Хабаргузории “Азия плюс” бо такя ба оҷонси “Росбалт” навиштааст, ки ин афрод ва, аз ҷумла, раҳбарони эҳтимолии гурӯҳ Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода дар як амалиёти вижа ба дасти кормандони Раёсати Хадамоти федеролии амният дар Маскав ва вилояти Маскав уфтоданд.
Ҳангоми кофтукоби манзили зисти онҳо бомби нерӯманде ошкор гардид, ки, ба гуфтаи кормандони амниятӣ, аъзои “Ҳизбуттаҳрир” мехостанд дар роҳи оҳан инфиҷор кунанд.
“Ҳизбуттаҳрир” дар “Проспект Мира”
Ба навиштаи “Росбалт”, кормандони амниятӣ дар бораи мавҷудияти ин гурӯҳи “Ҳизбуттаҳрир” тирамоҳи соли равон баъд аз бозпурсии чанд аъзои боздоштшудаи ин ҳизби мамнӯъ дар вилояти Калуга хабар ёфтанд. Дар ин бозпурсӣ рӯшан шуд, ки дар Маскав як бахши “Ҳизбуттаҳрир” фаъолият дорад ва раҳбаронаш нишастҳо доир намуда, муҳоҷирони кориро ба сафи худ ҷалб мекунанд. Кормандони амниятӣ қароргоҳи ин гурӯҳро дар як бино дар наздикиҳои “Проспект Мира” ошкор карданд.
Хабаргузорӣ навиштааст, ки амалиёти боздошти аъзои ҳизби мамнӯъ дар ду марҳала ҷараён гирифт. Рӯзи 20 октябр, дар рафти марҳалаи аввал, кормандони амниятӣ ҳамроҳ бо нерӯҳои зудамал вориди қароргоҳи “Ҳизбуттаҳрир” шуда, дар он ҷо даҳ нафарро дастгир карданд. Аз ин бино варақаҳои тарғиботии “Ҳизбуттаҳрир”, адабиёти мазҳабӣ, як бомби худсохт ва дастури истифода он ва ҳамчунин аксҳои роҳи оҳани Маскав пайдо ва мусодира шуд.
Таркиш ба хотири интиқом?
Акбарҷон Отабоев, яке аз боздоштшудаҳо, иқрор кард, ки раҳбарии ин бахши ҳизби мамнӯъро Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода бар дӯш доранд ва маҳз онҳо нишастҳо доир намуда, аз миёни муҳоҷирони корӣ аъзои нави “Ҳизбуттаҳрир”-ро меҷӯстанд.
Ба гуфтаи Отабоев, ин ду нафар бомберо ба ин бино оварда гуфтанд, ки мехоҳанд ба хотири интиқом аз боздошти “Ҳизбуттаҳрир” дар Русия онро дар яке аз купрукҳои роҳи оҳани Маскав инфиҷор кунанд. Зимнан, Отабоев баъдан аз ин баёноти худ даст кашид. Ба навиштаи “Росбалт”, алайҳи Акбарҷон Отабоев, Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода бо иттиҳоми “ғайриқонунӣ нигаҳ доштани маводи мунфаҷира” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як манбаъи хабаргузорӣ дар хадамоти амниятии Русия ҳадс задааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон шояд дар терроризм ҳам айбдор шаванд.
Дар ҷараёни марҳалаи дуввуми амалиёт, ки рӯзи 7 декабр доир шуд, дар гӯшаҳои гуногуни Маскав 12 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони робита бо “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шуданд. Баъд аз пурсуҷӯ онҳо боздоштгоҳро тарк намуданд ва аммо муваззаф шуданд, ки аз пойтахти Русия берун нараванд.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузорӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар қонуншиканиҳои зиёдеро ҳангоми боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ошкор кардаанд. Светлана Ганнушкина, раиси созмони “Гражданское содействие” ва узви Шӯрои маркази “Мемориал”, ба “Росбалт” гуфтааст, ки парвандаи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистон бар пояи дурӯғи маҳз таҳия шудааст. Ӯ афзудааст, “бо ин гуна аъмоли ғайриқонунӣ ба чизе муваффақ наметавон шуд ва он, баръакс, ба ифротгаро шудани пайравони дини ислом, ба ҷунбишҳои эътирозӣ табдил гаштани баъзе ҷараёнҳои мазҳабӣ ва вуруди афроди нав ба созмонҳое чун “Ҳизбуттаҳрир” мусоидат хоҳад кард”.
