Ин шабака, ки онро «Интернети шаръӣ» ҳам ном гузоштаанд, дар садади роҳандозии шабакаи миллии иттилоотист, ки бояд ҷойгузини шабакаи ҷаҳонии Интернет дар Ҷумҳурии исломӣ шавад.
Ба навиштаи рӯзномаи эронии «Рӯзгор», Эрон қасд дорад то ду ҳафтаи дигар шабакаи миллии иттилоотиаш, ё ба истилоҳ Интернети дохилиро фаъол кунад.
Ин шабакаи дохилӣ зоҳиран касби назорати комил бар фазои интернетиро дар кишвар ба ҳадаф дорад. Раҳбарони Эрон қарори маълум, шабакаи ҷаҳонии Интернетро як абзор дар «ҷанги нарм»-и Ғарб алайҳи Ҷумҳурии исломӣ медонанд.
Амин Собитӣ, коршиноси масоили Интернет мегӯяд, ин ҳама мушкили дар кори Интернет ва қатъу кундӣ ғолибан ҳалқаҳои як занҷиранд ва мақомоти Эрон кишварро ба ин васила ба роҳандозии шабакаи миллии Интернет омода мекунанд.
Амин Собитӣ мегӯяд, роҳандозии шабакаи миллии Интернет хубиҳое ҳам дорад, чун таъмини суръати хубтар ё созмондиҳии иртиботот байни донишгоҳҳо. Вале, ба бовари ӯ, ҳадафи аслӣ боз ҳам касби назорати комил бар ин шабака дар ҳолатҳои буҳроние, чун бурузи эътирозҳост.
Пешниҳоди сохтани шабакаи миллии Интернет, ки баҳсаш дар Эрон хеле боз идома дошт, баъди ошӯбҳои пасоинтихоботии соли 2009 доғтар шуд. Мақомоти Теҳрон мӯътақиданд, ки барои аланга додани эътирозҳои соли 2009, аз имконоти фаннии Интернет фаровон истифода шуда буд ва Ғарб амалан ин шабакаи саросариро ба як абзор дар «ҷанги нарм»-аш алайҳи Эрон табдил додааст.
Дар пайи инқилобҳои «Баҳори Араб», нақши Интернет ва шабакаҳои иҷтимоие, чун Facebook ва Twitter дар ташкили чунин эътирозҳо барҷаста ба намоиш даромад. Нимо Рашидон, таҳлилгари эронии масоили Интернет мегӯяд, ибтикори ахири мақомоти Эрон низ аз ҳамин нақши Интернет дар эътирозҳои "Баҳори Араб" об мехӯрад.
Зимнан танҳо Эрон нест, ки ба сохтани Интернети миллӣ азм мекунад. Дар ин авохир чанд низоми худкомаи дунё таҳдид ба чунин иқдом кардаанд. Дар Беларус аз 6-уми январ қонуни нави ҷиноӣ ба иҷро медарояд, ки истифодаи сомонаҳои марбут ба серверҳои хориҷиро дар ин кишвар манъ ва барои онҳое, ки дар сомонаҳои «бегона» сайр мекунанд, 96 евро ҷарима таъйин кардааст. Ин қонун ба мардуми Беларус фақат истифода аз сомонаҳои дар сервери миллӣ сабтшударо иҷозат медиҳад.
Аммо пиромуни аҳдофи Эрон аз ҷорӣ кардани Интернети дохилӣ, ё «Интернети шаръӣ» гуфтугӯе доштем бо Меҳдӣ Мӯҳсинӣ, як блогнависи маъруфи эронӣ дар Олмон.