Қарор аст, дар муддати се рӯз маҳсулоти корхонаҷот ва ширкатҳои тавлидотии Афғонистон дар маърази тамошои сокинону меҳмонон ва бозаргонону тоҷирон қарор бигирад. Нахустин намоишгоҳи пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар баргузор шуда буд. Тоҷикистон ва Афғонистон, ду кишвари ҳамсоя ва дорои муштаракоти фарҳангӣ ва таърихӣ дар минтақа ҳастанд, ки танҳо марзи 1400 километрӣ ва он ҳам дарёи Панҷ онҳоро аз ҳам ҷудо месозад.
Ҳадаф - густариши ҳамкориҳо
Муҳаммадқурбони Афрӯз, раиси эъзомии Палатаи савдо са саноати Афғонистон, ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳро густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни бозаргонону соҳибкорони ду кишвар арзёбӣ кард: «Дар воқеъ намоишгоҳҳо фурсати хубест, барои густариши равобиту ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аст. Аз сӯи дигар бозаргонон ва ширкатҳои ду кишвар метавонанд, ҳамкориҳои тиҷоратиеро ба роҳ бимонанд. Ҳамчунин василаи хубест барои ҷалби сармоя ба иқтисоди кишварҳои ҳамдигар».
Баргузории ин намоишгоҳ дар ҳолест, ки Афғонистон худ ба бозсозӣ ва рушди иқтисодӣ, ба хусус ҷалби сармоя ниёз дорад. Аммо Муҳаммадқурбон Афрӯз, раиси эъзомии Палатаи савдо ва саноати Афғонистон мегӯяд, бозаргонон ҳамеша дар талоши дарёфти бозорҳои судовар ҳастанд, то колоҳои онҳо бозоргир ва ба рақобатпазир бошанд. Ба ин далел ҷаноби Афрӯз муътақид аст, ки Тоҷикистон метавонад чунин маконе ва бозоре барои фаъолиятҳои бозаргонон ва тоҷирони афғон бошад. Ҳамакунун тибқи иттилои вай дар намоишгоҳи дуввум дар шаҳри Душанбе, 350 ширкати тавлидӣ ва тиҷории Афғонистон маҳсулоти хешро ба маърази тамошо гузоштаанд, ки тамомии соҳаҳои саноат ва тиҷоратро фаро мегирад.
Ширкатҳо ва маҳсулоти «пешин»
Аммо дар ин намоишгоҳ аксари ширкатҳое, ки дар намоишгоҳи нахустин дар моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри душанбе ҳузур доштанд, боз ҳам маҳсулоти худро муаррифӣ ва ба фурӯш гузоштаанд. Аз сӯи дигар бархе аз ширкатҳо танҳо намунаҳои маҳсулотро дар брошюра ва плакатҳо ба намоиш гузошта буданду халос. Бархе аз тамошобинон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки маҳсулоти аслӣ дар намоишгоҳ нест.
Муҳаммадқурбон Афрӯз, раиси эъзомии Палатаи савдо ва саноати Афғонистон, дар мавриди иллати ширкат накардани дигар аз ширкатҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ гуфт, «дар намоишгоҳ умдатан маҳсулоти ширкатҳое ба намоиш гузошта шудаанд, ки тамоии меъёрҳои бозорёбиро гузаштаанд. Аммо он ширкатҳое, ки ҳузур пайдо накардаанд, бояд тавлидоташон дар дохили Афғонистон бозоргир шавад ва баъдан ба берун содир шаванд».
Нархҳои гарон
Аммо бо ин ҳам теъдоде аз сокинон ва меҳмонони пойтахт талош карданд, дар нахустин рӯзи намоишгоҳ ба 70 ғуфраи маҳсулоти ба намоиш гузошташуда саре бизананд ва чизе ҳам бихаранд. Баъзеҳо аз намоишгоҳ бо дасти холӣ ва баъзеи дигар бо дасти пур толори Кохи Борбадро тарк мекарданд.
Ҳомид, як ҷавони тоҷик, ки дар намоишгоҳи нахустини пешрафтҳои иқтисодии Афғонистон дар Тоҷикистон низ ширкат карда буд, таассуроташро чунин баён кард, «умдатан ҳамон ширкатҳое ба намоишгоҳ омадаанд, ки дар намоишгоҳи аввалӣ буданд. Маҳсулот низ ҳамон аст, ки дар «Афғонбозор»-и шаҳри Душанбе низ ҳаст».
Саодат, як зани тахминан 50-сола, ки ҳамроҳи шавҳараш аз намоишгоҳ берун мешуд, гуфт, «баъзе маҳсулотҳои ширинӣ ва маёзу мавиз нисбат ба бозорҳои мо қиммат. Буданд маҳсулоте, мисли чойи «Алоказай», ки мешавад харидорӣ кард. Аммо гилему палосу қолинҳояш гарон».
Чойи «Алоказай» - пурхаридор
Дар воқеъ аз миёни дигар маҳсулоти дар намоишгоҳ буда чойи «Алоказай» харидорони зиёдеро ҷамъ оварда буд. Дар наздикии ғуфраи ин ширкат даҳҳо нафар дар навбат истода буданд. Масъулони ширкат низ аз чунин ранг гирифтани кор хушҳол буданд ва дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ намонядаи ширкати «Алоказайчой» Поянда Муҳаммад гуфт, «ширкати мо панҷ сол аст, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ дорад ва мо ҳам аз фаъолияти худ ва аз таваҷҷӯҳи мардум ба маҳсулоти мо розием. Масъулони давлатӣ ва ниҳодҳои зирабт низ ҳамкории хуберо бо мо роҳандозӣ кардаанд».
Хатто як сокини шаҳри Душанбе гуфт, беҳтар аст, то корхонаи ширкати «Алокозай» дар Душанбе фаъол шавад ва ба роҳатӣ маҳсулоти он ба фурӯш биравад.
Мушкили аслӣ - роҳи Узбакистон
Ин дар ҳолест, ки Поянда Муҳаммад, намояндаи ширкати «Алоказай», мушкили аслӣ барои воридоти маҳсулоти ин ширкат аз Дубайро дар маҳдудиятҳои интиқоли бор аз тариқи кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Узбакистон унвон кард. Вай гуфт, «дар ҳоле, ки тибқи муқаррарот бор бояд дар 20 ба Тоҷикистон бирасад, аммо маҳдудияте, ки ҷониби Узбакистон дар се моҳи ахир дар ҷиҳати ҳаракати вагонҳои Тоҷикистон эҷод кард, маҳсулоти мо ба сахтӣ расид. Минбаъд чи хоҳад шуд, намедонем».
Бо таваҷҷӯҳ ба чунин мушкил Нурулло Аҳмадӣ, яке аз тоҷирони ширкати «Нейшнал», мегӯяд, «мо умдатан ширинӣ ва кекс содир мекунем ба Тоҷикистон. Маҳсулоте, ки агар зуд нарасад, вайрон ва корношоям хоҳад шуд. Ба ҳангоми боздошти вагонҳои Тоҷикистон маҳсулоти мо низ хароб шуд ва хисороте ҳам дидем. Фикр мекунам, роҳе, ки тоҷикону афғонҳо, ба хусус бозаргонҳоро ба ҳам мепайвандад ва василаи густариши ҳамкориҳои иқтифодӣ ва тиҷоратӣ мешавад. Бунёди роҳи қатор миёни ду кишвар аст. Агар ин роҳ бунёд шавад. Умед аст, ки мизони тиҷорат ба маротиб боло биравад».
Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун миёни Тоҷикистон ва Эрон санаде барои роҳандозии ин тарҳ, яъне бунёди роҳи қатор аз тариқи Афғонистон тавофуқ шуда ва ҳатто қарор аст, ҷониби Эрон барои таҳияи санади фаннӣ ва молии ин пружа маблағи 1 миллион доллар тахсис хоҳад дод.
Афзун бар ин масъулони Палатаи савдо ва саноати Афғонистон бар инанд, ки ҳамоҳангсозии қавонини молиётӣ ва гумрукӣ яке аз дигар умурест, ки барои фаъолиятҳои соҳибкорону бозаргонон кумак хоҳад кард. Зеро ба таъкиди ин масъулон дар бархе аз маворид, маъмурони марзӣ ва гумрукӣ маҳдудиятҳоеро эҷод мекунанд. Кор ба ҷое расидааст, ки ба гуфтаи ин масъулон бархе аз маҳсулоте, ки ба намоишгоҳ оварда шуданд, маъмурони гумрук дар гузаргоҳи Бандар-Шерхон-Панҷи Поён, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пардохти боҷ кардаанд.
Афзоиши мизони табодули коло
Бо ин ҳама мушкилот масъулони давлатӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон мегӯянд, дар пайи мавриди истифода қарор гирифтани бузургтарин пули иртиботӣ миёни ду кишвар дар гузаргоҳи Бандар-Шерхон— Панҷи Поён дар тобистони соли 2007 равобиту ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ин ду кишвари ҳамсоя тақвияти чашмгире пайдо кардааст.
Тибқи омори расмӣ мизони мубодилаи коло байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар як соле пеш се маротиба афзуда ба беш аз 100 миллон доллари амрикоӣ расидааст.