Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи расмии чопи китоби "Ҷойгоҳи зан дар ислом"


Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, давлатмард ва рӯҳонии саршиноси тоҷик
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, давлатмард ва рӯҳонии саршиноси тоҷик

Пас аз ду моҳи омӯзиш ба чопи китоби “Ҷойгоҳи зан дар ислом”- и Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода иҷозат додаанд.

Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ба радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ҳақиқат тайи чанд моҳи ахир ин китоб аз сӯи мутахассисони Кумитаи дин бозрасӣ мешуд. Акнун ҳар интишороти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки китоби "Ҷойгоҳи зан дар ислом»-ро ба табъ расонад.

Баррасии китоби мазкур аз ҷониби Кумитаи дин дар шаш
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон

саҳифа ироа шуда ба ислоҳи имлоии баъзе луғатҳое, ки кор фармуда шудаанд, ишора карда шудааст.

Муаллифи ин китоб Ҳоҷӣ Акбари Турҷонзода, аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" таъкид кард, ки дар тавзеҳоти Кумитаи дин гуфта шудааст, ки дар масъалаи озодии занон аз Кодекси зан дар Тоҷикистон истифода нашуда ва он маҳдуд ба ислом навишта шудааст: «Дар ин тавзеҳот, гуфта шудааст, ки дар масъалаи ҳуқуқи зан маҳдуд ба шариат шудаву Кодекси зан дар Тоҷикистонро сарфи назар кардааст, ки дар он оид ба ҳуқуқи зан муфассалтар баён шудааст. О, ин мавзӯъи мо нест, мо роҷеъ ба ҳуқуқи зан дар ислом, китоби худро навиштаем. Он мавзӯи дигар аст ва ҳар касе, ки мехоҳад доир ба ҳуқуқи зан дар қонунгузориҳои Тоҷикистон чизе бинависад бояд китоби худашро нависад.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00
Линки мустақим


Ба қавли Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, дар тавзеҳи мутахассисони ин кумита дар робита ба баъзе аз калимаҳои арабие, ки дар ҷумлаҳо истифода шудааст, эрод гирифта

шудааст. Масалан, ҳар ҷое, ки ду ҳарфи «қ» дар калимаҳои назири «ҳаққ» истифода шудааст таъкид шудааст, ки як «қ» истифода шавад беҳтар аст, зеро ин зарурати имлои забони тоҷикӣ будааст.

Сардори гурӯҳи бозрасии Кумитаи дин Саидбек Маҳмадуллоев мегӯяд, ки китоби «Ҷойгоҳи зан дар ислом» ба қонунгузориҳои Тоҷикистон ҳеҷ мухолифат надорад ва бо пешниҳоди як тавзеҳот, тавсия дода шуд, ки ба нашр расад.

«Дар тавсияҳое, ки ба ин китоб навишта шуда пешниҳод карда шуд, яке аз нуктаҳо ин буд, ки китоби мазкур ба қонунгузориҳои Тоҷикистон мухолифат надорад, лекин дар масъалаи имло мо пешниҳод кардем, ки тибқи имлои имрӯзаи забони тоҷикӣ калимаҳои арабие, ки бо ташдид анҷом мешаванд, дар забони тоҷикӣ бо як ҳарф навишта мешавад. Масалан, калимаи «кул» агар изофа гирад, мувофиқ ба имлои имрӯза бояд бо ду «л» навишта
Саидбек Маҳмадуллоев, сардори гурӯҳи бозрасии Кумитаи дин

шавад. Ин тавсияҳо ба хотири ин ҳастанд китоб боз ҳам беҳтару бидуни иштибоҳоти имлоӣ, бар асоси имлои имрӯза навишта шавад.»

Пас аз он, ки дар моҳи майи соли равон ин китоб бо теъдоди маҳдуд аз чоп баромад, Кумитаи дини Тоҷикистон иддао кард, ки нашри китоби динӣ беиҷозати ин ниҳод дар кишвар мамнӯъ аст.

Оқои Тураҷонзода дарҳол китоби «Ҷойгоҳи зан дар ислом»-ро дар ихтиёри бахши бозрасии Кумитаи дини кишвар қарор дод ва тайи ин муддат китоби мазкур аз назари тасҳеҳу таҳрири забониву имлоӣ ва услубӣ баррасӣ шуд.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар робита ба китоби худ мегӯяд, ки дар ин мавзӯъ дар олами ислом адабиёти зиёде нашр шудааст. Оқои Тураҷонзода меафзояд, ки шояд хидмати эшон дар он бошад, ки ин мавзӯи ниҳоят муҳимро ба шакли китоб бо забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ ва бо дарназар гирифтани баъзе хусусиятҳои Тоҷикистон таълиф намудааст.

Ҳоло китоби «Ҷойгоҳи зан дар ислом» дар интишороти хусусии «Шуҷоиён» дар дасти чоп аст ва интизор меравад, ки дар ҳафтаи оянда бо теъдоди зиёд ба табъ расад.
XS
SM
MD
LG