Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро муаллим дар Тоҷикистон камқадр аст?


Дар ҷомеъаи имрӯзи Тоҷикистон обрӯву эътибори муаллим ба сурати чашмгире камраг шудааст. Аммо вазорати маорифи кишвар талош дорад, бо таҳияи Қонуни нави маориф ва афзудани банди наве ба он дар бораи мақоми муаллим, эътибор устодро дубора боз гардонад.


Соибек Норматов собиқаи кории тақрибан сисолаи муаллимӣ дорад ва ҳоло раҳбари мактаби рақами 68 -и ноҳияи Ашт аст.

Ӯ мегӯяд: “Ҳозир муаллимӣ як касбу кори обрӯманд нест. Бисёр падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон бизнесмен шаванд, касбу корҳои пулдор омӯзанд. Ҳатто баъзе волидайн ба мо мегӯянд, ки фарзандам хонда, шумо барин шуданаш зарурат надорад».

Соибек меафзояд, муаллимони мактабаш аз 80 сомонӣ то зери 250 сомонӣ моҳона мегиранд, ки барои пешбурди рӯзгорашон нокифоя аст. Аз ин рӯ, бисёр муаллимони тоҷик аз пайи дарёфти рӯзӣ барои мардикорӣ ба Русияву Қазоқистон мераванд.
Муаллими тоҷик барои як баст (18 соат дар як ҳафта) ҳудуди 250 сомонӣ маош мегирад.

Ҳамин тавр, ин қишри ҷомеа, ки замоне маоши баланду зиндагии таъмину обод дошт ва ба қавле “гули сари сабад” -и ҷомеа ҳисоб мешуд, давраи душвореро сипарӣ мекунад ва ба ҳукми аксар, ба як қишри камбизоат ва осебпазири ҷомеа табдил ёфтааст.

Ҳазорон муаллими тоҷик маҷбуранд дар баробари касби аслии худ ба корҳои дигар, мисли майдатиҷорат ва косибию устоӣ даст зананд.

Ҳукумат аз вазъи муаллимон огоҳ аст

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат аз вазъи ногувори муаллим огоҳ аст ва барои ислоҳи вазъ тадбирҳоеро аз роҳи такмили қонунгузорӣ, баланд бурдани маош ва додани имтиёзҳо ба муаллимони ҷавон рӯи даст гирифтааст.

Ноилшо Нуралиев, сухангӯи вазорати маориф гуфт, Қонуни маорифи Тоҷикистон дар ҳоли такмил аст ва ба он банди наве дар бораи боло бурдани мақому манзалати муаллим ворид мегардад.

Ба ин тартиб, иқдомҳое дар баргардонидани мақоми шоиста ба муаллим ва масъулияти аҳли ҷомеа дар тарбияти фарзандон сурат мегиранд.

Дар канори ин аз моҳи сентябр маоши муаллимони тоҷик 15 дар сад боло бурда шуд ва ин муҳимтарин тадбир ҷиҳати дастгирии онҳо арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин дар ин самт ҳукумати Тоҷикистон соли 2006 қароре дар бораи дастгирии омузгорони ҷавон қабул кард, мутобиқи он ҳукуматҳои маҳаллӣ барои дилгарм кардани омузгорони ҷавон ба касбу кори худ ва раҳо намудани онҳо аз банди мушиклоти иқтисодӣ ба онҳо қитъъаҳои замин ва вомҳое барои ободии хона, хариди ҳайвоноти хонагӣ ва гоҳе ҳам занбури асал ихтисос медиҳад.

Соибек Норматов, мусоҳиби мо мегӯяд, муаллим, ки чизе истеҳсол намекунад, дастнигари ҳукумат аст ва беҳбуди вазъу баланд рафтани қадру манзалаташ ҳам умдатан аз иқдомҳо ва дастгирии ҳукумат бастагӣ дорад.

Аммо ба гуфтаи вай дар бархе мавридҳо қарору тасмимҳои хуби ҳукумат рӯи коғаз мемонад ва иҷро намешавад. Масалан, ба гуфтаи вай, ду омузгори ҷавони мактабаш соли гузашта барои гирифтани қитъаи замин барои бунёди манзил ариза дода буданд, аммо то ҳанӯз аз масъулини ҳукумат посухе дарёфт накардаанд.

«Омӯзгорони ҷавон журнали синфиро дуруст пур намекунанд»

Мусоҳиби дигари мо Аъзамҷон, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, давоми ду даҳсолаи ахир ин ҳам обрӯву эътибори муаллимро кост, ки бештари онҳо бо сабаби он ки маоши ночиз мегиранд, аз такмилу афзудани дониши худ даст кашиданд.

Ба гуфтаи вай, хусусан, бархе аз омӯзгорони ҷавон онҳо ҳатто журнали синфиро дурусту бехато пур карда наметавонанд.

Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, камсаводӣ ва аз талаби замон ақиб мондани қисмати умдаи муаллимони тоҷик низ мақоми онҳоро дар ҷомеа поин бурда, нақши онҳоро дар назари ҷомеа камранг кардааст. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли кунунӣ дар Тоҷикистон, ҳам дар шаҳрҳову ҳам деҳот кам нестанд волидайне, ки барои фарзандони худ муаллимони босаводи фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ меҷӯянд.

Аммо мутаассифона, мегӯяд вай, дар як деҳаи бузурги Тоҷикистон, ки чанд мактаби миёна дорад, як муаллими донандаи хуби забони англисиро пайдо кардан намешавад. Пас, чӣ тавр мешавад дар бораи мақому мартабаи касбии чунин муаллим дар назари аҳли ҷомеа мешавад суҳбат кард?

Бештар аз ин ҳам нигаронии соҳибназарон аз он аст, ки бо чунин сурат идома ёфтани вазъи маориф ва омӯзишу парвариш ҷомеъаи кишвар чӣ ояндае хоҳад дошт? Чун ба қавли маъруф оянда аз ҷавонон аст ва агар ҷавонон ба таълими дуруст фаро гирфита нашаванд, оё қодир ба иҷрои вазифаи худ дар идораи ҷомеъаи фардо хоҳанд буд ва ё буҳрони бештари кадрӣ ҷомеаи Тоҷикистонро интизор аст?
XS
SM
MD
LG