Таркиш дар ин нерӯгоҳ дар натиҷаи заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳодиса чаҳор тан аз кормандони "Фукушимо-1" ҷароҳат бардоштанд ва аммо ба ҳаёти онҳо хатаре таҳдид намекунад.
Юкио Эдано, як масъули ҳукумати Ҷопон рӯзи шанбе, 12-уми март, ба хабарнигорон гуфт, ки аз таркиш бинои нерӯгоҳ тахриб шудааст, вале болопӯши реактор бидуни осеб боқӣ мондааст.
ҲОЛАТИ ИЗТИРОРӢ
Дар наворҳои телевизиони Ҷопон дуди сафед дар болои нерӯгоҳ ва як бахши тахрибшудаи бинои “Фукушимо-1” баръало дида мешавад.
Масъулин сабабҳои рух додани таркишро меомӯзанд, аммо бархе мутахассисон гуфтаанд, ки бар асари заминларза интиқоли нерӯи барқ ба генераторҳои эҳтиётӣ, ки низоми сардсозии реактори нерӯгоҳро таъмин мекарданд, қатъ шудааст ва аз ин рӯ ҳарорати об дар реакторҳо боло рафтааст.
Бар пояи қавонини Ҷопон, дар сурати аз кор мондани низоми сардсозии нерӯгоҳ ё боло рафтани ҳарорати об дар реактор мақомот бояд фавран вазъи изтирорӣ эълон кунанд ва мардуми атрофро ба ҷойи амнтар кӯчонанд.
Сарвазири Ҷопон Наото Кан тавассути чархбол ба минтақаи "Фукушимо" рафт ва баъди ошноӣ бо вазъ дар бораи эълони ҳолати изтирорӣ тасмим гирифт.
Тибқи иттилои ахир, баъд аз нашри хабари таркиш дар нерӯгоҳи ҳастаӣ, ки дар 150-километрии Токио воқеъ аст, ҳазорон сокинони пойтахти Ҷопон талош доранд, то аз шаҳр берун раванд.
Нозофарин, як хабарнигори муқими шаҳри Токио, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки инфиҷор дар нерӯгоҳи “Фукушимо-1” метавонад баробар бо инфиҷори бами атомӣ бошад.
“Дар ин гуна ҳолат ҳамеша мақомоти шаҳри Токио ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати боронгарӣ аз манзилҳои худ берун нараванд, зеро ин борон метавонад радиоактивӣ бошад”, мегӯяд хонум Нозофарин.
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁН АФЗОИШ ХОҲАД ЁФТ
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Токио ба тадриҷ ба шароити пешин бармегардад, “вале ҳанӯз ҳам бисёре аз фурӯшгоҳҳо ва идораву муассисаҳо бастаанд, раҳбарони онҳо ба хотири вазъе, ки пеш омадааст, кормандонашонро ба маҳалли сукунаташон ва ё барои рухсатӣ фиристоданд”. Нозофарин меафзояд, дар пойтахт қатораҳо ҳаракат мекунанд ва шоҳроҳҳо бозанд, аммо шоҳроҳҳое, ки сӯи шимол ва шарқ мебарад, масдуд боқӣ мемонанд, зеро зилзила ба он манотиқ бештар осеб расондааст. “Дар Токио мардум саъй мекунанд, ки вазъи рӯҳии худро ҳифз кунанд, вале дар чеҳраҳояшон метавон осори нигарониро дид”,-мегӯяд ӯ.
Ҳукумати Ҷопон эълом дошт, ки дар заминларза беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи хонум Нозофарин, ин рақам тағйир хоҳад ёфт, зеро бар асари сунамӣ манотиқи зиёде зери об монда ва теъдоди афроди беному нишонғайбзада низ зиёд аст.
Ӯ меафзояд, ки “дар ҳоли ҳозир дар бархе манотиқ оташсӯзӣ идома дорад ва агар вазъ ҳамин гуна идома ёбад, шояд мушкилоти дигаре ҳам пеш ояд”.
ЗАМИНЛАРЗА? МАНЗИЛРО ТАРК НАКУНЕД!
Нозофарин мегӯяд, замоне, ки заминларза рух дод, ӯ ва писари хурдсолаш бояд савори лифт мешуданд. “Мо зоҳиран хушшонс будаем, зеро агар чанд лаҳза пештар савори лифт мешудем, шояд соатҳо дар он боқӣ мемондем”,-изҳор намуд ҳамсӯҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, дар Ҷопон баробари заминларза нерӯи барқ ва интиқоли газ қатъ мешавад ва аз ҳадаф аз ин ҷилавгирӣ аз оташсӯзиҳост.
Аз сӯи дигар, ҳангоми заминларза мардум аз манзилҳо ва дигар биноҳо берун намераванд, зеро иморатҳо дар Ҷопон мутобиқ ба заминларзаҳо бунёд мешаванд ва мардум ҳам ба мустаҳкам будани биноҳо эътимод доранд.
“Бубинед, дар ин заминларзаи нерӯяш қариб 9 дараҷа дар Токио биное осеби ҷиддӣ надидааст”,-мегӯяд Нозофарин. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрдории Токио низ ба мардум машварат медиҳад, ки аз биноҳо берун нараванд, то аз лавҳаву овезаҳо ва ё бар асари ягон ҳодисаи нохуш осеб набинанд.