Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳизби муҳоҷирони тоҷик" ба манфиати кӣ хоҳад буд?


Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Бархе аз мақомоти Тоҷикистон аз изҳороти раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки аз қасди таъсиси як ҳизби сиёсии муҳоҷирон сӯҳбат кардааст, истиқбол намудаанд.

Қурбоналӣ Раҳмонов, мушовири раисиҷумҳур дар умури иҷтимоӣ гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз изҳороти Каромат Шарифов хуш истиқбол мекунад.
Ин ҳизб таъсис ҳам шавад, ба хотири дифои манфиатҳои молии худашон мешавад, на ба хотири манфиатҳои муҳоҷирони корӣ...

Ин мавзеъгирии мақомоти давлатӣ роҷеъ ба ақидаи таъсиси ҳизби сиёсии муҳоҷирон баҳси мазкурро бештар ҳассос кардааст. Каромат Шарифов гуфта буд, ки ҳизби муҳоҷирони корӣ метавонад дар интихоботи ояндаи порлумонӣ аксарияти курсиҳоро соҳиб шавад ва майдони фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро танг кунад.

Ин изҳороти Каромат Шарифов дар ҳолест, ки ӯ ба рағми иттиҳомоти ворида алайҳаш ахиран бо мақомоти Тоҷикистон наздикӣ пайдо карда, иҷозаи боздид аз Тоҷикистонро низ ёфтааст.

Андешаи таъсиси Ҳизби муҳоҷирон дар Тоҷикистон ба чор ё панҷ соли пеш бармегардад. Коршиносон ҳам мегӯянд, ин андеша ё идеяи танҳо Каромат Шарифов нест. Балки бо ҳассос шудани вазъият ва таваҷҷӯҳи бештари муҳоҷирон гурӯҳҳои хос талош доранд, аз фурсат истифода кунанд. Ба қавли онҳо, вақте гурӯҳҳои дигар иқдом ба таъсиси ин ҷунбиш карданд, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад пешопеш ин ибтикорро тавассути омилони худ дар миёни муҳоҷирон ба даст бигирад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:33 0:00
Линки мустақим


Бино ба иттилои ғайрирасмӣ беш аз як миллион тоҷикистонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд...
Бино ба иттилои ғайрирасмӣ беш аз як миллион тоҷикистонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд...
Амнияти Абдулназар, таҳлилгар ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар ин бора мегӯд: "Он чизе, ки Каромат Шарифов имрӯз ташкил карданӣ аст, ба назари ман, бо дархости ҳукумати кунунии ҷумҳурӣ аст. Ин ҳизб таъсис ҳам шавад, ба хотири дифои манфиатҳои молии худашон мешавад, на ба хотири манфиатҳои мардони корӣ. Пуштибонии мушовири раисиҷумҳур аз таъсиси ин ҳизб худ далели ин аст, ки кор фармоишӣ аст."

Ҷаноби Абдулназар мегуяд, Ҳизби муҳоҷирон наметавонад ба мушкилоти муҳоҷирон ба сурати мустақим расидагӣ кунад, зеро он як ташкилоти миллӣ ва ҷумҳуриявӣ хоҳад буд, на байнулмилалӣ, ки битавонад дар хориҷ аз кишвар ва дар Русия низ амал бикунад. Бар асоси қонунҳои Русия таъсиси ҳизби сиёсӣ аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ дар он кишвар мамнӯъ аст ва ин қонунҳо иҷозаи таъсиси ташкилоти ҳизбии хориҷиро низ дар он кишвар намедиҳанд.

