Нақши Русия дар ҳаводиси минтақа
Матлабе, ки Сергей Ежков, журналисти мустақили узбак ва раҳбари сомонаи «Узметроном» дар сайти ЦентрАзия зери номи «Бозиҳои осиёии Русия» нашр кардааст, ба таври ошкор Русияро бозигари аслии ҳаводис дар Осиёи Марказӣ медонад.
Вай мӯътақид аст, ки на Амрико ва на гурӯҳҳои исломӣ дар ин кор дасте надоранд ва маҳз коста шудани нуфузу ҷойгоҳи Русия, ин кишварро водор кардааст, то чунин бозиҳоро роҳандозӣ кунад. Сергей Ежков, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ сабаби ба ин хулоса омаданашро чунин шарҳ дод:
«Ташаннуҷи авзои сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ба мушоҳида мерасад. Ин вазъ танҳо ба табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон маҳдуд намешавад. Зеро ба дунболи ҳаводиси Қирғизистон мебинем, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводисе иттифоқ меафтад. Ҷои баҳс нест, вақте ду кишваре, ки бо Узбакистон ҳаммарз ҳастанд, дучори ихтилоф ё элементҳои ихтилоф мешаванд. Дар он сурат намешавад, ки суол дар бораи эҳтимолӣ будани ин матраҳ нашавад. Ҳамчунин дар ҳоле, ки чунин идеа вуҷуд дорад, пас бояд онро амалӣ кард, ё то фарорасии хунукиҳо ва ё то баста шудани ағба. Ин далели рӯшани раванди таҳаввулот аст».
Дар ин сӯҳбат Сергей Ежков ба исрор таъкид кард, ки дар пушти иқдомоти Русия дар Осиёи Миёна, Владимир Путин, сарвазири ин кишвар қарор дорад.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, ниҳоди вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон? мегӯяд, ҳарчанд исбот кардани гуфтаҳои таҳлилгарон дар мавриди ҳаводиси Қирғизистон ва Тоҷикистон мушкил бошад ҳам, аммо таҳлилҳо бар ин гувоҳанд:
«Инро исбот кардан албатта хеле мушкил аст. Ман ҳам дар асоси хабарҳое, ки ҳастанд ва дар асоси таҳлилҳои худам мегӯям, ки инҷо шояд ҳамин гуна қувваҳо бошанд. Шарт нест, ки худи давлати Русия бошад, метавонад гурӯҳҳое бошад, ки ба ҳамин гуна тағйирот ҳавасманд ҳастанд ва онҳо дасти дароз доранд ва имкон доранд, ки дар ин ё он кишвар табаддулоте ҳам натавонанд, аммо ҳадафи суст кардани давлати миллии ин ё он кишвари баъди шӯравиро ба вуҷуд биёранд».
Ин дар ҳолест, ки Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон хабареро дар ихтиёр дорад, ки гурӯҳи вижаи сиёсатмадорон дар Русия воқеан мехоҳанд, кишварҳои Осиёи Миёна ҳарфи Русияро гӯш кунанд. Дар акси ҳол, ба сардардиҳои шабеҳ ба Гурҷистон мувоҷеҳ хоҳанд шуд:
«Чунин тахминҳо замина ҳам доранд. Чунки ҳоло чанд хабари тоза аст, ки як гурӯҳи сиёсатмадорон дар Русия ҳастанд, ки таъкид доранд, Русия бояд сиёсаташро нисбат ба кишварҳои Осиёи Миёна дигар кунад. Яъне Русия бояд нисбати кишварҳои минтақа сахтгир бошад ва сиёсати маҷбур кардан, водор кардани ҳукуматҳои маҳаллӣ барои наздик шудан бо Русияро рӯи даст бигирад. Агар розӣ нашаванд, пас Русия дигар иқдомотро зери назар хоҳад дошт: нахуст ҷанги иттилоотӣ, сипас фишору таҳримҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва дар ниҳоят усули шабеҳ ба Гурҷистон. Аз ин усул, ба таъкиди онҳо, бояд дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ кор гирифта шавад».
Коршинос: Журналисти узбак иштибоҳ мекунад
Аммо Абдулло Ҳабибов, коршиноси масоили амниятӣ дар Тоҷикистон, ҳарфҳои Сергей Ежков, журналисти узбакро иштибоҳе беш намедонад ва мегӯяд, «дар воқеаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дасти Русия дида намешавад. Зеро табаддулоте, ки дар Қирғизистон ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама аз фаъолияти худи раҳбарони собиқи ин кишвар аст. Чунки мардумро ба ин вазъ оварданд ва ҳаводиси Қирғизистон танҳо амали мардум асту халос. Дар воқеаҳои Тоҷикистон бошад, ба хусус фирори маҳбусон ин камбудиҳои хеле ҷиддии Кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати адлия сабаб аст».
