Гузоришҳо ҳокист, ки порлумони нав, чун порлумонҳои қаблӣ умдатан лоиҳаи қонун ва санадеро баррасӣ ва қабул мекунад, ки аз ҷониби президент ва ё ҳукумат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад.
Аз сӯи дигар, бештари вакилон хомӯширо ихтиёр карда, масоили доғи ҷомеъа, назири боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ва пулакӣ шудани роҳи Душанбе - Чаноқ, ки нигаронии ҷиддиеро дар миёни сокинони кишвар ба бор овардааст, аз сӯи порлумон маврид баррасӣ қарор нагирифтааст.
Бо интихоби Шукурҷон Зуҳуров, ба мақоми раиси Маҷлиси Намояндагон, ки як чеҳраи нав дар порлумон маҳсуб мешавад, бисёриҳо, ҳатто намояндагони аҳзоби мухолиф интизор доштанд, ки палатаи поёнии қонунгузори кишвар аз ба истилоҳ «хоби ғафлат бедор хоҳад шуд» ва фаъолияташ нисбат ба порлумони қаблӣ беҳбуд хоҳад ёфт.
"Масъалаҳои муҳим баррасӣ шудааст"
Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили порлумон мегӯяд, дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон аз фаъолияти чаҳор моҳи нахусти ҳайати нав ба раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, дар заминаи таҳия ва тасвиби қонунҳо ва санадҳои барои ҳаёати иқтисодӣ ва иҷтимии кишвар муҳим тақдир шуд.
Ӯ гуфт: «Дар ин муддат бештар аз 50 лоиҳаи қонунҳо маврид баррасӣ ва тасвиб қарор гирифт, ки дар муқоиса ба давраҳои пеш афзалияташ бештар буд. Ин қонунҳо ба масоили муҳимтарини ҳаёти ҷомеъа, иқтисодӣ, итҷимоӣ, таъмини иншоотҳои гидроэнергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва ғайра тааллуқ доштанд».
Аммо бархе вакилон мегӯяд, ин ҳайати порлумон низ то кунун танҳо ба даъват ва тарҳҳои пешниҳодкардаи ҳукумати иҷроия лаббайк гуфтааст.
"Вакилон шитобзада нестанд"
Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумон мегӯяд, ҳанӯз ҳам аксари лоиҳаҳои қонунҳо ба порлумон аз сӯи раиси ҷумҳур ва ҳукумат ироа мешавад, ки парлумон бештар қабулкунандаи бе чуну чарои пешниҳодоти давлат аст.
Ӯ мегӯяд: «Чанд моҳе, ки фаъолияти порлумон идома дорад, аз назари ман аксари лоиҳаи қонунҳо ва санадҳо аз сӯи ҳукумат ва раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст. 60 дар сад аз ин тариқ пешниҳод шудааст, вале он миқдор лоиҳаҳоеро, ки вакилон бояд пешниҳод кунанд, масъалаи дарозмуддат аст ва вакилоне, ки масъул шудаанд, онҳо то соли оянда мӯҳлат доранд. Барои ҳамин, онҳо шитобзадагӣ надоранд. Аслан на аз ҷониби Ҳизби халқӣ — демократ ва на ҳизби дигаре пешниҳод нашудааст. Зеро фурсат, кам буд».
Аммо Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, аз вакилони порлумон интизор шудани 70 ё 90 дар сади таҳияи лоиҳаи қонунҳоро ғайриимкон аст.
Ӯ мегӯяд: «Таҷрибаи ҷаҳонии таҳияи қонунҳо як аст. 70 дар сад қонунҳоро ҳукумат пешниҳод мекунад. Дар Амрико, дар кишварҳои Аврупо, дар Русия ва ҳатто дар Тоҷикистон низ. Шумо фикр накунед, ки депутат омад, қонун таҳия мекунад. Чунки ҳокимяти иҷроия, ки дар чаҳорчуби муносибатҳои иҷтимоӣ сару кор дорад ва муносибатҳои молиявӣ, хоҷагидориро дар Тоҷикистон муайян мекунад, дар ҳамин масъалаи таҷриба ба вазнинҳое дучор мешавад, ки қонун вуҷуд надорад. Онҳо бояд тарҳеро амалӣ кунанд, вале қонун лозим аст. Пас агар қонун вуҷуд надошта бошад, онҳо маҷбур мешаванд, ки лоиҳаи қонунро таҳия кунанд ва ба порлумон пешниҳод созанд. Вакилон ин лоиҳаро ҳаматарафа аз лиҳози манофеъи миллӣ, амният ва ғайра баррасӣ ва қабул хоҳанд кард. Лекин ин ҳеҷ гоҳ намешавад, ки порлумон 70 — 90 дар сади лоиҳаи қонунҳоро худаш эҷод кунад».
