Мақомоти Афғонистон мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ ҳамлаҳои ҷангиён дар Гардезу Ҷалолободро баргардонданд, вале даргириҳои пароканда дар Кобул ва Пулиолам ҳанӯз маҳор нашудааст. Имрӯз чанд шаҳри Афғонистон, бо шумули Кобул ҳадафи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи чирикиҳо қарор гирифт.
Як сухангӯи Толибон гуфт, ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи имрӯзаро Толибон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои дигари чирикӣ анҷом додааст. Аммо Лутфуллоҳ Машъал, сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон гуфт, таҳқиқоти аввалия ҳокии даст доштани шабакаи чирикии дар Покистон мустақарбудаи Ҳаққонӣ дар ин ҳамлаҳост. Ӯ афзуд, дар шимоли кишвар аз як сӯъиқасд ба ҷони Абдулкарим Халилӣ, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон низ ҷилавгирӣ кардаанд.
Афроди мусаллаҳ имрӯз дар се нуқтаи шаҳри Кобул бо нерӯҳои амниятии афғон даргир шуданд. Аз ҷумла гузоришҳо аз даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҳамлагарон дар дохили як меҳмонхонаи панҷситорадор мерасад. Тибқи охирин хабарҳо, ин даргирӣ дар чаҳорроҳии Занбақи шаҳри Кобул идома дорад ва ҷузъиёти дақиқ дар мавриди ин ҳодиса то кунун маълум нест.
Аз ҷониби дигар, як мақоми афғон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки бинои парлумони Афғонистон дар минтақаи Вазир Акбархон ва сафорати Русия дар наздикии парлумон низ ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол масъулони амниятӣ дар вилояти Лугар, дар шарқи шаҳри Кобул мегӯянд, афроди мусаллаҳ дар маркази ин вилоят дохили як бино шуда ва ба чаҳор тараф тирандозӣ мекунанд. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ҳуҷумкунандаҳо дохили Раёсати маъдани вилоят сангар гирифта ва қароргоҳи нерӯҳои эътилоф ва идораҳои давлатиро ҳадаф қарор медиҳанд.
Ҳамзамон гузоришҳо мерасанд, ки шуморе аз афроди мусаллаҳ вориди як бино дар Гардез - маркази вилояти Пактиё шуда ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир ҳастанд. Гуфта мешавад чанд шахси интиҳоркунанда дохили хобгоҳи донишҷӯён шуда ва аз онҷо ба нерӯҳои амниятӣ тирандозӣ кардаанд.
Дар айни замон гузоришҳои расида аз шаҳри Ҷалолобод, аз вуқӯъи таркиш дар дафтари идораи бозсозии вилоятӣ ҳикоят мекунад. Аҳмад Зиё Абдузай, сухангӯи волии Нангарҳор ин ҳодисаро таъйид карда, аммо аз ироаи тафсилот худдорӣ намудааст.
Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш гирифтааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки худашро сухангӯи Толибон муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки афроди онҳо сафорати Бритониё, маркази нерӯҳои байналмилалӣ дар Кобул, бинои парлумон, марокизи гурӯҳҳои бозсозии вилоятӣ дар Лугар ва Нангарҳорро ҳадаф қарор додаанд.
Теъдоди дақиқи талафоти аз ин ҳамлаҳо то кунун маълум нест.