Аз назари ҷаноби Ҳабибов, боздошти ду маҳбуси фирорӣ дар ин авохир собит мекунад, ки онҳо дар чаҳорчӯби на тарҳе, балки дар эътироз ба маҳкумият ба зиндон ба солҳои тӯлонӣ онҳоро водор кардааст, ки ба ин иқдом даст задаанд. Зеро агар шеваи боздошти онҳоро таҳлил кунем, онҳо ҳеҷ гуна муковимате накардаанд.
Аммо Сергей Ежков, журналисти узбак мӯътақид аст, ки фирори 25 маҳбус аз тарафи Русия ба хотири берун кардани шаҳрвандонаш аз зиндон, онҳое, ки дар ҳаводиси тобистони соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон муҷрим дониста шуданд, сурат гирифт, то мақсадҳои «нопокаш» фош нашавад.
Бо ин ҳама Артём Улунян, коршиноси рус, ба хулосаи Сергей Ежков, журналисти узбак, мувофиқ нест. Аммо гуфт, «ман тарафдори ин гуна назар нестам, ки гӯё Маскав кадом барномаи ҳамроҳ кардани кишварҳои Осиёи Миёна бо Русияро дорад. Шояд беҳтар аст, бигӯем, ки Маскав дар талоши роҳандозии сиёсате аст ва меҳохад дар ин кишварҳо он режимҳое сари кор биоянд, ки ба манфиати Маскав ҳастанд».
Ду соли сарди муносиботи Маскав ва Душанбе
Агар ба равобити Тоҷикистон бо Русия дар ду соли ахир нигарем, воқеан соҳибназарон бар инанд, ки муносиботи ҳар ду кишвар ба сардӣ гароидааст. Ҳарчанд мақомот инро рад мекунанд. Соҳибназарон бар ин боваранд, ки маҳрум кардани ширкати «Русал» аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар се соли пеш оғозе дар сардии равобити Русия бо Тоҷикистон гардид ва ҳимояти Дмитрий Медведев аз мавқеи Узбакистон дар масоили истифода аз захоири оби минтақа дар як соли пеш хашми Тоҷикистонро бештар кард.
Коршиносон ба мулоқоти ахири раисҷони ҷумҳури ду кишвар дар Сочӣ, ки миёнаҳои моҳи гузашта доир шуд, бо умед менигаристанд. Аммо натоиҷи ин мулоқот то ҳол равшан нест.
Матлабе, ки Сергей Ежков, журналисти мустақили узбак ва раҳбари сомонаи «Узметроном» дар сайти ЦентрАзия зери номи «Бозиҳои осиёии Русия» нашр кардааст, ба таври ошкор Русияро бозигари аслии ҳаводис дар Осиёи Марказӣ медонад.
Вай мӯътақид аст, ки на Амрико ва на гурӯҳҳои исломӣ дар ин кор дасте надоранд ва маҳз коста шудани нуфузу ҷойгоҳи Русия, ин кишварро водор кардааст, то чунин бозиҳоро роҳандозӣ кунад. Сергей Ежков, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ сабаби ба ин хулоса омаданашро чунин шарҳ дод:
«Ташаннуҷи авзои сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ба мушоҳида мерасад. Ин вазъ танҳо ба табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон маҳдуд намешавад. Зеро ба дунболи ҳаводиси Қирғизистон мебинем, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводисе иттифоқ меафтад. Ҷои баҳс нест, вақте ду кишваре, ки бо Узбакистон ҳаммарз ҳастанд, дучори ихтилоф ё элементҳои ихтилоф мешаванд. Дар он сурат намешавад, ки суол дар бораи эҳтимолӣ будани ин матраҳ нашавад. Ҳамчунин дар ҳоле, ки чунин идеа вуҷуд дорад, пас бояд онро амалӣ кард, ё то фарорасии хунукиҳо ва ё то баста шудани ағба. Ин далели рӯшани раванди таҳаввулот аст».
Дар ин сӯҳбат Сергей Ежков ба исрор таъкид кард, ки дар пушти иқдомоти Русия дар Осиёи Миёна, Владимир Путин, сарвазири ин кишвар қарор дорад.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, мегӯяд, таҳлилҳо аз навиштаҳои журналисти узбакистонӣ Сергей Ежков гувоҳӣ медиҳанд
Дастҳои дарози МаскавСайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, ниҳоди вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон? мегӯяд, ҳарчанд исбот кардани гуфтаҳои таҳлилгарон дар мавриди ҳаводиси Қирғизистон ва Тоҷикистон мушкил бошад ҳам, аммо таҳлилҳо бар ин гувоҳанд: