Нерӯҳои содиқ ба раҳбари Либия талош доранд, ки пойтахти кишвар шаҳри Триполӣ аз назораташон берун намонад. Бархе аз хабаргузориҳо менависанд, ки атрофи шаҳр тонкҳои нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ иҳота кардаанд. Худи Қаззофӣ гуфтааст, ки тавони саркӯб кардани ошӯбҳо ва комилан таҳти назорат гирифтани кишварро дорад.
Идомаи нооромиҳо дар Либия даҳҳо ҳазор хориҷиёнро водор сохтааст, ки барои тарки ин кишвари арабӣ шитоб кунанд.
Бар асари бархӯрди нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳур ва мухолифони ҳукумат садҳо нафар кушта шудаанд ва бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки ин фақат ибтидои низои густарда дар Либия аст.
Каззофӣ роҳи оштӣ боқӣ нагузоштааст?
Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна мегӯяд, ки суханронии ахири Муаммар Каззофӣ умедҳоро барои сулҳу салоҳ дар кишвар аз байн бурд. Ба гуфтаи ӯ, “коршиносон интизор доштанд, ки раҳбари Либия аз миллаташ дилҷӯӣ хоҳад кард ва чун Зайнулобиддин бини Алӣ мегӯяд, ки дарди мардумашро эҳсос кардааст ва ё чун Ҳуснӣ Муборак роҳи мусолиҳа бо мухолифонашро ҷӯё мешавад. Ва аммо, баръакс, Каззофӣ тақрибан гуфтаҳои чанд рӯз пеши писарашро такрор кард, ки ҳушдор дода буд Либия ба хок яксон мешавад ва ҷӯи хун дар кишвар ба роҳ хоҳад уфтод”.
Қаззофӣ эълом дошт, ман раисиҷумҳуре нестам, ки чун Бини Алӣ ва Муборак истеъфо диҳам, ман раҳбари инқилобам ва то охир дар ин мақом хоҳам монд. “Ин суханону ин амалкардаш ҳеҷ роҳи оштӣ барои ӯ боқӣ нагузоштааст,”- мегӯяд Алиризо Нуризода.
Паёмади ҷанг тақсими қаламрави Либия хоҳад буд
Дар суханронӣ раҳбари Либия ҳамчунин аз ҳамқабилаҳояш даъват намуд, ки ба майдон бирезанд ва аз ҳукумат дифоъ кунанд. Ва аммо дар сурати ба саҳна омадани ҳамқабилаҳои Каззофӣ Либияро чӣ фардое интизор аст? Алиризо Нкризода мегӯяд, “бадтарин сенариё ин аст, ки Каззофӣ дар бахше аз кишвар – ё дар Триполӣ ваё дар ҷануби кишвар неруеро атрофи худ ҷамъ оварад ва ба ҳамлаву кушторро шурӯъ карда боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шавад.
Аввалин асари ин ҷанг чунин хоҳад буд, ки минтақаи ғарби Либия аз шарқи кишвар ҷудо шаванд, ба вижа, ки онҳо чандон иртиботи фарҳангӣ ҳам надоранд, Либия метавонад ду тақсим шавад ва шояд дар Бенғозӣ ва Тобруғ ва манотиқи наздик бо Миср давлати Либияи озод таъсис гардад. Қаламрави боқимонда зери назорати Қаззофӣ хоҳад монд ва таҳдиди фурӯзон боқӣ мондани ҷанги шаҳрвандӣ аз байн нахоҳад рафт.
Баъди Қаззофӣ кӣ Қаззофӣ мешавад?
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Алиризо Нуризода, дар Либия ягон нерӯи сиёсии қудратманде нест, ки ба зудӣ ҷойи Қаззофиро ишғол кунад. Дар ин вазъ шояд низомиён сари қудрат биёянд ва аммо миёни онҳо низ ихтилофу даргирӣ хоҳад шуд. Дигар нерӯе, ки метавонад зимоми қудратро дар Либия ба даст бигиранд, гурӯҳҳои исломиянд, ки аз собиқаи ҳукуматдори бархурдоранд ва ҷонибдоронашон низ кам нестанд..
Мусоҳиби мо мегӯяд, ки ҷомеаи байнулмилалӣ аз ҳоло метавонад аз ҷанги шаҳрвандиву тақсими Либия ҷилавгирӣ кунад. Аз нигоҳи ӯ, ”агар алъон, масалан, иҷозаи парвозҳо ба фарози Либияро надиҳанд ва Қаззофиро таҳдид ва барои берун аз кишвар рафтан водор кунанд, қазия аз ин бештар чигилтар нахоҳад шуд.”
Набояд фаромӯш кард, ки гуфт дар интиҳои сӯҳбат Алиризо Нуризода, сарҳанг Муаммар Қаззофӣ барои сари қудрат мондан омода аст миллаташро нобуд созад ва инро қаблан ҳам намоиш дода буд.