Аксари вакилони аҳзоби сиёсӣ дар порлумон яке аз вижагиҳои фаъолияти имрӯзаи палатаи поёнӣ дар муқоиса ба порлумони қаблиро ба он донистанд, ки бо вуҷуди бештари вакилон ҳарфи гуфтанӣ дар бораи лоиҳаҳо ва санадҳои ироашуда барои баррасӣ дар ҷаласаҳо надошта бошанд ҳам, аммо ба ибтикори Шукурҷон Зуҳуров, масоили ба ҷаласа пешниҳодшуда дар тӯли рӯз қабул карда мешаванд.
Албатта раиси Маҷлиси Намояндагон бештар худаш фаъол аст ва бо вазирону масъулони давлатӣ сари лоиҳаҳои пешниҳодӣ баҳс ва суолу ҷавоб мекунад.
Ин дар ҳолест, ки дар давраи Сайдулло Хайруллоев, раиси собиқи раиси Маҷлиси намояндагон куллия масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа ҷойдошта дар фурсати кӯтоҳ ва умдатан бо хомӯшӣ ва сокитии вакилон ба тасвиб мерасиданд. Кор ба ҷое расида буд, ки тугмаҳои раъйи «Ҳа» дар толори ҷаласаҳои порлумони Тоҷикистон бар асари пахш кардани зиёд, суфта шуда ва ранги худро бохта буданд.
Ҳамакнун бархе аз вакилон мегӯянд, бо фаъолияти ҳайати нави порлумон ин тугмаҳо дубора эҳё шуданд.
"Вакилон ҷасорати матраҳ кардани масъалаҳои доғро надоранд"
Давлати Усмон, коршиноси масоили сиёсӣ ва рақиби Шукурҷон Зуҳуров дар давраи интихоботи Маҷлиси Намояндагон бар ин ақида аст, ки чаҳор моҳи аввали ҳайати нави порлумон собит кард, ки ҳанӯз ҳам аксари вакилон чун вакилони порлумонҳои қаблӣ «хоболуд» ва ҷасорате барои баррасии масоили доғи ҷомеъаро надорад.
Ӯ мегӯяд: «Порлумони мо ҳамон порлумоне ҳаст, ки дар панҷ ва ё даҳ соли қабл интихоб шудааст, яъне ҳамон анъанаро давом дода истодааст. Чизҳое, ки ҷомеъаи моро таҳдид мекунанд, онҳо маврид баррасӣ қарор намегиранд. Ҳатто масъалаи доғе, ки дар ин авохир дар муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон аст, боздошти вагонҳои бору колои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон баррасӣ намешаванд. Дар ҳоле, ки порлумон бояд ин мавзӯъро баррасӣ мекард ва ба ҳукумат тавсиа медод, то роҳи бурунрафтро пайдо мекард».
Давлати Усмон мавзӯъи пулакии роҳи Душанбе - Чаноқро низ аз дигар масоили баҳсбарангез дар миёни ҷомеъа унвон кард ва гуфт, ки ин мушкил на танҳо боиси эътирози ҳазорҳо сокинони кишвар, балки нигаронии амиқи аҳзоби сиёсиро ба дунбол дошт ва муроҷиатҳое дар ин замина ба раиси ҷумҳур низ иро шуд, аммо порлумон ба лаб мӯҳр задааст.
Вале дар масъалаи қазияи боздошти вагонҳои бору колои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон, масъулони порлумон мегӯянд, Шукурҷон Зуҳуров ин мавзӯъро дар мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва ҳайати намояндагони созмонҳои байналимлалӣ матраҳ кардаасту халос.
"Танҳо дастоварди порлумони нав"
Вале он чи дастоварди нодир дар фаъолияти порлумони нав дониста мешавад, ширкати Абдураҳим Хайриддинов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтаи гузашта будааст, ки он ҳам ба манзури баррасии чанд созишномаи минтақавӣ ва байналмилалии амниятӣ даъват шуда, вале ба суоли вакилон дар бораи ҳаводиси ахири ҷануби Қирғизистон низ посух гуфтааст.
Ҳол он ки порлумон баррасии хосеро ба ин мавзӯъ - нооромиҳои ахири Қирғизистон ва таъсири он ба Тоҷикистон ихтисос надодааст.