Муҳаббат Азизова, раиси додгоҳи вилояти Хатлон, дар ин иртибот гуфт, қаблан додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа баррасии мурофиаи ҷиноятии Сайвалӣ Нуровро қатъ карда буд. Аммо бар асоси ноқаноатмандӣ ва эътирози додситонии вилояти Хатлон, ин парванда дубора дар додгоҳи бетараф ирсол шудааст.
Хонум Азизова мегӯяд: «Сабаби бекор кардани қарори суди шаҳри Қӯрғонтеппа дар бораи қатъ кардани парвандаи Нуров аз тарафи суди вилояти Хатлон, - ин нодуруст татдиқ кардани қонуни мурофиаи ҷиноятӣ буд. Яъне «гунаҳкор» ё «бегуноҳ» шинохта шудани Нуров набуда, балки ба сабаби вайронкуниҳо дар тартиби баррасӣ дида мешуд. Мо бо назардошти он ки айбдоршаванда - собиқ вакили парламент ва собиқ раиси ноҳияи Вахш Нуров дар ҳамин ноҳия зиндагӣ мекарданд, барои он ки таъсиррасонӣ ба судя нашавад, кор холисона, объективона баррасӣ шавад, парвандаро барои баррасӣ ин дафъа ба суди ноҳияи Бохтар додем, ки ягон вобастагӣ надошта бошад ва баҳои дурусту воқеъбинона дода тавонад...»
Дар вилояти Хатлон шояд аввалин чунин парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст, ки ба корзори интихоботи парлумонии кишвар рабт мегирад.
Додситонии вилояти Хатлон 17-уми марти имсол алайҳи Сайвалӣ Нуров, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, собиқ муовини раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳияҳои Вахшу Қумсангир, бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла авбошӣ, қасдан расонидани зарар ба саломатӣ ва монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи интихоботию кори камиссиюни раъйгирӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.
Таърихчаи қазия
Парвандаи мазкур пас аз он ифтитоҳ шудааст, ки раиси қитъаи райдиҳии рақами 20-и ноҳияи Вахш Ғоиб Хоҷаназаров ба додситонӣ дар бораи мавриди латукӯб қарор гирифтанаш аз ҷониби номзад ба вакилии парлумон Сайвалӣ Нуров шикоят бурда буд.
Ба гуфтаи ҷаноби Хоҷаназаров, вай 28-уми феврал дар дохили қитъаи раъйдиҳӣ аз сӯйи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров мавриди муштзӯрӣ қарор гирифта, ҳудуди 80 интихобкунанда дар қитъаи раъйдиҳии № 20 шоҳиди ин манзара шудаанд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки худи Сайвалӣ Нуров иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо бепоя ва кори дасти рақибони сиёсиаш мехонад. Вай мутмаин аст, ки бегуноҳияш дар аснои мурофиаи додгоҳӣ собит хоҳад шуд, аммо дар мавриди парванда ва мурофиаи мазкур ҳоло сӯҳбат намекунад.
Сайвалӣ Нурови 52-сола аз соли 2005 то соли 2010 раиси камиссияи оид ба назорати дастур ва ташкили кор дар парлумон ва ҳамчунин узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба иқтисод, буҷа, молия ва андоз буд.
Моҳи феврали имсол дар ҳавзаи интихоботии Вахш-32 ба сурати инфиродӣ вориди корзори интихоботӣ шуда, бо касби чизе беш аз 16 дарсади орои райъдиҳандаҳо аз мандати вакилии парлумони кишвар маҳрум гашт.