Хабари “Росбалт” дар бораи боздошти “таҳририҳои” тоҷикро мақомоти кишвар, аз ҷумла, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилӣ ташреҳ накардаанд.
Ҳангоми кофтукоби манзили зисти онҳо бомби нерӯманде ошкор гардид, ки, ба гуфтаи кормандони амниятӣ, аъзои “Ҳизбуттаҳрир” мехостанд дар роҳи оҳан инфиҷор кунанд.
“Ҳизбуттаҳрир” дар “Проспект Мира”
Ба навиштаи “Росбалт”, кормандони амниятӣ дар бораи мавҷудияти ин гурӯҳи “Ҳизбуттаҳрир” тирамоҳи соли равон баъд аз бозпурсии чанд аъзои боздоштшудаи ин ҳизби мамнӯъ дар вилояти Калуга хабар ёфтанд. Дар ин бозпурсӣ рӯшан шуд, ки дар Маскав як бахши “Ҳизбуттаҳрир” фаъолият дорад ва раҳбаронаш нишастҳо доир намуда, муҳоҷирони кориро ба сафи худ ҷалб мекунанд. Кормандони амниятӣ қароргоҳи ин гурӯҳро дар як бино дар наздикиҳои “Проспект Мира” ошкор карданд.
Хабаргузорӣ навиштааст, ки амалиёти боздошти аъзои ҳизби мамнӯъ дар ду марҳала ҷараён гирифт. Рӯзи 20 октябр, дар рафти марҳалаи аввал, кормандони амниятӣ ҳамроҳ бо нерӯҳои зудамал вориди қароргоҳи “Ҳизбуттаҳрир” шуда, дар он ҷо даҳ нафарро дастгир карданд. Аз ин бино варақаҳои тарғиботии “Ҳизбуттаҳрир”, адабиёти мазҳабӣ, як бомби худсохт ва дастури истифода он ва ҳамчунин аксҳои роҳи оҳани Маскав пайдо ва мусодира шуд.
Таркиш ба хотири интиқом?
Акбарҷон Отабоев, яке аз боздоштшудаҳо, иқрор кард, ки раҳбарии ин бахши ҳизби мамнӯъро Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода бар дӯш доранд ва маҳз онҳо нишастҳо доир намуда, аз миёни муҳоҷирони корӣ аъзои нави “Ҳизбуттаҳрир”-ро меҷӯстанд.
Ба гуфтаи Отабоев, ин ду нафар бомберо ба ин бино оварда гуфтанд, ки мехоҳанд ба хотири интиқом аз боздошти “Ҳизбуттаҳрир” дар Русия онро дар яке аз купрукҳои роҳи оҳани Маскав инфиҷор кунанд. Зимнан, Отабоев баъдан аз ин баёноти худ даст кашид. Ба навиштаи “Росбалт”, алайҳи Акбарҷон Отабоев, Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода бо иттиҳоми “ғайриқонунӣ нигаҳ доштани маводи мунфаҷира” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як манбаъи хабаргузорӣ дар хадамоти амниятии Русия ҳадс задааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон шояд дар терроризм ҳам айбдор шаванд.
Дар ҷараёни марҳалаи дуввуми амалиёт, ки рӯзи 7 декабр доир шуд, дар гӯшаҳои гуногуни Маскав 12 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони робита бо “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шуданд. Баъд аз пурсуҷӯ онҳо боздоштгоҳро тарк намуданд ва аммо муваззаф шуданд, ки аз пойтахти Русия берун нараванд.
Светлана Ганнушкина, ҳомии ҳуқуқи башари рус, бовар дорад, ки парвандаи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистон бар пояи дурӯғ таҳия шудааст
Ганнушкина: “Парванда бар пояи дурӯғ таҳия шудааст”Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузорӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар қонуншиканиҳои зиёдеро ҳангоми боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ошкор кардаанд. Светлана Ганнушкина, раиси созмони “Гражданское содействие” ва узви Шӯрои маркази “Мемориал”, ба “Росбалт” гуфтааст, ки парвандаи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистон бар пояи дурӯғи маҳз таҳия шудааст. Ӯ афзудааст, “бо ин гуна аъмоли ғайриқонунӣ ба чизе муваффақ наметавон шуд ва он, баръакс, ба ифротгаро шудани пайравони дини ислом, ба ҷунбишҳои эътирозӣ табдил гаштани баъзе ҷараёнҳои мазҳабӣ ва вуруди афроди нав ба созмонҳое чун “Ҳизбуттаҳрир” мусоидат хоҳад кард”.