Пас, Ҳизби муҳоҷирони кории Тоҷикистон метавонад аслан дар Тоҷикистон таъсис ва сабти ном шавад ва ба гунаҳои дигар фаъолияти худро дар миёни муҳоҷирон ба роҳ андозад. Ахиран ҲНИТ низ дар миёни муҳоҷирони кории Тоҷикистон таблиғотеро ба роҳ андохт, ки боиси вокуниши Каромат Шарифов шуда буд. Оқои Шарифов гуфтааст, Ҳизби муҳоҷирон агар таъсис шавад нуфузи ҲНИТ-ро маҳдуд хоҳад кард. Аммо масъулини ҲНИТ мегӯянд, аз иқдоми таъсиси Ҳизби муҳоҷирон истиқбол мекунанд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд: "Бошад, ки биёянд, таъсис кунанд, ҳизби пурқувват шаванд, пурнуфуз шаванд, мо ҳам истиқбол мекунем. Аммо аз орзуву ният то таҳаққуқи он хеле роҳи дароз аст. Ин ҷо биёянду ин тақаллубу ноҳаққиро бинанд, боз нагурезанд, хуб аст."

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия умдатан ғайри сиёсӣ ҳастанд ва ба сиёсат таваҷҷӯҳе надоранд ва бисёр мушкил аст, ки дар як ташаккули сиёсӣ табдил шаванд. Магар дар Русия мавриди таъқиб қарор бигиранд, ё аз кор маҳрум шаванд ва ё ихроҷ гарданд. Марат Мамадшоев, сардабири ҳафтаномаи русизабони «Азия-Плюс» мегӯяд, агар Ҳизби муҳоҷирон ҳизби мустақил хоҳад буд, ба мушкил аст бовар кардан, ки он дар Тоҷикистон сабти ном шавад.

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия-Плюс"
Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия-Плюс"
Ӯ мегуяд: "Ин ҷо чунин ҳизберо ба ҳеҷ сурат сабти ном намекунанд. Магар он ҳизбро тавассути шарикони боэътимоди моил ба худашон таъсис бидиҳанд. Дар миёни ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷики муҳими Русия чунин гурӯҳҳое, ки вафодор ва содиқ ба мақомот, тавре медонем, зиёд аст."

Ин дар ҳолест, ки бархе дигар аз таҳлилгарон сиёсӣ кардани ҳаракати муҳоҷиратро хатарнок унвон мекунанд. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, муҳоҷирон ниёзе ба ҳизби исёӣ надоранд ва ҳалли мушкилоти онҳо вазифаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, сиёсӣ кардани ҳаракати муҳоҷират пайомади хубе нахоҳад дошт: "Сиёсӣ кардани ҳаракати муҳоҷират ба нафъи муҳоҷирон нест. Оқибати хуб надорад. Метавонад боиси ҷудоӣ дар ҷамъиятҳои тоҷикӣ ва миёни муҳоҷирон шавад. Ин бар зарари муҳоҷирон ва иқтисоди Тоҷикистон аст."

Аммо суоли дигар ин аст, Каромат Шарифов, ки аз таъсиси Ҳизби муҳоҷирони тоҷик сӯҳбат мекунад, кист? Каромат Шарифов афсари собиқи Артиши Шуравӣ ва Русия мебошад. Ӯ дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дар ҳайати фирқаи 201-и Русия то соли 1996 адои хидмат кардааст. Баъд аз фориғ шудан аз хидмати сарбозӣ Каромат Шарифов дар соли 2007 Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро таъсис дод.

Ҳамасола садҳо тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан оварда мешавад...
Ҳамасола садҳо тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан оварда мешавад...

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон навишта буданд, ки Каромат Шарифов дар Тоҷикистон таҳти пайгард аст ва парванда дорад. Аммо дар моҳи июни соли равон ӯ дар ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар моҳи сентябр дар 20-солагии истиқлол ҳузур пайдо кард, ки ба гуфтаи коршиносон, далели забон ёфтани ӯ ба мақомот аст. Аммо суоли дигар ин аст, ки аз Каромат Шарифов ба суди кӣ метавонад хидмати бештаре бикунад, ба нафъи кишвари матбӯъаш ба унвони афсари Русия ва ё ба суди ватани бобоӣ ва хунияш - Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG