо баҳонаи таъмини амнияти мардум, озодиҳои онҳоро маҳдуд мекунанд. Аммо Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, дурбинҳои назоратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, серодам ва роҳҳо насб карда мешаванд, дар истироҳатгоҳҳо ва дигар ҷойҳое, ки ба кори шахсии одамон рабт доранд, онҳо насб нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG